Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танҳо аз як фурудгоҳи Русия беш аз 640 тоҷикро рондаанд


Акс аз навори корбарон
Акс аз навори корбарон

Давоми чор рӯзи охир танҳо аз фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав 643 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ ё депорт кардаанд.

Ин оморро хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр кард. Ба қавли манбаъ, аз 26-уми апрел то шоми 30-юми апрел 3 ҳазору 101 шаҳрванди Тоҷикистон вориди фурудгоҳи “Внуково” шуда, мақомоти Русия 643 нафарашонро “баъди боздошти чандрӯза” ва “бидуни шароити мувофиқ ихроҷ кардаанд.”

Манбаъ менависад, ғайр аз ин нисбат ба 117 тоҷикистонии дигар қарори ихроҷ қабул шудааст ва мунтазири ба Тоҷикистон фиристодан ҳастанд.

Масъулони Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтаанд, вазъи душвор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Шереметово, Жуковский ва Домодедово низ мушоҳида мешавад.

Дар ҳоли ҳозир аз сокинони Тоҷикистон хоста шудааст, ки агар зарурате нест, муваққатан аз сафар ба Русия "тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт" худдорӣ кунанд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз даъвати мақомот муҳоҷирони тоҷик ҳамоно равонаи Русия ҳастанд.

XS
SM
MD
LG