Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаёти хосси ашрофзодагони тоҷик


Фотима Достиева, духтари Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия

Фотима Достиева, духтари Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия

Фарзандони мансабдорони Тоҷикистон мисли волидайни худ аз чашми ҷомеъа дур ва хеле дастнорасанд.

"Ояндасоз"

Яке аз нашрияҳои Тоҷикистон навишта буд, ки мансабдорону афроди воломақоми кишвар дар боробари пинҳон доштани дороии шахсӣ, ҳамчунин, кӯшиш мекунанд аз ифшои ҳар гуна иттилоъ роҷеъ ба фарзандону хонаводаи хеш низ худдорӣ намоянд.

Ба гуфтаи аксари ҳамсӯҳбатони ҷавони мо, ҳамсолони сарватмандашон, ки фарзандони шахсони мансабдорон ҳастанд, бо гурӯҳи маҳдуди ба худ мувофиқ ва муносиб равуо мекунанд ва тарзи зиндагии ҳаёти онҳо, сару либос ва рафтору гуфтори онҳо аз ҷавонони маъмулӣ фарқи зиёд дорад.

Барои мисол, онҳо дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ намегарданд ва ба мисли даҳҳо дигар ҳамсолонашон вақти худро барои хариди сару либоси арзон зери офтоби сӯзон дар бозори «Корвон»-и Душанбе сарф намекунанд. Ва ҳатто тарабхонаҳое ба мисли «Мерве» ва ё «Волшебний сыр», воқеъ дар маркази Душанбе ҳам дигар ҷои нишасту сӯҳбатороии ин ҷавонон нест.

Мавзӯъи баҳсу сӯҳбат ҳам миёни ин ду қишри ҷавон фарқ мекунад. Сӯҳбати фарзандони мансабдорони сарватманд аз пулу молу даромадҳост, вале ҷавонони оддӣ бештар аз дарду мушкилот ҳарф мезананд. Як мусоҳиби мо мегӯяд, ки ҳамин гуна тафовут ва табақабандӣ ҷавонони сарватмандро аз ҳамсолони оддиашон дар канор гузоштааст:

«Онҳо бо маблағҳои калон, мошинҳои қимат ва сару либоси хеле гаронбаҳо мегарданд ва ҳамин чизҳо, ба фикри ман, як монеъа аст барои бевосита муошират кардан бо мардуми ашхоси оддӣ».

Ва аммо Нилуфар, ҳамсӯҳбати дигари мо, таъкид мекунад, ки на ҳама фарзандони ашхоси сарватманд мағруранд ва бо карру фар мегарданд. Ба қавли ӯ, бархе мехоҳанд ба мисли дигар ҳамсолонашон зиндагии нисбатан озодона дошта бошанд, вале дар аксар мавридҳо вазифа ва нуфузи падар онҳоро маҷбур месозад, то аз дигар ҷавонон худро канор бигиранд. Ба қавли Нилуфар, ғолибан худи волидони мансабдор ҳам фарзандашонро дар чунин руҳия тарбия мекунанд:

«Агар як ҷавони сарватманд ё фарзанди мансабдор миёни ҷавонони миёнаҳол бошад, ӯ ҳатман фарқ карда меистад ва дар чунин ҳол таваҷҷӯҳ ба ӯ зиёд мешавад. Масалан, суолҳоеро ба бор меорад, ки аз куҷо ин қадар зиндагии хуб дорад? Чаро дар донишгоҳ заҳмати зиёд накашида, баҳои аъло мегирад? Манбаи даромадаш аз куҷост? Ва ин суолҳо шояд ба зиндагии таъмину озодаи онҳо бетаъсир нахоҳад монд».

Дар ҳамин ҳол мусоҳиби дигарам аз замони мактабхониаш дар як литсеи пойтахт ва ду ҳамсабақи дорояш ёд мекунад, ки номзадии падари онҳо дар чанд соли пеш ба мақоми президентӣ пешниҳод шуда буд: «Онҳо бо сару либоси гаронбаҳо ва муҳофизону худравҳои махсус ба мактаб омада, аксаран аз сӯҳбати зиёд бо ҳамсинфон ҳам худдорӣ мекарданд. Ҳатто дар синфи худ онҳо танҳо 2-3 нафар дугона доштанд ва танҳо бо онҳо сӯҳбат мекарданд».

Вале дар як сӯҳбати ихтисосии худ бо барномаи «Ояндасоз» Фотима Достиева, духтари сафири Тоҷикистон дар Русия, гуфта буд, ки бидуни мошини шахсӣ ва муҳофиз мегардад ва зиндагии онҳо аз зиндагии ҷавонони оддии Тоҷикистон ҳеҷ тафовуте надорад.

Аммо дар ҳар сурат бархе аз мусоҳибони мо мегӯянд, бо вуҷуди ин ки фарзандони ашхоси сарватманд ва мансабдор имконоти беҳтари моливу иқтисодӣ барои омӯзиш доранд ва дар кишварҳои хориҷ таҳсил кардаву забондонанд, аммо на ҳама бомаърифту соҳибистеъдоданд. Яке аз ҳамсӯҳбатон мегӯяд:

«Худи онҳо чунин мехоҳанд, онҳо ғолибан ба дигарон бо як такаббур нигоҳ мекунанд. Ҳар як галстуке, ки фарзанди вазир мебандад, як бачаи камбағал маблағи онро шояд дар як сол дарёфт карда натавонад. Ман гумон мекунам, ки агар мансабадорон хоҳанд, ки ба мардум наздиктар бошанд ва онҳоро дигарон эҳтиром кунанд, бояд бо дигарон ҳам муносибати хуб дошта бошанд».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG