Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Тоҷикистон

Додхоҳии наздикони Хуршед Бобокалонов

02.07.2009

Пайвандони табибе, ки аз дар мошини милиса ба таври асроромез ҷон додааст, ба Додситони кулли Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Ҳамсари марҳум Заррина мегӯяд, бо ин хулосаи мақомоти умури дохилӣ, ки иллати марги шавҳари ӯ, пизишки дармонгоҳи саратоншиносии Қарияи Боло Хуршед Бобокалоновро аз мастӣ ва бемории қалб донистаанд, розӣ нест.

Вай афзуд, «биниаш варам карда буд, таги лабаш ҳам захмдор буд, либосҳояш ҳама дарида ва чиркину хунолуд буд, пойҳо ва дастонаш кабуд буд».

Хонум Зарина мегӯяд, ки сару либоси хоколуд ва даридаи шавҳарашро ҳамчун далели шайъӣ барои додситонӣ ва додгоҳ нигоҳ доштаанд.
Чуноне, ки ташхиси тиббӣ нишон дод, дар бадани марҳум аломати зарби ҷисмонӣ ба назар нарасидааст...


Ҳамкасбон ва пайвандони марҳум Хуршед Бобокалонов майнушии ӯро инкор карда, аз ӯ ҳамчун як варзишгари қавӣ ва табиби дар соҳаи худ ҳозиқ ёд мекунанд. Аз ҷумла Толеъ Холназаров, варзишгари маъруф ва аз дӯстони Хуршед Бобокалонов, гуфтааст, ки Хуршед варзишгари беҳтарин буд ва аз машрубот парҳез мекард.

Аммо сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Асадуллоев мегӯяд, ки Хуршед Бобокалонов шоми он рӯз сархуш буда, ба далели халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз сӯи кормандони милиса дастгир шудааст.

Ба гуфтаи оқои Асадуллоев, ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки Хуршед Бобокалонов бар асари майнушӣ ва беморӣ дар роҳ ба сӯи шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, «чуноне, ки ташхиси тиббӣ нишон дод, дар бадани марҳум аломати зарби ҷисмонӣ ба назар нарасидааст. Дар вақти гузаронидани ташхис худи ҳамкорони марҳум ва кормандони додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳамкорон ӯ иштирок доштанд».

Ба эътиқоди ҳуқуқшинос Ашӯрбой Имомов, муроҷиати пайвандони Хуршед Бобокалонов расидагӣ хоҳад шуд, вале баъид аст, ки додситонӣ кормандони милисаро дар ин маврид муҷрим бишиносад.

Вай гуфт, «ин баҳсу талош бояд дар доираи салоҳият сурат гирад, аз он бояд берун нашавад, бо шарте ки воқеан сурат гирад. Вале агар дар нуқтаи назари як зуҳурот сурат гирад, барои расидан ба ягон натиҷа кӯшиш накунанд, дар ин ҳолат ба ҳақикат расидан мушкил аст».

Пайвандони Хуршед Бобокалонов мехоҳанд, тавассути сомонаи интернетии раисиҷумҳури Тоҷикистон қазияро ба самъи Эмомалӣ Раҳмон низ бирасонанд ва аз ӯ нисбат ба маъмурони милиса дод бихоҳанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
Ном: Samak аз: Farkhor
02.07.2009 20:10
Mutmainam, ki in shahrvand az dasti in milisaho kushta shudaast va kase onhoro ba dodgoh namekashad. Boz yak nuktai nobovari ba makomot va ba davlat.

Ном: 54
02.07.2009 20:17
In surat az janozai pizishk ast? dar on jo milisho charo saf kashidaand?

Ном: Сардабир
02.07.2009 20:17
На ин акси хиёбон аст ҳангоми баста шудани роҳҳо. Тибқи хабарҳо боздошти Бобокалонов дар яке аз чунин ҳолатҳо ба амал омадааст.

Ном: Абдулло аз: Душанбе
02.07.2009 21:54
Боиси таассуфи бепоён,ки як мутахассиси варзидаи миллати бечора аз бепарвоги ва ғайри маслаки будани кормандони имрузаи милиса кушта шуд ва хонаи ободи эшон ба мотамкада табдил ёфт.Қотилони миллат ба ҷавобгарии ҷинояти кашида шаванд то ин ки заҳри модари муштипари Хуршед каме ҳам бошад осуда гардад.Ба қонуншикани ва таъқиби мардум хотима диҳед!

