Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон имрӯз, 22-юми феврал, дар Туркия ба поён расид.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Камол Алиспаҳич, мутахассиси босниягӣ, дар тамрингоҳи Белеки Туркия тӯли 10 рӯз тамрин кард.

Футболбозони тоҷик дар Туркия ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд (29-уми феврал) ва сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал (8-18 март) омодагӣ диданд.

Дар ҷараёни омодагӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду бозии санҷишӣ анҷом дод ва аз тимҳои «Шуртан»-и Узбакистон бо ҳисоби 1:2 ва «Нистру»-и Молдова бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

«Ҷамъомад пурмаҳсул гузашт, - иброз дошт сармурабии тими миллии Тоҷикистон Камол Алиспаҳич. - Бачаҳо ҳангоми тамрин хеле хуб меҳнат карда, худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб доданд. Натиҷаҳои бозиҳои санҷишӣ чандон муҳим нестанд, зеро ки ин бозиҳо санҷишӣ буданд. Мақсади аслии мо омодагии хуб ба бозӣ бо Кореяи Шимолӣ ва сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК мебошад.”

Имшаб дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад. Пас аз бозгашт бозигарон ду рӯз дар ҳалқаи хонаводаҳои худ дам мегиранд. Рӯзи шанбе, 25-уми феврал, футболбозони тоҷик ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, ба бозии охирини сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Кореяи Шимолӣ омодагӣ мебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG