Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Алиспоҳич чӣ қадар маош медиҳад?


Камол Алиспоҳич, сармураббии нави дастаи миллии футболи Тоҷикистон
Камол Алиспоҳич, сармураббии нави дастаи миллии футболи Тоҷикистон

Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) ба хотири ошноӣ бо сохтори бошгоҳҳои Лигаи олӣ ва вазъи варзишгоҳҳои кишвар ба Тоҷикистон гурӯҳи нозиронро фиристодааст.

Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати комиссиюни AFC алъон 3 нафар шомиланд. Ду нафари дигар рӯзи 1-уми март ба Душанбе меоянд. Мо, ки имсол Лигаи миллии футболро таъсис додем, аз AFC хоҳиш кардем, беҳтарин дастаҳои кишварро барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё иҷоза бидиҳад. Бинобар ин нозирони AFC нахуст бо сохтори бошгоҳҳои футболи мо шинос мешаванд ва дар бораи чӣ гуна бастани қарордодҳо бо футболбозон, дараҷаи касбии мураббиён (дорои кадом литсензия ё муҷаввиз будани онҳо), дастаҳои футболи бачагонаи бошгоҳҳо маълумот пайдо мекунанд. Инчунин бо вазъи варзишгоҳҳое, ки дар онҳо бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баргузор мешаванд, ошно мегарданд."

Ҷаноби Турсунов афзуд: "Ҳоло нозирон аз Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ,“Спитамен” (собиқ “Спартак”) ва “Авиатор”-и Душанбе, ки дар онҳо бозиҳои дастаҳои
Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон.
Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон.
“Истиқлол” ва “Энергетик” баргузор мешаванд, дидан карданд. Онҳо, ҳамчунин, бо вазъи варзишгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан шинос хоҳанд шуд. Пас аз хулосаи ин комиссиюн, Конфедеросиюни футболи Осиё дар бораи имконияти ширкати мо дар Ҷоми AFC тасмим хоҳад гирифт.”

Валерий Турсунов дар идомаи сӯҳбат гуфт, дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Кореяи Шимолӣ омодагӣ мебинад. Ин бозии даври охирини гурӯҳи “С” 29-уми феврал дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Ҷаноби Турсунов афзуд, “мо, ки дар майдони худ бозӣ мекунем, албатта, мехоҳем, мухлисонро шод гардонем ва дар ин сабқат аввалин холҳоро ба даст орем. Ҳарчанд дигар ба холҳо ҳарду даста ниёз надоранд, зеро соҳибони роҳхатҳо сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври охирин муайян шудаанд, ки инҳо тимҳои миллии Узбакистону Ҷопон мебошанд. Вале дар ин бозӣ мо натиҷаи кори сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон Камол Алиспоҳичро хоҳем дид, ҳарчанд ки ӯ барои омодагии даста вақти хеле кам дошт. Ман аз футболбозону мураббиёни тими миллии кишвар дар бораи кори мутахассиси босниягӣ пурсон шудам. Онҳо бо қаноатмандӣ изҳор карданд, ки дар тамрини даста навоварӣ ва дараҷаи баланди машқи аврупоӣ ба назар мерасад.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00
Линки мустақим


Ба гуфтаи ҷаноби Турсунов, бо мутахассиси 46-солаи босниягӣ ба муддати ду сол қарордод ба тасвиб мерасад. Ба он раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Камол Алиспоҳич имзо хоҳанд кард.

Валерий Турсунов мегӯяд, “мо ба Алиспоҳич миллион ваъда накардаем, вале маблағи қарордод, ба фикрам, ҳарду ҷонибро қаноатманд хоҳад кард. Моҳонаи ӯ тахминан аз 5 то 10 ҳазор долларро ташкил хоҳад дод. Вале Алиспоҳич ба Тоҷикистон на барои пул, балки ҳамчун мураббии ҷавон ба ин ҷо барои худро матраҳ кардан омадааст. Албатта, дар Олмон соҳиби литсензия
Дастаи миллии футболи Тоҷикистон ҳини тамрин дар Туркия (акс аз бойгонӣ)
Дастаи миллии футболи Тоҷикистон ҳини тамрин дар Туркия (акс аз бойгонӣ)
ё муҷаввизи дараҷаи олӣ шудан ба ӯ ба осонӣ ба даст наомадааст. Ман бо ӯ сӯҳбат кардам ва дарк намудам, ки Камол мутахассиси хуби футболи аврупоист. Ҳамчунин моро он чиз муттаҳид месозад, ки Босния низ кишвари мусулмонист. Ва замоне ки дар он ҷо ҷанг мерафт, Босния дар рейтинги FIFA дар ҷойи 160-ум қарор дошт. Ҳоло бошад, дар феҳристи ҷаҳонӣ дар мақоми 19-ум мебошад, зеро онҳо барномаи дурусти рушди футболро таҳия кардаанд.”

Ба гуфтаи Валерий Турсунов ба тими миллии Тоҷикистон боз як мутахассиси босниягӣ ба ҳайси мураббии омодагии ҷисмонӣ ё тарбияти баданӣ даъват шудааст.

Ин ҳама ба хотири он аст, ки футболбозони тоҷикро мусобиқоти муҳим дар пеш аст. Тими миллии кишвар дар сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 дар Непал (8-18 март) дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон ва Филиппин рақобат хоҳад кард. Ғолиби ин сабқат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Инчунин дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2013 дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Ҷазоири Молдив бозӣ хоҳад кард.

-Тарбияи бозигарони ҷавони тоҷик низ бар дӯши мутахассисони босниягӣ мебошад, зеро онҳо дар ояндаи наздик ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон шомил хоҳанд шуд, - иброз дошт Валерий Турсунов дар охири сӯҳбат бо радиои Озодӣ.
XS
SM
MD
LG