Ном: Garibsho аз: Dushanbe
02.07.2009 22:41
In Dr. hamshon az joni xud metarsan u odam ku murdraft gufta harchize ki Milisa baroshon buguiad hamun konun ast albata in gapoi Dr. ho hama durug ast. 100% 100 in odamro zada kushtaand.
shawhari xoharum bachai amaki meshud barom mo 3farzadndorard kalonish 11sola xudush 38sola bud hej sharob namenushid namozxonbud jurahoi xudash kushtanush dar rohi warzob moshinush dar bari 1kuhu xudash ai mosin berun dar daruni juibor tanho pushti gushash kafidagi daruni moshinasham pur as bakalashkahoi piwa peshi duxtur burdem ki bubin hamin odam sharob xurdast eo ne duxturi warzob mega in waxt murdast mo chize karda nametonem bubaretonsha harjoi ki dawo kardem hej kas ba dodamon narasid, un jurash dar zawodi cimetn domodi raisam bud wa accounting shuda kor mekard ai hamin xotir hej kore karda natawonistem in odamor agar Xudoi taoloh wa taborak jazoishona nata ai dastimo bandaho hej kore namebio

Ном: Ali аз: dushanbe
02.07.2009 22:56
Charo modari marhum, ki khud pizishk ast tashkhisi tibbi farzandashro az nav naguzaronidaast? in imkonpazir budku? yo cahro marhumro aks nabardoshtaand? yo hadi akal ba navor megiriftand? agar baroi hakikat muboriza barand, holo ham der nest boyad kabr kushoda va jasad tashkhis gardad.

Ном: Parvona аз: Russiya
03.07.2009 09:16
Hususan kormandoni xifzi xukuki Jumhurii Tojikiston xamin guna raftor mekunan ! in pushida nest! BEraxmi be adolati ! chi gunae ki xoxand bo shahrvandon raftor mekunand!

Ном: Andesha аз: Dushanbe
03.07.2009 09:56
margi asroromez dar jomeai mo meyore shudaast ki agar davom kunad shoyad bisyor odamon as on istifoda karda dast ba kushto mezanand. Dar in bora albatta organhoi dokhili role muhime mebozan vale afsus kormandon, raisoni chunin idoraho khudashon bo jinoyat oluda astand, ya’ne chunin jinoyati kalon az khudi onho sodir karda meshavad. Kushtore bisyore az shahrvandoni jumhuriyamon to hol oshkoro nashudaand. Kormandoni polis yo hukumatdoron shoyad fikr kunand ki mardum az in chizho naboyad donist, yo basababi on ki khudashon ba chunin jinoyat aloqa dorand, yo ki mardum boyad az huquqi donistani chunin hodisaho ogoh naboshad. Dar barobari in khudi mardum ham ba chunin chizho tavajuh namekunand, va baroi haqiqatro ba dast ovardan kushish ham namekunand. Agar in sunnati kushtor va pinhon kardani jinoyat davom kunad oqibati on chunon meshavad ki bisyor jinoyat koron az in istifoda karda, korhoi jinoyatiashro ba monandi kushtor anjom khohad dod ki natijae khle manfie dorad.

Jinoyat ham ba monandi kasalii infektsioni pahn meshavad agar mo saddi rohe on nashavem. Chun mo mardum khudro begharaz hisob mekunem, chunin jinoyatho pahn khohand shud.

Imruz ki yak pizishkero dar qariya bolo, yo mansabdori baland ba monandi Salehov yo ki yak biznismeni bozori shohmansurro kushtand fardo navbati kase digare mebiyoyad va jomeai mo bo margi asroromez hamai jomearo faro megirad on vakht muboriza ziddi in jinoyat mushkil khohad shud.

Bani odam azoi yak digarand
Ki dar ofarinish zi yak gavharand
Chu uzve ba dast ovarad ruzgor
Digar uzvhoro namonad qaror

Inro guyo sa’di sherozi navisandai forsu tojik ba mardumi olmon, yunon, va inglis navishtaast na ba mo.

Ном: Nasrullo аз: Istaravshan
03.07.2009 13:34
Бояд рузи суд намояндагони ташкилотхои байналхалкй ва ахбори чахонй иштирок намоянд,вагарна онхо хама хешовандон хастанд.....

Ном: Фазилат ва гурухи табибон аз: Душанбе
03.07.2009 13:57
Мо як гурух табибон аз марги нобахангоми хамкасбамон дар газаб хастем. То ба кай мо аз бетартибихое, ки аз тарафи милисахо рох дода мешавад дар хомуш бошем. Мо талабгорем, ки онхо чазо дода шаванд.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 2

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил