Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Ҷавонон

Тӯйи "танзимшуда"-и Рустами Эмомалӣ

01.07.2009

Расми арӯсии Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28 июн дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Пугус дар дараи Варзоб баргузор шудааст.

Ба гуфтаи Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон маросими туйи хонадоршавии писарашро дар доираи қонуни танзими расму оинҳо гузаронида, ҳаққи оши наҳорро ба беш аз 300 нафар маъюбони хона-интернатҳои шаҳри Душанбе бахшидааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ба гуфтаи ин манбаъ, ба ивази оши наҳор ба маъюбони хонаи пиронсолон дигар маводи ғизоӣ ва сару либос низ кӯмак кардаст.

Тӯйи арӯсии Рустами Эмомалӣ нахустин чунин маърака дар хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз тасвиб ва ба ҳукми иҷро даромадани Қонуни танзими расму ойин аст, ки моҳи майи соли 2007 маҳз бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва тасвиб шуда, дар роҳи баргузории тӯю сӯру азо ва дигар маъракаҳои мардум як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ кард.

Коршиносони тоҷик ин иқдоми Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз додани оши наҳор сарфи назар кард, маҳз ба ҳамин қонуни танзиму расму оин бастагӣ медиҳанд ва мегӯянд, раисиҷумҳур маҷбур буд ба хотири намунаи ибрат нишон додан баргузории арӯсии фарзандашро дар чаҳорчӯби муқаррароти ин қонун ва ҳаддалимкон хоксорона анҷом диҳад.

Таҳлилгар Абдуфаттоҳ Воҳидов мегӯяд, ин ибтикор лоиқи дастгирист. Вай меафзояд, «шахси якум бояд намунаи ибрат барои дигарон бошад».

Бо вуҷуди он, ки Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабари кӯмаки раисиҷумҳурро ба маюъбони хонаи бознишастагон тасдиқ мекунанд, аммо дар сатҳи расмӣ иттилое дар мавриди арӯсии фарзанди раисиҷумҳур ва дар ин бора, ки ӯ ба кӣ издивоҷ кардааст, нашр нашудааст.

Ва чунин ҳол табиист, ки оташи овозаҳоро дар атрофи тӯйи арӯсии Рустами Эмомалӣ гарм кардааст.

Афроди наздик ба мақомот ва ба хонаводаи раисиҷумҳур низ аз ифшои ҷузъиёти ин хабар худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ин рӯйдод ба ҳаёти хусусии оқои Раҳмон дахл дорад, на ба вазифаи раҳбарии ӯ.

Ин дар ҳолест, ки дар аксари кишварҳои мутамаддини дунё ҳаёти хусусии раҳбарони кишварҳо ва дигар нухбагони сиёсӣ ҳамеша таҳти дурбини телевизион  заррабини расонаҳои ахбори ом қарор дорад ва ҳар хабари рухдода дар рӯзгори чунин афрод билофосила бозтоб меёбад.

Аммо дар бархе кишварҳои пасошӯравӣ, назири Тоҷикистон, рӯйдодҳои марбут ба хонаводаҳои роҳбарони ин кишварҳо одатан аз назари мардум пӯшида мемонад, ки ба назари бархе аз таҳлилгарон, як аломати дигари ҳоким будани фазои ғайришаффоф дар чунин кишварҳост.

Таҳлилгари тоҷик, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, мегӯяд, ки дар таҷрибаи бисёре аз кишварҳои собиқ шӯравӣ кадом мавриди ошкоро ва расман барпо кардани маросими хонадоршавии фарзандони шахсони аввал мушоҳида нашудааст. Ба гуфти Сайфуллоҳзода, шахсони аввал тӯю сӯри худро ба гунае гӯё одӣ ва хоксорона мегузаронанд, вале воқеият чизи дигар аст.

Вай гуфт, «ин як воқеияте аст, ки мардум медонанд, ки сарвазир ва раисиҷумҳур имкониятҳои зиёд доранд ва ҳақ доранд, ки чигунае мехоҳанд, маъракаҳо баргузор кунанд ва ин як фарҳанги ҷомеаи Ғарб аст ва ҳасосиятеро ба вуҷуд намеорад. Аммо дар ин ҷо мо ҳоло инро надорем. Аз ин нигоҳ, вақте агар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, ки фарзандони хешро як гунае тӯй кунад, ки як қишрҳои мухталиф иштирок кунад, ҷомеа бардошти инро надорад. Аз ин рӯ онҳо кӯшиш мекунад, ки то ҷое инро пинҳон нигоҳ доранд».

Азизмад Одинаев, таҳлилгар, мегӯяд, ки маросими хонадоршавии писари Эмомалӣ Раҳмон марбут ба ҳаёти оилавии ӯст ва раисиҷумҳуру фарзандаш Рустам ин маъракаро тавре, ки мехостанд, барпо карданд ва ҳақ ҳам доштанд. Чунки, ба эътиқоди Одинаев, чунин тӯю сӯр аз суннатҳои мардуми мост ва ҳеҷ рабте ба фаъолияти раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон надорад.

Ҳамин тавр, рӯзи 28 июн Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, издивоҷ кард ва аз феҳрасти, ба истилоҳ, домодҳои пурталабгори ин кишвар яке кам шуд.

Рустами Эмомалӣ 21 сол дошта, бахши иқтисоди байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда ва феълан дар Академияи дипломатии шаҳри Маскав таҳсил мекунад.

Рустам дар хатти ҳуҷуми тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки имсол барои дарёфти унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон мубориза мебарад, бозӣ мекунад.

Дар моҳи апрел писари калонии раисиҷумҳур муовини раиси Иттифоқи ҷавонон, ҷойгузини собиқ “Комсомол”, интихоб шуд. раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ 9 фарзанд – 7 духтар ва 2 писар дорад.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
Ном: muhammad аз: khj
01.07.2009 21:13
SALOM MAN BOVARI NADORAM KI TIU IN BO 200-NAFARI MEKARRARSHUDA GUZASHTA BOSHAD IN HAMA DURUG AST IN GONUNHO FAKAT BAROI MARDUMI ZAIF AST AMMO RAISON HEJGOH IN GONUNURO TATBIK NAXOHAND KARD

Ном: shahrom аз: dushanbe
02.07.2009 03:38
khudo baxtashoon dihadu doimo xushbaxtu sarbaland boshand , va ba rustam guftaniam ki da xizmati vatan ustuvor boshadu va gamxori millati tojik boshad

Ном: КадушоХ аз: Душанбе
02.07.2009 07:56
Туй аслан рузи 21-уми июн шуруъ шуда, дар торихи 28-ум ба анчом расидааст.Хар руз барои иддае аз дустон, пайвандон, хамсабакон, хамкорон, хамкомандахо ва хамтабакону хаммаслакон.Ба кавле МУИН-е, ки хама уро гуё мешиносанду у касеро НАМЕШИНОХТААСТ, сури бачаи президентро хусни огоз бахшидааст."ЗИНДА БОД ЗИНДАХОИ АЗ ЗИНДАХО ХАМ ЗИНДАТАР!"

Ном: shams аз: Dushanbe
02.07.2009 08:31
Magar dar bustonsaroi hukumatii Pygys Varzob guzaronidani tyi mumkin ast? Agar mumkin boshad pas ba digarhoiam ijozat doda shavad!!!

Ном: Давлатмурод аз: Душанбе
02.07.2009 10:05
Ман ба воситаи шабакаи аввали телевизиони Точикистон тамошо кардам, ки Рустами Эмомали бо ахли хонаводааш ба тарбиятгирандагони интернати махсуси чумхурияви кумакхои хайриявиро таксим мекард.
Ахсант!
Кош дигарон низ аз икдоми Президент ибрат мегирифтанд.Дар кишвар бенавову нимгурусна намемонд.
Новобаста аз он ки Президент бо рафтори намунавии хеш ба мансабдорон нишон медихад, ки бехтарин кор хам аз лихози дини ва хам дуняви ин кумак ба барчомондагон аст, хануз хам бисёре аз онхо тую маъракахои серхарч ва бодабдаба мекунанд. Дуруст аст,ки пули худашон ва худашон метавонанд онро чи хеле, ки хоханд сарф кунанд, аммо танхо дар сурате ки ин пулхо бо мехнати халол ва бо рохи конуни ба даст омада бошанд. Илло дар гайри хол ин пулхо харом ва касифанду ба хайркунанда гайр аз гунох дигар хеч суде намеоранд.Охирин казияхои "кахрамонони" миллатро ба ёд оред.

Ном: TOJIK аз: ZINDONIHAYOT
02.07.2009 10:08
Borakallohu laka wa boraka alaika wa jama' bainakumo bikhair.
Tui Muborak boshad!!!

Ном: Фахриддин Юсуфзода аз: Ростови Руссия
02.07.2009 10:14
Бисёр хабари хушро хондам дар ин субҳи содиқ.Ҷаноби Олӣ ва фарзанди дилбандашонро ба ин муносибат табрик мегӯм. Хонадор кардани фарзанд ва дидани шодии он саодатест барои ҳар як падар.Хуш аст,ки Худованд Раисҷумҳури моро низ ба ин саодат,ба ин рӯзи сайид расонидааст.
Баъдан,риояи қонун ва сарфи назар кардан аз додани оши тӯй ва дастгирии моддии 300 нафар маъюбон боиси дастгирӣ буда, аз дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ будани Сарвари кишвар бори дигар огаҳӣ медиҳад. Бошад,ки Худованд ба Рустам ва ҳамсари ӯ умри дароз,бахту саодати пойдор,хушиҳои рӯзгор
ва расидан ба беҳтарин мақсадҳоро дар зиндагӣ насиб гардонаду волидайну пайвандонашонро аз дидани ин лаҳзаҳо шод!
Дар охир аз ҳамаи роҳбарони сатҳҳои мавҷуда хоҳиш мекардам,ки дар ҳама ҷода пайрави ҳақиқии Сарвари кишвар бошанд.

Ном: Нино аз: дангара
02.07.2009 11:39
Давлатмурод каме камакл менамои...Агар ту хам президент мебуди хатман ба хонаи маъюбон кумак мекарди, чунки ин вазифаи президент аст...

Ном: туйчи аз: Душанбе
02.07.2009 11:56
барои чи дар бустонсарои хукумати баргузор гардид .ин суиистифода аз мансаб аст.

Ном: Tojik аз: Hijrat
02.07.2009 13:23
Sababi dar Pugus guzaronidan hamin ast ki vai dabdabanokii marakai "prezedentiro" mardumu odi nabinad!, chize digare maro ba taajub guzoft ki okoi Rustam 21 solro doshtaandu lekin Donishgohi Miliro allaikai xatm kardaand, magar Donishgoh 5 sola nest, bo xatmi donishgoh boyad donsihju az 22 sol kam naboshad, agar 10 sol maktabi miyona az 7 solagi to 17 solagi davomkunad boz 5 soli Donishgoh donishjuro ba sini 22 merasonad, yo injo maxsus barnomahoi xonish baroi chunin dosnishjuyoni "oddi" vujud dorad?
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил