Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири бахш дар Маркази саратоншиносии беморхонаи "Қарияи Боло", ҳангоми боздошти кормандони милисаи Душанбе ба таври асроромез даргузаштааст.

Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Хуршед Бобобкалонов, мудири бахши қабули беморон дар Маркази саратоншиносии беморхонаи "Қарияи Боло" дар ҳолати мастӣ боздошт шуда ва барои ташхиси машруб дар ҷисмаш ба озмоишгоҳи хун интиқол дода шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки оқои Бобокалонов бо иллати нӯшидани шароб ва бемории қалб дар дохили мошини милиса аз ҳуш рафта, ҷон додааст.

Вале хешовандони Бобокалонов ба хулосаи Вазорати умури дохила розӣ нестанд. Саодат Қулиева, модари марҳум мегӯяд, фарзандаш варзишгар буд ва аз муоиннаи тиббӣ гузашта буд ва ба ҳеҷ гуна беморӣ гирифтор набуд, тамоман солим буд, шароб ҳам наменӯшид.

Ба қавли хешовандони Бобокалонов, кормандони ҳифзи тартибот, дар пеши чашми мардум ин пизишкро бо зӯрӣ дар мошин шинонда, ӯро ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурдаанд.

Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, зиёда аз 10 корманди милиса Бобокалоновро ба мошин ҷой кардаанд.

Хонуми Қулиева меафзояд, вақте ки ҷасади фарзандашро аз мурдахона дарёфт кард, сараш хуншор шуда буд ва дар баданаш осори зарбулат дида мешуд.

Ба қавли хонум Қулиева, шаби 27-уми июн фарзандаш пас аз машқи боди-билдинг дар толори варзишӣ ҳамсабақони солҳои донишҷӯиашро вохӯрда, ҳамроҳ бо онҳо ба тарабхонаи мавсум ба «Сирус», дар маркази шаҳри Душанбе меравад, ва баъдан соатҳои тақрибан даҳуними шаб дар маҳаллаи мавсум ба «Хонаи матбуот», ба ҳангоми аз роҳ гузаштан аз тарафи кормандони милиса боздошт мешавад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, кормандони умури дохилӣ Бобокалоновро барои он боздошт кардаанд, ки дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекард. Ҳангоми интиқоли боздоштшуда ба Маркази наркологӣ барои ташхис ва мустанад кардани ҳаҷми машруб дар ҷисми ӯ, Бобокалонов дар дохили мошини милиса қай карда ва дар натиҷа хафа шуда, фавтидааст.

Аммо мақомот намегӯянд, оё дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё на.

Хонум Қулиева, модари Хуршед Бобокалонов, мудири бахши қабули беморони Маркази саратоншиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳатман барои рӯшанӣ андохтан ба ҳодисаи марги фарзандаш ба Омбудсмени Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар муроҷиат хоҳад кард.

Вай меафзояд, кормандони милиса ӯро аз ягона фарзандаш маҳрум карданд ва набераҳояшро ятим кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG