Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зидди карикатураҳои Паёмбари Ислом дар Грозний (ВИДЕО)


Пулиси ҷумҳурии Чеченистони Русия мегӯяд, дар раҳпаймоии зидди нашри карикатураҳои Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) дар шаҳри Грозний 800 000 нафар ширкат кардаанд.

Рӯзи 19 январ издиҳоми бузурге дар шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистони Русия дар як раҳпаймоии зидди нашри карикатураҳои Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) гирди ҳам омад. Ин раҳпаймоӣ аз сӯи раҳбари рӯ ба Маскави Чеченистон Рамазон Қодиров даъват шуда буд.

Дар ин гирдиҳамоӣ, ки ба гуфтаи вазорати умури дохила, 800 ҳазор нафар дар он ширкат доштанд, Рамазон Қодиров дар суханрониаш ба Ғарб дарафтод ва гуфт, дар ҳоле ки иллати аслии ҳамлаҳои ҷангиёни исломгаро дар Порис камбуди маърифат буд, ҳукуматҳои ғарбӣ ба хотири расидан ба аҳдофи геополитикии худ хашми мусалмононро доман мезананд.

Рамазон Қодиров гуфт, “ин эътироз алайҳи онҳоест, ки талош доранд ба эҳсосоти мазҳабии мусалмонҳои тамоми дунё нохун бизананд. Ин эътироз алайҳи онҳоест, ки дониста мехоҳанд оташи адовати мазҳабиву қавмиро дар саросари ҷаҳон аланга бидиҳанд.”

Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Гирдиҳамоии густарда дар назди масҷиди бузургтарини Чеченистон дар шаҳри Грозний посухи ташкилшудаи Русия ба ҳамлаи рӯзи 7 январ ба маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” буд. Ҳамлагарон, ки дар он рӯз 12 нафар, бо шумули 8 хабарнигори ин нашрияро куштанд, изҳор доштанд, ки ин амалиётро барои гирифтани интиқоми нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) анҷом додаанд.

Маҷаллаи фаронсавӣ дар нахустин шуморае, ки баъди он ҳамла нашр кард, дигарбора тасвирҳои танозомези Паёмбари Исломро ба нашр расонд, ки ин боиси шиддат гирифтани баҳсҳо дар бораи марзҳои озодии баён дар ҷаҳон шуд.

Рамазон Қодиров гуфт, “Аврупо бояд аз ҳамлаҳои Порис сабақҳои дуруст бигирад. Ба ҷои маҳкум кардани онҳое, ки тир кушоданд, ва онҳое, ки бо карикатураҳои худ сабаби ин шуданд, мақомоти Фаронса як намоиши хиёбонӣ бо шиорҳо ба тарафдорӣ аз бебандубориҳоеро, ки ба он хунрезӣ оварда буд, ташкил карданд.”

Раҳпаймоии зидди карикатураҳои Паёмбари Ислом дар Грозний
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:31 0:00

Раҳбари Чеченистон гуфт, дар он раҳпаймоии рӯзи 11 январ дар Порис раисиҷумҳурон, сарвазирон ва подшоҳон ширкат карданд. Мақомоти Фаронса он гирдиҳамоиро ба ёди қурбониёни ҳамлаҳои рӯзҳои 7-9 январ ва пуштибонӣ аз озодии баён даъват карданд ва дар он, бино ба ҳисобҳо, то 3 миллион нафар ширкат варзиданд.

Аммо Рамазон Қодиров гуфт, “ин ба мо ҳаққи қонунӣ медиҳад, бигӯем, ки қудратҳо ва мақомоти иктишофии Ғарб метавонанд дар пушти қазияҳои марбут ба карикатураҳо истодаанд ва ба таҳрик додани мавҷи нави ҷалби ҳазорон ҷавони фиребхӯрдаи дигар ба сафҳои “Давлати исломӣ” аз гӯшаҳои гуногуни дунё манфиатдоранд.”

