Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дахолати генерал Шералӣ Мирзо ба қазияи марги як сарбози қаторӣ


Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон.

Вазири дифои Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Суғд фармондеҳони қисми низомии 04080 дар ноҳияи Конибодомро иваз кардааст. Як моҳ пеш дар ин қисми низомӣ як сарбоз бар асари латукӯби ҳамхидматонаш ҳалок шуда буд.

Вазири дифои Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо ҳамаи фармондеҳони қисми низомии 04080, мустақар дар ноҳияи марзии Конибодомро барканор ва ба ҷои онҳо афроди наверо таъин кардааст.

Генерал-майор Аъзам Қосимов, мушовири вазири дифоъ дар умури вилояти Суғд рӯзи 1 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, вазири дифоъ бо ҳадафи тафтиши қисмҳои низомӣ 10 рӯз дар ин вилоят қарор дошт. Ӯ эътироф кард, ки як ҳадафи асосии ин сафар, ки аллакай ба поён расидааст, расидагӣ ба вазъи пешомада дар қисми низомии мустақар дар Конибодом дар пайи марги сарбози қатории 22-сола Фирдавс Раҳматов буд. Ба гуфтаи генерад Қосимов, тайи ин сафар тамоми фармондеҳони қисми низомии Конибодом бо фармони вазир иваз карда шуданд.

Исми қисми низомии 04080 як моҳ пеш, дар пайи расонаӣ шудани хабари марги мармузи Фирдавс Раҳматов ном ҳам сарбози навхидмат ва боздошти се сарбози собиқадори ин воҳиди низомӣ дар робита ба марги Фирдавс, вирди забони расонаҳо шуд.

Вазорати дифоъ қабл аз сафари генерал Шералӣ Мирзо ба вилояти Суғд эълон карда буд, ки се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи ин воҳиди низомӣ - ба далели хунукназарӣ то замони анҷоми тафтиши парвандаи марги Фирдавс Раҳматов аз иҷрои вазифа барканор шудаанд. Дар вазорати дифоъ рӯзи 1 июл ба Озодӣ гуфтанд, ки Шералӣ Мирзо баъди бозгашт аз сафари Суғд билофосила ба хотири ширкат дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Санкт-Петербурги Русия рафтааст.

Ин нахустин мавриди расидагии шахси вазири дифоъ ба як парвандаи марги як сарбози навхидмат дар қисми низомӣ бар асари латукӯб аз сӯи сарбозони собиқадор аст, ки ин падида бо номи “бобосолорӣ” ё "дедовщина" маъруф шудааст.

Аммо Дилором Раҳматова, модари сарбози ҳалокшуда Фирдавс Раҳматов рӯзи 1 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд вазири дифоъ 10 рӯз дар вилояти Суғд қарор дошт ва ҳадафи сафараш ҳам расидагӣ ба қазияи марги писари ӯ буд, бо касе аз аҳли хонаводаи онҳо мулоқот накардааст: “Хеле мехостам бо вазир як бор рӯбарӯ шавам, вале афсӯс, ки ӯро дида натавонистам. Мехостам гӯям ба вазир, ки онҳо ба пешвози вазир ҳамаро тайёр карда нишон медиҳанд, хуб карда нишон медиҳанд, вале дар асл чунин нест, балки комилан баракс аст.”

Фирдавс Раҳматов, сокини шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи ин шаҳр рӯзи 7 майи соли равон аз тариқи “облава” иҷборан ба артиш бурда шуд. Ӯ дар Конибодом дар қисми низомии 04080 хидмат мекард. Аммо дуруст як моҳ баъд, шаби 7 ба 8 июн, масъулони қисми низомӣ ҷасади беҷони Фирдавсро оварда, ба волидонаш супурданд. Ин масъулон ибтидо гуфтаанд, ки гӯё Фирдавс Раҳматовро офтоб задааст ва бар асари ин, забонаш дарун рафтаву пеши роҳи нафасашро гирифтааст. Вале волидони Фирдавс ба ин фарзия бовар накарда, марги мармузи ӯро аз тариқи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ расонаӣ карданд.

Ба дунбол, рӯзи 11 июн Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд бо баргузории як нишасти вижаи хабарӣ тасдиқ кард, ки Фирдавс Раҳматов на бо марги табиӣ, балки бар асари латукӯби ҳамхидматони собиқадор, ба истилоҳ “дед”-ҳо, ҳалок шудааст: "Санҷиши гурӯҳи тафтишотӣ дар ҷои ҳодиса то ин лаҳза ошкор намуд, ки 7-уми июни соли ҷорӣ тахминан соати 15 сержантҳо Сулаймонов Раббонӣ ва Комрон Раҳимов дар машқгоҳи "Нурафшон" аскарони навдаъватро барои қазои ҳоҷат бурда, аз чашми афсарон пинҳон, ин сержантҳо ва аскари собиқадори қаторӣ - Айём Назаров аскари навдаъват - Фирдавс Раҳматовро зарбу лат мекунанд, ба гардан ва қафаси синаи вай мезананд, ки дар натиҷа Фирдавс нафасгир шуда, дар давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад."

Додситонии ҳарбӣ алайҳи сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимов мутобиқи банди 391, қисми 3 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" ва нисбат ба Айём Назаров мутобиқи банди 273, қисми 2 - "вайрон намудани талаботҳои оинномаи умумиҳарбӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Фарзияи аввал дар доираи "бобосолорӣ" ё "дедовщина" рух додани латукӯб аст, ки аскарони собиқадор худро “хӯҷаин”-и мутлақи наваскарон пиндошта, барои мутеъ кардан онҳоро бидуни сабаб ва бераҳмона мекӯбанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи вуҷуди “бобосолорӣ” дар воҳидҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста бонги изтироб мезананд. Мақомот маъмулан вуҷуди “бобосолорӣ” ба сурати густарда дар қисмҳои низомиро рад мекунанд, вале додситони низомии Суғд низ дар нишасти рӯзи 11 июнаш бо ишора ба қазияи марги Фирдавс Раҳматов эътироф кард, ки муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни сарбозорони собиқадор ва наваскарон дар воҳидҳои нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG