Радиои Озодӣ

Светлана: "Зиндагӣ дар зери бомб беҳтар аз Русия аст.”

Тарҳи бахши русии Радиои Озодӣ (Радио Свобода) ва телевизиони "Настоящее Время"

25 октябри 2020

Светлана чанд рӯз пас аз табаддулоти моҳи августи соли 1991 ба Сурия рафт. Вай он замон гаштугузори тонкҳоро дар маркази Маскав дида, ба хулосае омад, ки ҳарчи зуд бо хориҷие издивоҷ кунад. Ӯ дар замони ҷанги Сурия ба ватани худ баргашт, вале тасмим гирифт, ки зиндагӣ дар зери хатари бомб барояш беҳтар аз Русия аст.

Ин бахше аз тарҳи Радио Свобода ва Настоящее Время аст. "Шаби арабӣ. Қиссаи чаҳор зани рус дар Сурия".

“Бо шавҳарам дар як Донишгоҳ таҳсил мекардем. Соли 1991, вақте 22-сола шудам, бо ӯ ба Сурия кӯчидем. Дар Русия дар он солҳо зиндагӣ хеле мушкил буд. Ҳатто барои кӯдак шир харидан ғайриимкон буд. Нону шакар ва тухмро тавассути корт ва акси шахсии худат медоданд. Бинобар ин, бе ягон пушаймонӣ рафтаам.

Латақия, Сурия

Дар Сурия ҳам зиндагӣ осон набуд. Ин ҷо фарҳанг ва забони мардум дигар аст. Як муддат бо оилаи шавҳарам ва 12 бародару хоҳари ӯ зиндагӣ кардам. Касе бо ман муносибати бад намекард ва аз ман кори зиёд талаб намешуд. Баъд мо дар Латақия соҳиби хонаи худ шудем Ҳоло дар донишгоҳ ба донишҷӯён дарси забони русӣ медиҳам. Шавҳарам ҳам дар ҳамон донишгоҳ аз кимиё дарс мегӯяд.

Соли 2011 касе фикр намекард, ки ҷанг сар мешавад.

Ман ёд надорам, ки дар Латақия ошӯбҳои бузург ба зидди Башор Асад баргузор шуда бошад. Аксари сокинони Латақия мисли президент алавӣ ҳастанд. Онҳо, баръакс, ду маротиба ба ҷонибдорӣ аз президент ба хиёбонҳо баромаданд. Ин бештар ба як ҷашн монанд буд.

Тарафдорони Башор Асад, Сурия, соли 2011

Дар шаҳр овозаҳое паҳн мешуд, ки фардо ба мо ҳамла мекунанд ва ё ҳамлаи террористие сурат мегирад. Ин даҳшатнок буд. Мардони маҳаллаи мо шабона дар даромадгоҳи биноҳо навбатдорӣ мекарданд.

Аммо моҳи июни соли 2012 шӯришиён ба идораи пулис дар шаҳри Ал-Ҳаффа, наздикии Латақия, ҳамла карданд. Афсарони полис ва сарбозони артиши ҳукумати Сурия дар ин бино қарор доштанд. Ҳамлагарон биноро оташ задаву вайрон мекарданд. Кормандони полис баъд аз талоши номуваффақи муқобила, ба наздиконашон занг зада, худоҳофизӣ карданд. Мешавад гуфт, онҳо дар пеши чашми зану фарзандонашон кушта шуданд.

Ман он вақт ба давраҳои омӯзишии забони арабӣ мерафтам. Он рӯз муаллимаи мо наомад. Шавҳари ӯро ҳам дар идораи пулис куштанд. Пас аз чанд рӯз ба ӯ сари шавҳарашро фиристоданд.

Бо ин ҳама, ман намегӯям, ки дар он ҷо зиндагӣ даҳшатнок буд. Латақия аз чанд ноҳия иборат аст. Дар як қисми он сунниҳо зиндагӣ мекунанд. Дар қисми дигар алавиҳо. Агар ба минтақаи “бегона” наравед, касе ба Шумо даст намерасонад.

То омадани нерӯҳои Русия дар соли 2015, вазъ дар Латақия пуршиддат буд. Мо фикр мекардем, як рӯз ҳатман моро қатл мекунанд, вале бо ин ҳол ҳам аз се як ҳиссаи аҳолӣ аз ин ҷо кӯч бастанд.

Бозор дар шаҳри қадимии Ҳалаб, соли 2008
Бозор дар шаҳри қадимии Ҳалаб, соли 2013

Ман дар Русия тақрибан 2 сол зиндагӣ кардам. Вале зиндагӣ дар он ҷо барои ман аз Сурия мушкилтар буд. Маълумоти олӣ дорам. Шавҳарам олим аст, аммо дар Русия ба касе даркор нестем. Ман кумаки молӣ талаб накардам, вале ба ман ҳатто барои ёфтани кор кумак накарданд. Барои мо ин ҷо чизе нест.

Бовар надорам, ки ҷанг ба ин зудӣ тамом шавад. Фикр мекунам, вазъ ҳеч вақт ором намешавад. Танҳо баъд аз интихоботи президентӣ шояд вазъият хубтар шавад."

Қиссаҳои дигарро дар инҷо хонед:

Екатерина: "Он ҷо ҳаёти одам арзиш надорад."

Омӯхтани забони арабӣ, сафар ба Имороти Муттаҳидаи Араб, пулкоркунӣ ва бозгашт ба ватан. Бо ин нақшаҳо Екатерина Шмидтка, донишҷӯ аз Санкт-Петербург, соли 2009 вориди Димишқ шуд.

Марина: "Хеле мехостам аз ин ҷо равам. Аммо ба куҷо?"

Марина бо шавҳараш, ҷавоне аз Сурия, замони таҳсил дар Чин ошно шуд. Соли 2012 пас аз хатми Донишгоҳ онҳо ба Латакия омаданд. Шавҳарашро ба артиш даъват карданд.

Лилия: “Дар Сурия ба мо чун малика муносибат мекунанд."

Лилия бори аввал соли 1997 аз Перм ба Сурия рафт. Як ҳамсабақи суриягияш ӯро ба тамошои ин кишвар даъват кард. Онҳо якҷо Донишгоҳи дорусозии Пермро хатм кардаанд. Аҳмад ба Лилия пешниҳоди издивоҷ дод, духтари рус аввал розӣ набуд. Лилия достони шиносоӣ ва зиндагияшро дар Сурия чунин қисса мекунад.