Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбози Вазорати дифоъ баъди латту кӯб аз гап задан мондааст


Ромиз Шарифов

Ромиз Шарифов

​Наздикони як сарбози баталйони сулҳхоҳи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯ якуним моҳи пеш дар пайи латту кӯб шуданаш аз сӯи ҳамхидматаш - Амриддин Мирзозода аз гап задан мондааст.

Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба таҳқиқи латту кӯби Ромиз Шарифов, сокини ноҳияи Айнӣ ва сарбози баталйони зудамали сулҳхоҳи Вазорати дифоъ пардохтааст, ки якуним моҳи пеш баъди як зарбаи Амриддин Мирзозода ба гулӯяш аз гап задан мондааст. Аз Вазорати дифои Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надода, аммо гуфтанд, ин баталйони зудамали сулҳхоҳ таҳти назорати Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ будааст.

Лутфулло Қаландарзода -- муфаттиши Додситонии низомӣ 12 май ба Озодӣ гуфт, вобаста ба ин ҳодиса парванда боз шудааст ва онҳо мунтазири экспертиза ё ташхиси тиббиянд. Ӯ афзуд, "тафтишот идома дорад ва аз ин бештар чизе гуфта наметавонам." Аммо наздикони Ромиз Шарифов мегӯянд, ки ҳоло ӯ дар бемористони ҳарбии воқеъ дар маҳалли 46-уми пойтахт бистарӣ буда, таҳти назорати табибон қарор дорад.

Саидбой Шарифов, сокини деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва бародари Ромиз Шарифов, гуфт, онҳо танҳо баъд аз як моҳ аз ин ҳодиса огоҳ шуда, ҳоло ба Душанбе омадаанд, то ба мушкили бародари худ расидагӣ кунанд. "Фармондеҳони қисми ҳарбӣ ҳодисаи латту кӯби

Номаи Ромиз Шарифов

Номаи Ромиз Шарифов

бародарамро пинҳон дошта, баъд аз он ки аз гап мемонад, ӯро ба девонахонаи ноҳияи Рӯдакӣ бурдаанд. Онҳо ният доштаанд, гуноҳро ба гардани худи ӯ зананд, ки аз таъсири бемории руҳӣ наметавонад гап занад ва аммо баъди огоҳ шудан аз қазия мо ба Вазорати дифоъ шикоят кардем. Акнун бародарам дар ҳоспитали Вазорати дифоъ табобат мегирад,"-афзуд Шарифов.

Наздикони Ромиз Шарифов иддао доранд, якуним моҳ қабл Амриддин Мирзозода, сарбози қисми ҳарбии 12019-и Вазорати дифои Тоҷикистон, ки баталйони зудамали сулҳхоҳ дар он ҷо воқеъст, фарзандашонро ба хотири онки ба вай нодуруст "саломи низомӣ" додааст, бо усули "космос" дар гулӯи вай зада, боиси аз гап монданаш мешавад. Онҳо мегӯянд, дар ин қисми ҳарбӣ чунин расм будааст, ки сарбозон барои аз худашон бузургтар бояд саломи ҳарбӣ диҳанд, вагарна "ҳадя"-ашонро хоҳанд гирифт. Иттилое, ки то ҳоло расман тасдиқ нашудааст.

Ромиз Шарифов сокини деҳаи Вешаб дар моҳи майи соли 2014 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад ва тайи як сол дар қисми ҳарбии 12019 ё худ баталйони зудамали сулҳхоҳи Вазорати дифоъ хидмат мекунад. Наздикони вай мегӯянд, онҳо фарзанди сиҳҳаташонро ба артиш фиристода буданд ва мехоҳанд ҳамчунон солиму бардам ба хонаашон бубаранд.

Сангинбой Шарифов, падари Ромиз

Сангинбой Шарифов, падари Ромиз

"Агар мо фарзандамонро бао ин ҳол ба деҳа барем, магар касе намепурсад, ки чӣ шудааст? Албатта, мепурсанд. Он вақт мо ҳам ҷавоби росташро медиҳем. Баъд, мақомот гилагузорӣ накунанд, ки чаро мардум фарзандонашонро аз гусел ба хидмати ҳарбӣ пинҳон мекунанд. Ин ҳамааш ҳақиқат дорад,"-таъкид дошт Сангинбой Шарифов, падари Ромиз.

Хабари латту кӯб ва аз гап мондани Ромиз Шарифов дар ҳолест, ки ҳамагӣ як ҳафта қабл Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе шаш сарбози Вазорати умури дохилиро барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон Акбархӯҷа Абдураҳмонов аз 2 то 2.5-солӣ ба зиндон фиристод. Ин моҷаро моҳи ноябри соли гузашта ба вуқӯъ пайваста ва сарбози ҷабрдида моҳи феврали имсол ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи тафтишот, ин шаш сарбози ВКД шаби 5 ноябри 2014 ҳамхидмати худ Акбархӯҷа Абдураҳмоновро якҷоя латту кӯб карда ва ҷоғи ӯро шикастаанд.

Аз ин пештар, дар моҳи марти соли ҷорӣ, мақомот аз латту кӯби Баҳриддин Насриддинов, сарбози Вазорати дифоъ ва боздошти як ҳамхидматаш дар ин замина хабар доданд. Онҳо угфтанд, сарбозе, ки Баҳриддинро латту кӯб кардааст, дастгир шуда ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон борҳо аз ҳолатҳои латту кӯби сарбозон дар қисмҳои низомии артиши Тоҷикистон сӯҳбат карда, аз мақомот хостаанд, ба "дедовшина" хотима бахшанд. Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, ин латту кӯбҳо монеи аслӣ барои ҷалби ҷавонон барои хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ аст. Иддаое, ки мақомоти расмӣ қабул надоранд ва мегӯянд, чунин латту кӯбҳо саросарӣ набуда, балки гоҳе вақт дар пайи якдигарнофаҳмиии ҷавонон рух медиҳаду бас.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG