Радиои Озодӣ

Марина: "Хеле мехостам аз ин ҷо равам. Аммо ба куҷо?"

Тарҳи бахши русии Радиои Озодӣ (Радио Свобода) ва телевизиони "Настоящее Время"

25 октябри 2020

Марина бо шавҳараш, ҷавоне аз Сурия, замони таҳсил дар Чин ошно шуд. Соли 2012 пас аз хатми Донишгоҳ онҳо ба Латақия рафтанд. Шавҳарашро ба артиш даъват карданд.

Ин бахше аз тарҳи якҷояи Радио Свобода ва Настоящее Время аст"Шаби арабӣ". Қиссаи чаҳор зани рус дар Сурия.

Ӯ бо ёдоварӣ аз рӯзҳои аввали худ дар Сурия мегӯяд: “Маро суриягиҳо хеле гарм қабул карданд, вале дар аввалин ҷашни Соли нав дар инҷо гиря кардам. Ин як рӯзи маъмулии офтобӣ ва гарм буд. Аслан ҳолу ҳавои солинавӣ эҳсос намешуд. Дар Сурия анъанае ҳаст, ки дар ин рӯз мардум кабоб мепазанд, аммо ба якдигар тӯҳфа намекунанд ва касе шампон наменӯшад.

Димишқ, соли 2011

Тафовути фарҳангӣ хеле зиёд аст. Инҷо ҳама маъмулан бегоҳ барои харид ба бозор мераванд, зеро рӯзона хеле гарм аст. Барои ҳамин, бозорҳо қариб то соати 12-и шаб кор мекунанд. Рӯзҳои ҷумъа қариб ҳама ҷо баста аст. Дар ин рӯз бояд дар хона бимонӣ ва намоз гузорӣ.

Ман дар байни арабҳо зиндагӣ мекардам. Барои ҳамин забони арабиро зуд аз худ кардам. Вақте шавҳарамро ба хизмат бурданд, ман дар Донишкадаи забонҳо чун муаллимаи забони русӣ ба кор даромадам.

"Фикр мекардам, бо ҳамин зиндагиям ба охир мерасад."

Вақте ба Сурия мерафтам, фикр мекардам, ҳама мисле ки дар телевизион намоиш дода мешуд, харобу валангор аст. Вале дар Латақия чунин набуд. Мегӯянд, соли 2011 мардум ба берун баромада, эътироз мекарданд, мағозаҳоро мешикастанду мошинҳоро оташ мезаданд. Соли 2012 аллакай ҳама ҷо ором буд. Ҳама ҷо кор мекард, мактаббачаҳо ба дарс мерафтанд. Сайёҳону хориҷиён зиёд буданд.

Баъдтар, дар атрофи шаҳр ҷанг сар шуд. Дар Латақия ҳам шабу рӯз таркишҳо ба гӯш мерасиданд. Тирезаҳои хона доимо меларзиданд. Мавридҳое ҳам буд, ки метарсидам хоб кунам. Вале ман аз ин кишвар берун рафтан намехостам. Зеро имкон дошт тамос бо шавҳарам канда шавад. Бо тақозои кор ӯ ба ҷойҳое мерафт, ки дар он ҷо хатти алоқа набуд. Мо ҳафтаҳо наметавонистем бо ҳам суҳбат кунем. Дар Русия метавонистам ӯро ба пуррагӣ аз даст диҳам.

Тонки артиши Сурия, соли 2013
Нирӯҳои мухолифи мусаллаҳ. Латақия, Сурия. Соли 2013

Дар даргириҳо шавҳари ман ширкат накардааст, вале соли 2012 ба қисми ҳарбии онҳо гурӯҳи “Ҷабҳат-ан-Нусра” ҳамла кард. Дар телевизион хабар доданд, ки террористон ба ин қисм ворид шуда, низомиёнро асир гирифтаанд ва латукӯб кардаанд. Мо бо волидони ӯ ҳар рӯз ин хабарҳоро медидему гиря мекардем. Фикр кардам, шавҳарамро аз даст додам. Баъдан маълум шуд, ки шавҳарам ва бархе аз ҳамхизматонаш наҷот ёфтаанд. Чунин ҳолатҳо зиёд буданд.

Тирамоҳи соли 2018 вақте Исроил Латақияро тирборон кард, рӯзҳои даҳшатнокеро пушти сар кардем. Дар наздикии хонаи ман таркиш шуд, тамоми бино меларзид, чунин ба назар мерасид, ки бомбҳо дар зери тирезаи мо метарканд. Як рӯз таркиш тақрибан 20 дақиқа идома кард. Фикр кардам, зиндагиам ба охир расид, вале Худоро шукр, наҷот ёфтем.

"Хеле мехоҳам аз ин ҷо биравам, аммо куҷо?"

Зиндагӣ дар ин ҷо воқеан мушкил аст. Пайваста барқро хомӯш мекунанд. Хонаҳо батареяҳои гармидиҳӣ надоранд. Мардум бо газ ва ё бухориҳои барқӣ хонаҳоро гарм мекунанд. Зимистони соли 2019 хеле сард буд. Аз хоб ларзида мехестем. Зуд зуд бе об мемонем. Вақте ба Русия рафтам, фикр кардам дар биҳиштам. Ҳеч вақт фикр намекардам, ки ба қадри оби фаровоне, ки аз қубур меоянд, мерасам. Ин ҷо ҳамеша хонаҳо рӯшану гарманд.

Масҷиди калон дар Ҳалаб. Соли 2010
Масҷиди калон дар Ҳалаб. Соли 2013

Латақия қариб хароб нашудааст. Нақлиёт ҳаст, автобусҳо равуо доранд. Чанде пеш ба Димишқ рафтем ва дар роҳ маконҳои зиёди вайроншударо дидем. Дар Ҳумс ҳоло ҳам ноҳияҳои харобшудаи зиёде аст. Ин макон шаҳри мурдаро мемонад, аммо ҳамзамон хиёбонҳои наве ҳам пайдо шудаанд, ки ободу зебоянд ва дар он одамон озод сайругашт мекунанд.

Қиссаҳои дигарро дар инҷо хонед:

Екатерина: "Он ҷо ҳаёти одам арзиш надорад.";

Омӯхтани забони арабӣ, сафар ба Имороти Муттаҳидаи Араб, пулкоркунӣ ва бозгашт ба ватан. Бо ин нақшаҳо Екатерина Шмидтка, донишҷӯ аз Санкт-Петербург, соли 2009 вориди Димишқ шуд.

Лилия: “Дар Сурия ба мо чун малика муносибат мекунанд."

Лилия бори аввал соли 1997 аз Перм ба Сурия рафт. Як ҳамсабақи суриягияш ӯро ба тамошои ин кишвар даъват кард. Онҳо якҷо Донишгоҳи дорусозии Пермро хатм кардаанд. Аҳмад ба Лилия пешниҳоди издивоҷ дод, духтари рус аввал розӣ набуд. Лилия достони шиносоӣ ва зиндагияшро дар Сурия чунин қисса мекунад.

Светлана: "Зиндагӣ дар зери бомб беҳтар аз Русия аст.”

Светлана чанд рӯз пас аз табаддулоти моҳи августи соли 1991 ба Сурия рафтааст. Вай он замон гаштугузори танкҳоро дар маркази Маскав дида, ба хулосае омад, ки сари вақт бо хориҷие издивоҷ кунад. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Светлана ба ватани худ баргашт, аммо тасмим гирифт, ки зиндагӣ дар зери хатари бомб барояш беҳтар аз Русия аст.