Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти беш аз 60 мухолифи қонуни "агенти хориҷӣ" дар Тбилиси


Гурҷистон
Гурҷистон

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки 63 ширкатдори тазоҳурот алайҳи қонун дар бораи "агенти хориҷӣ"-ро боздошт кардааст.

Ин тазоҳурот дар шаҳри Тбилиси (Тифлис) рӯзи 30-юми апрел, рӯзе, ки порлумони Гурҷистон лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ мекард, баргузр шуд.

Дар он рӯз чандин ҳазор сокини Гурҷистон дар эътироз ба лоиҳаи қонун дар хиёбони марказии пойтахти он кишвар гирди ҳам омаданд.

Бино ба баъзе аз хабарҳо, теъдоди тазоҳургарон наздик ба 15 ҳазор нафар будааст.

Гирдиҳамоии мухолифони қонуни "агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон рӯзи 28-уми апрел ҳам дар шаҳри Тифлис баргузор шуда буд. Норозиён аз майдони Ҷумҳурӣ то бинои порлумон роҳпаймоӣ карданд.

Мухолифон мегӯянд, қонун дар бораи “агенти хориҷӣ” аз сӯи ҳизби ҳокими Гурҷистон ва бо дастури Маскав қабул шудааст. Муаллифони қонун инро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG