Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дар ҳамкорӣ бо "Росатом" нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад


Русия омода аст, ба Узбекистон тарҳҳои неругоҳҳои ҳастаии дорои иқтидори камтарро пешинҳод кунад. Дар ин бора ноиб-сарвазири Русия Денис Мантуров хабар дод.

Ба гуфтаи Мантуров, барои сохтмони неругоҳ маконе дар наздии кӯли Тузкан дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон интихоб шудааст. Пажуҳишҳои муҳандисӣ ба анҷом расида ва мувофиқ будани макон барои сохтмони неругоҳ тасдиқ шудааст. Ба илова, тарҳи аз ҷиҳати техникӣ қобили қабули неругоҳ муайян гардидааст.

Ҳоло ҷузъиёти дигари техникии тарҳи сохтмон аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ ва фармоишгар дар ҳоли омӯзиш аст.

Қарор аст, неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон то соли 2033 комилан ба кор дарояд. Харҷи тахминии сохтмон 11 млрд доллар баҳо дода мешавад.

Шартномаи ҳамкории Тошканд бо Масква дар мавриди сохтмони неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон соли 2018 ба имзо расидааст. Неругоҳи мазкур бо маблағҳои буҷаи Узбекистон ва қарзи давлатии Русия сохта хоҳад шуд.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, то соли 2030 неругоҳи ҳастаӣ 15-18 дарсади талаботи он кишварро бо барқ таъмин хоҳад кард.

Аз рӯзи аввали пайдо шудани хабарҳо дар бораи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ ҷомеаи маданӣ ва фаъолон ин суолро ба баҳс мекашанд, ки тарҳи мазкур аз нуқтаи назари экологӣ то чӣ ҳад бехатар ва дар зилзилаҳо устувор аст.

XS
SM
MD
LG