Бо ҳамовозӣ ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ки иддао дорад, Ғарб ҷангиёни исломиро барои заифтар кардани Русия истифода мебарад, Рамазон Қодиров ба гиридҳамомадагон гуфт, ин раҳпаймоӣ “ба ҷаҳони боқӣ нишон хоҳад дод, ки мусалмонон ҳеҷ гоҳ иҷозат нахоҳанд дод, ки аз онҳо барои ба ҳам задани вазъ дар ин кишвар истифода шавад.” Қодиров, ки барои нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистон интиқод мешавад, гуфт, мусалмонони “ ҳамеша ҳомиёни мӯътамади Русия” буданд.

Қодиров қаблан гуфта буд, ҳар нафареро, ки аз ҳаққи “Charlie Hebdo” барои нашри карикатураҳои Муҳаммад(с) ҳимоят мекунад, “душмани шахсӣ”-и худ мешуморад.

Аксари тазоҳургарон дар Грозний либоси ҳамсон доштанд, ки дар сари синааш ба арабӣ дар дохили акси сурхи қалб исми Муҳаммад(с) ва ҳамчунин ба чечениву русӣ ва англисӣ дар ин либосҳо шиори “Мо Муҳаммад(с)-ро дӯст медорем” навишта шуда буд. Наврасону ҷавонон дар сар ҳамчунин кӯлоҳҳое доштанд, ки дар он ба арабӣ “Муҳаммад(с)” навишта шуда буд.

Аксари аҳолии Русия масеҳиёни православианд, вале ин кишвар ҷамъияти бузурги мусалмоние ҳам дорад ва дар минтақаи Қафқози шуимолӣ бо ҳаракатҳои чирикии ҷангиёни исломие рӯбарӯст, ки аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 ва оғози солҳои 2000-ум дар Чеченистон маншаъ гирифтааст. Рӯзи 16 январ идораи давлатии “Роскомнадзор” расонаҳои Русияро алайҳи нашри карикатураҳо дар масоили мазҳабӣ ҳушдор дод ва гуфт, чунин иқдом метавонад “таҳқиру тавҳин ба эътиқоди намояндагони динҳои дигар талаққӣ шуда, ба “ихтилофоти қавмиву мазҳабӣ биорад.”

Дар раҳпаймоии Грозний, ки мустақиман аз телевизион намоиш дода шуд ва аз лиҳози домана ва шумори ширкаткунандагон барои чанд соли охир дар ягонҷои Русия собиқа надошт, раҳбарони дигар низ ба Рамазон Қодиров ҳамовозӣ карданд. Мунтақидон аммо мегӯянд, Кремл ва Қодиров бо истифода аз қудрати худ донишҷӯёни кормандони идороти давлатӣ ва дигар қишрҳои осебпазири аҳолиро ба ин раҳпаймоӣ сафарбар кардаанд.

Равил Ғайнуддин, муфтии аъзами мусалмонҳои Русия ба издиҳоми ҷамъшуда гуфт, “мо бояд ба тамоми ҷаҳон бигӯем: Мо Паёмбар Муҳаммад(с)-ро дӯст медорем ва ба касе иҷозат намедиҳем, ки ҳассосиятҳои мазҳабии мусалмононро нохун бизанад.” Ӯ ҳамчунин ҳамлаҳои террористиеро, ки ҷангиёни исломгаро анҷом медиҳанд, маҳкум кард. Вале муфтии Русия ҳам мисли Қодиров кишварҳои Ғарбро айбдор кард, ки арзишҳои диниро поймол мекунанд ва ҳатто ба издивоҷи ҳамҷинсгароён иҷозат медиҳанд.

Дар ин раҳпаймоӣ рӯҳониён аз динҳои дигар низ ширкат доштанд ва яке аз нотиқон ҳатто шиор андохт, ки “Муҳаммад(с) ва Исои Масеҳ!” Варлаам, раҳбари бахши минтақавии калисои православии Русия гуфт, “тамоми калисои православӣ мардумеро, ки карикатураҳои Паёмбар Муҳаммад(с0-ро кашидаанд, маҳкум мекунад. Мо ба тухми нифоқе, ки Ғарб мехоҳад байни динҳои мо бикорад, “Не!” мегӯем.”

Масъулони ҳизби наҳзати исломӣ – бузургтарин ташаккули сиёсии мухолифин дар Тоҷикистон – мегӯянд, раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ низ ба манзури ширкат дар раҳпаймоии зидди карикатураҳои Паёмбари Ислом ба Грозний рафтааст.

XS
SM
MD
LG