Як корманди ҳукумати Исфараро ба қаллобӣ дар пайванд ба тақсими замин муттаҳам кардаанд.
Пулиси Ню-Йорк шаби 30-юми апрел дар натиҷаи амалиёт дар Донишгоҳи Коламбия даҳҳо эътирозгарро ҳабс карда, хаймаҳои ҷонибдорони фаластиниҳоро бардошт.
Вакили порлумони Қирғизистон Миргул Темирбоева пешниҳод кардааст, ки барои ҷамъоварии пул дар мактабҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ шавад.
Додрасе, ки парвандаи президенти пешини Амрико Доналд Трампро дар бораи додани “пора” барои сукут баррасӣ мекунад, сиёсатмадорро 9 ҳазор доллар ҷарима баст.
Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки 63 ширкатдори тазоҳурот алайҳи қонун дар бораи "агенти хориҷӣ"-ро боздошт кардааст.
Дар ҷараёни боздоштҳои дастҷамъӣ дар Узбекистон, ки панҷ моҳ пеш таҳти унвони "40 рӯзи зарбдор" сурат гиифта буд, яке аз соҳибнуфузони дигари олами ҷиноӣ дар ин кишвар боздошт ва зиндонӣ шудааст.
Кормандони идораҳои давлатиро дар вилояти Ахалтекаи Туркманистон маҷбур кардаанд, ки саҳифаҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ банданд.
Тоҷикистон сафари шаҳрвандони 41 давлатро ба ин кишвар осонтар кард. Аз 1-уми май шаҳрвандони 25 кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни раводид ё виза ба Тоҷикистон сафар кунанд.
Давоми чор рӯзи охир танҳо аз фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав 643 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ ё депорт кардаанд.
Русия омода аст, ба Узбекистон тарҳҳои неругоҳҳои ҳастаии дорои иқтидори камтарро пешинҳод кунад. Дар ин бора ноиб-сарвазири Русия Денис Мантуров хабар дод.
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев 29 апрел бо сардори Раёсати робитаҳои хориҷии иқтисодӣ ва байналмилалии шаҳри Маскави Русия Сергей Черемин мулоқот кардааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир гуруҳи наҷотдиҳандагони 10 минтақаи ин кишвар, бо шумули сарбозони қисмҳои низомии ин ниҳод дар вилояти Атирау қарор доранд.
Ёфтҳои бештар