Пайвандҳои дастрасӣ

Муфаттиш: “Латукӯби Баҳриддин қасдан сурат гирифтааст”


Баҳриддин Насриддинов.

Баҳриддин Насриддинов.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, шахсе, ки ҳамхизматаш Баҳриддин Насриддинов -- сарбози вазорати дифои Тоҷикистонро латукӯб кард, боздошт шудааст. Баҳриддин аз чанд рӯз ба ин тараф дар бемористон бистарӣ мебошад.

Муфаттиши парвандаи латукӯби Баҳриддин Насриддинов, сарбози вазорати дифоъ мегӯяд, сарбозе, ки Баҳриддинро латукӯб кардааст, дастгир шуда ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ нигаҳдорӣ. Олимҷон Каримов, муфаттиши додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе рӯзи чоршанбеи 11 март зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Ҷаноби Каримов аз сарбозе, ки Баҳриддинро латукӯб кардааст, ном набурд ва гуфт, то поёни тафтишот исми вай ошкор нахоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки пайвандони Баҳриддин Насриддинови 22-сола мегӯянд, муфаттиши парванда бо гузашти шаш рӯз аз лату кӯби писараш, онҳоро бо ҳамхизмати ӯ рӯ ба рӯ намекунад. Олимҷон Каримов мегӯяд, “бояд парванда пурра тафтиш шавад ва барои ҳамин падару модари Баҳриддинро бо сарбозе, ки писарашонро лату кӯб кардааст, рӯ ба рӯ накардам. Ин ба тафтишот халал мерасонад."

Ҳарчанд муфаттиш иддао дорад, ки латукӯби Баҳриддин Насриддинов аз сӯи ҳамхизматаш қасдан сурат гирифтааст, аммо аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ мекунад ва мегӯяд, ба волидайнаш ҳодисаро қисса кардааст. Қутфиддин Насриддинов, падари Баҳриддин Насриддинов, гуфт, “аз гуфтаи муфаттиш бармеод, ки миёни писари ман ва Пӯлодов -- ҳамхизматаш дар ошхона моҷаро сар зада бошад. Сарбоз Пӯлодов аввал писари маро зада ва баъдан писари ман низ ба ин ҷавоб дода бошад. Хархашаи онҳоро шунида омада онҳоро аз ҳам ҷудо карда бошанд.”

Аммо падари сарбози латукӯбшуда мегӯяд, “дар ин қисса мантиқ вуҷуд надорад. Чун зарбу лате, ки писарам бардоштааст, аз ҷумла косахонаи сараш шикаста шудааст, ҳақиқати гуфтаҳои муфаттишро зери суол мебарад”. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Қутфиддин Насриддинов, ташхиси косахонаи сари Баҳриддин дар бемористони “Ибни Сино” мушаххас кардааст, ки устухони косахонаи сараш шикаста ва ҳамакнун ҷое, ки устухон надорад, варам кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ин падар аз кӯмаку мусоидати раҳбарияти қисми низомии 12019-и нерӯҳои зудамали вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои муолиҷа ва нигаҳдории писараш дар бемористон, изҳори сипос кард. Ба гуфтаи вай, раҳбарони қисми низомӣ ба аёдати писараш омада ва кӯмаки худро расонидаанд. Аммо падари Баҳриддин мегӯяд, вазъи писараш, ки аз ноҳияи косахонаи сар осеби ҷиддӣ гирифтааст, вазнин аст.

Ҳодисаи латту кӯби Баҳриддин Насриддинов, соати 7:30 дақиқаи субҳи 6-уми март иттифоқ афтодааст. Аммо масъулони қисми низомӣ ва вазорати дифои Тоҷикистон аз изҳори назар дар бораи ин ҳодиса, худдорӣ мекунанд.

Баҳриддин Насриддинови 22-сола, наздик ба ду соли пеш аз шаҳри Хуҷанд барои хизмати аскарӣ ба қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе даъват шуд. Ҳатто ба гуфтаи волидайнаш, Баҳриддин қабл аз хизмат ба онҳо гуфта будааст, ки “беҳтараш, меравам, хизмат мекунам. Одам як сол мегурезед ё ду сол. Нашавад то 29-30-солагӣ гурехта гардам”. Ба таъкиди волидайнаш, то ин дам Баҳриддин на аз хизмати низомӣ ва на аз ҳамхизматҳояш, ҳеҷ шикояте надошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG