Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа аз сактаи қалбӣ бистарӣ шуд


Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа
Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, аз рӯҳониёни шинохта дар ҷануби Тоҷикистон аз сактаи қалбӣ дар бемористон бистарӣ шуда, вазъаш "вазнин" арзёбӣ мешавад.

Вазъи саломати Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷаи 68-сола, аз рӯҳониёни шинохта, ки бо сактаи қалбӣ дар бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон бистарӣ шудааст, "вазнин" арзёбӣ мешавад. Як мақоми бемористон ба Радиои Озодӣ гуфт, Эшони Саидҷон тайи ду моҳи охир бори дувум аст, ки сактаи қалбиро паси сар мекунад.

Файзалӣ Ҷумъаев, мудири шӯъбаи эҳёгари ё реаниматсияи беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки саломатии Эшони Сайдҷон Сорбонхӯҷа бад аст ва табибон ӯро муроқибат мекунанд. Вай гуфт, ки маротибаи аввал тапиши қалбаш осон буд, аммо ин маротиба ҳам тапиши дил ва ҳам фишори баланди хун беморро азият мекунад. Ба иттилои Файзалӣ Ҷумъаев, дар ду моҳи охир ин бори дуюм аст, ки рӯҳонии маъруф дучори сактаи қалбӣ шуда дар ин бемористон бистарӣ мешавад.

Моҳи гузашта Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа баъд аз мураххасияш аз бемористон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи саломаташ чандон хуб нест ва таҳти назорати табибон қарор дорад. Аммо ӯ аз шарҳи беморияш худдорӣ кард.

Ин рӯҳонии тоҷик аз чеҳраҳои маъруфи исломӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад. Эшони Саидҷон дар хонаводаи Сорбонхӯҷа Маҳмудов дар Қӯрғонтеппа таваллуд ва дар деҳаи Қибили шаҳри Норак бузург шудааст. Таҳсили ибтидоиро дар назди падараш Сорбонхӯҷа Маҳмудов гирифта, баъдан барои омӯзиш ба мадрасаи Мири Араби Бухоро рафтааст. Имом-хатиби масҷиди марказии Қӯрғонтеппа ва солҳо боз муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мебошад.

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа дар сӯҳбати ахираш бо Радиои Озодӣ ба масъалаи ришу ҳиҷоб ва ҷанг дар Сурияву Ироқ дахл карда, аз ҷумла гуфта буд, "Тоҷикистонро бад карда, худро дар дами теғ мегузорем ва ҳаром мемурем. Муллоҳо кор карда истодаанд, вале ин ҷавонон аз Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия мераванд, ки онҳо барои пул мераванд. Онҳоро бояд баргардонда, ба ҷой кор дар корхонаҳо таъмин созанд."

XS
SM
MD
LG