Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагони Созмони милалли мутаҳид, Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон зимни як мизи гирд шароити зиндонҳои Тоҷикистонро сангин унвон карда, аз вазъи нигоҳдории маҳбусон изҳори нигаронии амиқ карданд.

Татяна Хатюхина, раиси маркази ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, мегӯяд, зиндониён дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят сангин нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳуқуқи онҳо дар бархе маворид барои дастрасӣ ба ғизо, хадамоти одитарин тиббӣ, кӯмакҳои ҳуқуқӣ ҳамеша аз сӯи маъмурони боздоштгоҳҳо нақз мешавад, ва онҳо мавриди шиканҷа қарор мегиранд. Дар ҳоле вазъи саломатии бештари зиндониён бад аст, ва онҳо ба ғизо ва хадамоти тиббӣ ниёзи бештар доранд.

Ба кавли хонуми Хатюхина, «мувофиқи шикоятҳои шаҳрвандон ба барномаи ҷилавгирӣ аз шиканҷа, шиканҷаи зиндониён аз тарафи мақомоти интизомии Троҷикистон, аслан аз сӯи идораи корҳои ислоҳӣ, шуъбаи умури дохилӣ ва ниҳодҳои амниятӣ сурат мегирад, ки имкони таҳқиқи ин маворид маҳдуд аст.»

Ба қавли коршиносони байнулмилалӣ, дар Тоҷикистон шароити бозбинии созмонҳои байнулмилалӣ аз зиндонҳо вуҷуд надорад, ҳатто вуруди вакилони дифои боздоштшудагон ба маҳбасҳо қариб, ки номумкин аст. Жданек Хаёк, масъули кумитаи муқобила бо шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид, мегӯяд, мақомот ба созмонҳои байнулмилалӣ ба мисли Созмони Салиби Сурх барои вуруд ба зиндонҳои Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд, то вазъи воқеии маҳбусони ин кишварро мушоҳида кунанд ва ба зиндониён одитатарин кумакҳои башарӣ ироа шавад ва вазъи зиндонҳо дуруст баҳогузорӣ шавад. Вай афзуд, «санҷишҳое, ки сурат мегиранд, фақат иборатанд аз то кадом дараҷа қонунҳо мухолифат мекунанд ё не, ва ё то кадом андоза қонунҳо иҷро мешаванд. Доираи омӯзиши вазъи зиндонҳо бо ҳамин маҳдуд мешавад».

Коршиносони созмонҳои байнулмиллалӣ ҳамчунин гуфтанд, ки мавридҳои нақзи ҳукуки маҳбусон мисли шиканҷаву маргу мири асроромези зиндониён, аксаран тафтиш ношуда боқи меоменанд. Ва ҳеҷ як маъумури зиндонҳо барои шиканҷаи зиндон муҷозот намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси идораи корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, шароити нигоҳдориии боздоштшудагон дар Тоҷикистон дар қиёс бо бархе кишварҳо хеле беҳтар аст. Ба қавли оқои Абдулҳақов зиндониёни тоҷик вобаста ба имконоти Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.

Аммо Паём Фурӯғӣ, мудири шуъбаи ҳуқуқи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мегӯяд, ба гуфтаҳои масъулони зиндонҳои Тоҷикистон бовар кардан душвор аст, чун онҳо аслан аз шароити нигоҳдории зиндониён сирри давлатӣ месозанд ва созмонхои байнулмилалиро вориди зиндон шудан намегузоранд. Оқои Фурӯғӣ мегӯяд, умеди кули Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба он аст, ки дастрасии системавӣ ба зиндонҳои Тоҷикистон пайдо шавад. Ба қавли у, беҳтар мебуд, агар созмони Салиби Сурх бо мақомоти Тоҷикистон як қарордод мебаст, ки ахборе, ки аз зиндонҳо ба даст меоранд, як ахбори сиррӣ мобайни Салиби сурх ва давлати Тоҷикистон боқӣ мемонд ва ба ин роҳ салиби Сурх ба зиндониён кумак мекард.

Бино ба иттилои вазорати адлияи Точикистон, феълан дар ин кишвар 12 зиндон фаъоланд, ки дар онҳо ҳудуди 9 ҳазор боздоштшудагон ба сар мебаранд ва аз ҷумла 35 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Коршиносони созмонҳои байнулмилали таъкид карданд, ки барои муҳайё намудани шароити беҳтар дар зиндонҳои Тоҷикистон тағйири системаи маҳбасҳои Тоҷикистон ва пайвастани ин кишвар ба муоҳидаҳои байнулмилалӣ аз қабили муоҳидаи муқобила бо шиканҷа зарур аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG