Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии дастаи Тоҷикистон ба бозӣ бо Кореяи Шимолӣ


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ мебинад.

Бозии даври охирини гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд 29-уми феврал соати 13 оғоз меёбад.

Ба ҳайати тими миллии кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Камол Алиспаҳич, мутахассиси босниягӣ, 23 футболбоз шомил аст: 12 нафар аз тими “Истиқлол”-и Душанбе, 8 нафар аз дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, якнафарӣ аз тимҳои “Равшан”-и Кӯлобу “Энергетик”-и Душанбе ва як лагионер аз бошгоҳи “Шинник”-и Ярославли Русия.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»), Саидҷон Саидраҳмонов (“Равшан”);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев (“Шинник”, Ярославл), Соҳиб Саванқулов, Давронҷон Эргашев, Умед Ҳабибуллоев (ҳарсе – «Истиқлол»), Алексей Неъматов, Далерҷон Тухтасунов, Фаррух Чориев (ҳарсе – «Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров («Энергетик»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Илҳомҷон Ортиқов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (ҳама - «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров, Юсуф Рабиев (ҳарду - «Истиқлол»).

Дар доираи омодагӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 26-уми феврал бо тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бозии санҷишӣ анҷом дод ва бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голро Фаррух Чориев дар дақиқаи 71-ум ба самар расонд.

Дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ, ки рӯзи 26-уми феврал ба шаҳри Хуҷанд омад, дар маркази таълимиву тамринии Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Қайроққум, ҷой гирифтааст. Як рӯз қабл аз бозӣ, 28-уми феврал, бо тими миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи "20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд тамрин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG