Радиои Озодӣ

Шаби арабӣ. Сарнавишти гуногуни чаҳор зан дар Сурия

Тарҳи бахши русии Радиои Озодӣ (Радио Свобода) ва телевизиони "Настоящее Время"

25 октябри 2020

Ҷанг дар Сурия қариб 10 сол боз идома дорад. Низомиёни Русия ҳам бо ҷонибдорӣ аз режими Башор Асад дар онҷо ҳастанд.

Бино ба оморҳои гуногун, то оғози даргириҳо дар соли 2011, аз 15 то 30 ҳазор шаҳрванди Русия дар Сурия зиндагӣ мекарданд. Аксари онҳо заноне будаанд, ки пас аз издивоҷ бо шаҳрвандони Сурия барои зиндагӣ ба он кишвар кӯчидаанд. Танҳо як қисми ками русҳо бо шурӯи ҷанг дар Сурия ба ватани худ баргаштанд. Аксарият умед доштанд, ҷанг зиёд давом намекунад. Бархе баъдан ба Русия ва кишварҳои дигар рафтанд ва баъзеи дигар то имрӯз дар ин кишвари ҷангзада ба зиндагӣ идома медиҳанд.

Занони русе, ки дар ин давраи даргирӣ дар Сурия ба сар мебурданд, сарнавиштҳои мухталиф доранд.

Як лоиҳаи муштараки телевизиони “Настояшее Время” ва Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, аз саргузашти 4 зани русе қисса мекунад, ки бо амри тақдир дар Сурия оиладор шуда ва бо хонаводаҳои худ дар муҳити ҷангу ҷӯш зиндагӣ кардаанд.

Сарнавиштҳо


Дар як даҳсолаи ахир Сурия дар зеҳни бисёриҳо чун як кишвари ҷангзада ва пур аз харобкоркориҳо нақш бастааст, аммо қаблан ин кишвар сайёҳон ва муҳоҷирони зиёдеро аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия ба худ ҷалб мекард.

Юрий Зинин, ходими илмии маркази пажӯҳишии кишварҳои Шарқи Наздик дар Донишгоҳи Давлатии Маскав мегӯяд: "Ҳудудан 30 ҳазор суриягӣ дар кишварҳои Шӯравӣ ва Русия маълумоти олӣ гирифтаанд. Онҳо дар солҳои 50-ум барои таҳсил ба ин кишварҳо меомаданд ва бо духтарони маҳаллӣ шинос шудаву оила барпо мекарданд. Аз кишварҳои Шӯравӣ ҳам ҷавонон барои идомаи таҳсил ба Сурия мерафтанд. Сурия ҳамчунин яке аз кишварҳои номдор дар самти тавлиди молу коло буд ва мардум ба ин ҷо барои харидани либоси босифату арзон мерафтанд. Дар бозорҳои бузурги Димишқу Ҳалаб нархи либоси босифату тилло ба фарқ аз молҳои туркӣ арзон буд.”

Михаил Рошин, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия мегӯяд, "дар солҳои 2000-ум дар Сурия сайёҳӣ рушд карда буд. Русҳо аксаран аз Туркия барои чанд рӯз ба тамошои қалъаву маъбадҳои қадимаи ба Димишқ мерафтанд. Димишқ яке аз пойтахтҳои қадимитарин дар ҷаҳон аст. Насрониҳо ҳамеша дар Сурия худро роҳат эҳсос мекарданд. Масалан, дар Димишқ даҳҳо калисоҳои масеҳӣ мавҷуданд. Дар яке аз масҷидҳои Сурия муқаддасоти масеҳиён - сари Юҳаннои Таъмиддиҳанда мавҷуд аст, ки мусулмонон ҳам ӯро пайғамбар меҳисобанд.”