Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роғун". Ду бозраси БҶ омад, дигарон дар роҳанд


Ду тан аз коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ барои арзёбии имкони азсаргирии ташхиси нерӯгоҳи "Роғун" ба Тоҷикистон омаданд.

Дар ин бора Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон рӯзи душанбеи 23 июл, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод ва гуфт, ки «ин ду нафар рӯзи гузашта вориди Душанбе шудаанд».

Ҳамчунин ба таъкиди вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, бақия аз аъзои ҳайати бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ имрӯз вориди Душанбе хоҳанд шуд ва фардо сешанбеи 24-уми июл ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи «Роғӯн» хоҳанд рафт.

Дар ҷараёни ин сафар имкони азсаргирии экспертизаи фанниву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ мешавад. Масъулони Бонки Ҷаҳонӣ бовар доранд, ки ҳайат бо ҳукумати Тоҷикистон ба мувофиқат хоҳад расид. Аз ин ҷост, шӯрои мудирон мӯҳлати истифодаи гранти ин таҳқиқотро тамдид кардааст.

Ранҷит Ломак, масъули бахши энергетикаи Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар сӯҳбати телефонӣ ба РО гуфт, “Аз замони боздиди ахири мо дар моҳи май то имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ба пешрафти муайяне дар мавриди тарзу услуби таҳқиқоти нерӯгоҳ муваффақ шудааст ва аз ин рӯ, мо имкони дарёфти гранти Бонки Ҷаҳонӣ дар ин соҳаро тамдид намудем. Вале кори зиёде бояд иҷро шавад. Ҳафтаи оянда ҳайати фаннии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад, то бо ҳукумати ин кишвар як чорчӯби муроқибати кор дар нерӯгоҳ ва аз ҷумла тармиму ҳифзи иншоотро тартиб диҳад. Иҷрои ин амал заминаро барои идомаи таҳқиқот дар нерӯгоҳи Роғун таъмин мекунад”.

Ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ҳам ба пешвози ҳайати бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ омода асту интизор дорад, ки экспертизаи байналмилалии фанниву иқтисодӣ ва иҷтимоиву зистмуҳитии нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз сар гирифта мешавад.

Аммо, ахиран хабарҳо аз қатъи корҳои сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳи «Роғун» матраҳ аст ва Струан Стивенсон, вакили порлумони Иттиҳоди Аврупо, ки ахиран ҳамроҳ бо ҳайати ин созмон дар сафаре аз маҳалли сохтмон дидан кард, гуфт, ба дарозо кашида шудани ташхис тавассути коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, сохтмони ин нерӯгоҳро ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад кард.

Вай гуфт, ки қатъи кор дар ин неругоҳ ба он оварда мерасонад, ки беш аз 5 ҳазор нерӯи корӣ рӯ ба муҳоҷират хоҳанд овард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат дар нишасти хабарии имрӯз гуфтааст, «кор дар нерӯгоҳи "Роғун" куллан қатъ наёфтааст"
XS
SM
MD
LG