Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири назорати амалкарди сарбозон, дар дохили хобгоҳҳо, ошхонаҳо ва гузаргоҳҳои биноҳои қисми ҳарбӣ, дурбинҳо насб кардаанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, барои пешгирӣ аз эҳтимоли ҳодисаҳои нохуш миёни сарбозон, дар дохили хобгоҳҳо, ошхонаҳо ва гузаргоҳҳои биноҳои қисми ҳарбӣ дурбин насб карда шудааст.

Вай гуфт, қисмҳои ҳарбие, ки тоза бунёд шуданд, чунин дурбинҳои назоратӣ доранд ва ҳоло дар қисмҳои ҳарбии пешин дурбин гузошта мешавад: “Насби дурбинҳо ҳам наваскарон ва ҳам аскаронеро, ки бештар аз як сол хизмат кардаанд, муваззаф мекунад, ки мувозиби ҳаракату муомила ва муносибат бо ҳамхизмат дар хобгоҳу роҳравҳо ва дар майдонҳои қисмҳои ҳарбӣ бошанд.”

Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои ахир чанд ҳодисаи латукӯби сарбозон дар қисмҳои низомӣ дар ҷомеа сару садои зиёдро ба бор овард ва боиси дилсардии ҷавон аз хизмат дар артиши кишвар шуд.

Аз пурсарусадотарин ҳолати "дедовшина" дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ҳодисаи маҷрӯҳ шудани Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ ки соли 2013 довталабона барои адои хидмати ҳарбӣ рафта буд, шоми 8 марти соли 2014 аз ҷониби як ҳамхизматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш шикаст ва то ба ҳол дар бистарӣ беморӣ ба сар мебарад..

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳам мегӯянд, азбаски бадрафторӣ бо сарбозони навомада дар артиш зиёд аст, ҷавонон аз хидмат ҳазар мекунанд. Аз ин сабаб мақомоти расмӣ нақшаи даъватро аз роҳи даъвати маҷбурӣ ва ё “облава” пур мекунанд. Ҳарчанд солҳои охир сафи ҷавонони довталаб барои хидмат дар артиши Тоҷикистон афзудааст, аммо дар ин қатор ҷавононе низ ҳастанд, ки аз хидмати аскарӣ сар мепечанд ва барои "халосӣ" аз он аз маҳалли зисти худ ё фирор мекунанд ё ба донишгоҳ паноҳ мебаранд ва ё рӯ ба муҳоҷирати корӣ меоранд.

Ба ақидаи коршиносон, чунин рӯҳия дар миёни ҷавонон аз солҳои муноқишаҳои мусаллаҳона ё ҷангҳои шаҳрвандии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Соли гузашта раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам ду бор ба қонуншиканиҳо ҳангоми даъват ба сафи артиш таваҷҷӯҳ карда, масъулинро вазифадор карда буд, то аз усулҳои ғайриқонунӣ истифода набаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG