Минтақаҳо

Хоруғ: гирдиҳамоӣ ба таъхир гузошта шуд

08.04.2008

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ гирдиҳамоӣ баргузор нашуд, вале Ҳизби сотсиал-демократ аз эҳтимолияти гирдиҳамоӣ пас аз ду моҳ изҳор доштааст.

Дар ҳамин ҳол перомуни мавзуъи гирдиҳамоӣ ва сабабу оқибатҳои он дар ҷомеа фикрҳои мухталиф ҷой доранд. Мақомоти вилоятӣ ахиран дар ҷаласаи шӯрои ҷамъиятӣ гирдиҳамоиро омили баҳамзанандаи суббот ва оромӣ дар минтақа номид. Раиси вилоят ба оқибатҳои эҳтимолии ногувори эътироз, аз ҷумла имконияти лағви маблағгузории сохтмони роҳи Қулма-Дарвоз дар ҳудуди 380 миллион доллар аз ҷониби Чин ва ба хушунати эҳтимолӣ рӯ ба рӯ гардиданди соҳибкорони тоҷик ҳангоми сафар ба он ҷоро дар сурати дахл намудан ба масъалаи марзӣ бо ин кишвар ташаббускорони гирдиҳамоиро муттаҳам намуд.

 

Масъулини Ҳизби сотсиал-демократ мегуянд, ки мақомот неруҳои мухталифи ҷомеа ба шумули бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва ассотсиатсияи соҳибкоронро чун омили фишор болояшон истифода бурданд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи масъулини ҳизб, ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна тавтеъа бо назардошти иҷоза надодан ба баргузории гирдиҳамоӣ аз ҷониби мақомот ва огоҳномаи додситонӣ ва дар паи он изҳори назари додситонӣ ва раёсати корҳои дохила дар мавриди ба муҷозот кашидани ташаббускорон гирдихамоии ба гуфтаи онхо ғайриқонунӣ ва омодагӣ ба вазъи ғайристандартӣ, онҳо маҷбур ба муваққатан даст кашидан аз гирдиҳамоӣ шудаанд.

 

Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшинос Алоуддин Меҳмонов ҳарос доштани мақомотро аз гирдиҳамоии осоишта беасос ва муғойири меъёрҳои як давлати ҳуқуқбунёди демократии арзёбӣ мекунад. Вай гуфт, чунин мавқеъгирии мақомот шаҳрвандонро аз изҳори иродаи сиёсӣ назари мухталиф оиди ин ё он мушкилоти ҷомеа маҳрум месозад ва ҷомеаро ба сӯи худкомагӣ раҳнамун месозад.  Аммо Набот Додихудоева, раиси ташкилоти ғайридавлатии бонувони "Мадина", баён дошт, ки қабл аз даст задан ба гирдиҳамоӣ бояд роҳҳои дигари ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ истифода шаванд.

 

Ба ақидаи коршиносон, агар дар як паллаи тарозуи қонуншикании авзоъи рӯзҳои ахир дар минтақа намояндагони мақомоти қудратӣ, ба вижа додситонӣ, қарор гирифта бошанд, дар тарафи дигари он собиқ қумандонҳо истодаанд. Аммо як чиз боиси ҳайрати тахлилгарон шудааст, ки аз кули қонуншиканиҳо, ки ба ашколи гуногун ва аз сӯи гурӯҳҳои мухталиф дар минтақа содир гардидаанд, изҳороти як ҳизби сиёсӣ оиди баргузории гирдиҳамоӣ бештар аз ҳамаи ин боиси нороҳатӣ ва ҳароси мақомот гардида, барои пешгирӣ аз он тамоми чораҳои машруъ ва номашруъ истифода шудааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-2 (of 2)
Ном: памирец аз: москва
15.04.2008 18:22

памирцы всегда сохранили свою честь и национальную гордость.попытка сломать памирцев не увенчалось успехом на протежение всей историию.так что мой совет правительству Таджикистану:нельзя заниматься политикой дискриминации по отношение к памирцам


Ном: Farid аз: Tojikiston
09.04.2008 16:49

Girdihamoi faqat ba khotiri yak chiz ba takhir guzoshta shud, ki baroi mardumi badakhshon bisyor muqaddas ast va inro hama medonand

Шарҳҳо 1-2 (of 2)