Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бадахшон чиҳо мегузарад?


Бархе аз коршиносони Тоҷикистон ҳаводиси Бадахшонро ба мушкилоти иҷтимоӣ ва фасоди идорӣ дар вилоят марбут ва аз сӯйи нерӯҳои хориҷӣ таҳрик ёфтани онҳоро баъид медонанд.

Бархеи дигар бар онанд, ки агар ҳукумати марказии Тоҷикистон ба таври фаврӣ ба мушкилоти мардуми Бадахшон расидагӣ накунад, фаъол шудани авомили хориҷӣ аз эҳтимол дур нест. Марат Мамадшоев, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, эътирози мардуми Бадахшон ҷанбаи сирф иҷтимоӣ дорад. Вай афзуд, нарху наво дар вилоят нисбати дигар минтақаҳои кишвар ба далели дурӣ аз марказ ва гаронии қимати роҳ афзойиш ёфтаанд. Вай гуфт, «ин норизоиятии мардум аз вазъи мавҷуда аст. Норизоиятӣ аз он аст, ки мушкилоти мавҷуда аз сӯйи мақомот ҳал намешаванд. Балки мақомоти давлатӣ барои ҳалли ин мушкилот монеъа эҷод мекунанд, на мусоидат. Ба гумони ғолиби ман, дар Бадахшон ҷустани дасти беруна ё авомили хориҷӣ маънӣ надорад».

Қаблан дар Бадахшон як гурӯҳи мусаллаҳ бо нишони эътироз аз фаъолияти неруҳои амниятӣ ба шӯъбаи умури дохилаи вилоят ҳуҷум кард. Баъд аз ин ҳудуди сесад тан, умдатан тоҷирон, алайҳи мақомоти додситонии вилоят намоиши эътирозӣ барпо карданд. Эмомназар Эмомназаров, як қумондони собиқи оппозитсион, ки ҳоло маъюби барҷомонда аст, тайи як муроҷиати вижа ба радиои Озодӣ гуфт, ки фасоди идораҳои давлатии Бадахшон ва фақру нодории сокинони вилоят вазъро ташаннуҷ бахшидааст. Вай афзуд, теъдоди мардуми норозӣ аз мақомоти давлат аз ҷумлаи ҷавонони бекор, размандагони собиқи оппозитсион, соҳибкорони маҳаллӣ афзудааст.

Эмомназар Эмомназаров иброз дошт, «фасоди густарда дар мақомотҳои давлатӣ ва ҳатто сирояти он ба созмонҳои ғайриҳукумативу байнулмилалӣ мардумро маҷбур кардааст, ки даст ба тазоҳурот занад ва посухи суолҳои худро бифаҳмад. Мушкилоти мардуми Бадахшон хоси танҳо як минтақа нест, балки тамоми кишвар аст».

Дар ҳамин ҳол, ахиран созмони Ҳизби сотсиал-демократ дар Бадахшон тасмим гирифт, ки 8 апрел дар маркази вилоят гирдиҳамоӣ баргузор кунад. Талабҳои Ҳизби сотсиал-демократ бештар сиёсӣ ба назар мерасанд. Амнияти Абдулназар, муовини ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, гирдиҳамомадагон аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳанд посух гиранд, ки чаро марзи Бадахшон – вилояти худмухторро бидуни ризоияти маҷлиси вакилони халқи вилоят ба Чин ва ноҳияи Тавилдара додаанд.

Амнияти Абдулназар гуфт, «мардуми Бадахшон танҳо як масъаларо мехоҳад фаҳмад, ки чаро як тарафи ҳудудашро ба Чин додаанду як тарафи дигарашро ба ноҳияи дигар. Барои ҳукумати Тоҷикистон чӣ фарқ дорад, ки ин деҳаҳо дар Бадахшон бошанд, ё Тавилдара?».

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон соли 2002 дар мавриди додани 96 ҳазор гектар замини ин кишвар ба Чин қарор ба тасвиб расонида буд. Ва ҳамчунин ахиран парлумон қарор кард, ки 5 деҳаи ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшонро ба Тавилдара, ки ноҳияи тобеи марказ аст, ҳамроҳ карда шавад. Соли 1992 қабл аз шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон як ҳайати вакилон аз Бадахшон ба Душанбе омад ва аз парлумони кишвар хостори мухторияти бештари вилоят шуда буд. Коршиносон мегӯянд, ин ҳаводис бидуни раҳнамоии нерӯҳои хориҷӣ анҷом наёфта буд. Аммо дар шароити феълӣ, ба қавли онҳо, ҳаммарзии Бадахшон бо Чину Афғонистон, ки дар ҳудудҳояшон қисмати бузурги бадахшониҳо ба сар мебаранд, дахолати нерӯҳои хориҷиро метавонад ба бор орад.

Исмоил Ҳикматов, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, Бадахшон бо Чину Афғонистон марзҳои тӯлонӣ дорад ва аз эҳтимол дур нест, ки тӯл кашидани мушкилоти иҷтимоӣ ва норизоиятӣ дар вилоят нерӯҳои манфиатдорро таҳрик диҳад. Вай гуфт, «ин ҷомеаи сармоядорӣ аст, аз ин хотир ҳар корро бо пул ҳал кардан мумкин аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки солҳои навадум бо пул мардумро мехариданду барои онҳо силоҳу аслиҳа медоданд, то ин ки Тоҷикистонро ба як ҷанги дохилӣ кашанд ва тахриб кунанд. Ҳамин ҳолат ба уҷуд омданаш мумкин аст, ҳам дар Бадахшон ва ҳам дар Тоҷикистон. Аз ин хотир, ҳарчи тезтар мушкилро бояд ҳал кард».

Коршиносон мегӯянд, агар ҳукумати Тоҷикистон ба ҳаводиси Бадахшон фавран расидагӣ накунад, эҳтимол дорад нерӯҳои хориҷӣ аз вазъ сӯйистифода кунанд ва барои бароварда сохтани ҳадафҳои хеш шиорҳои афзояндаи ташаннуҷ дар вилоятро ба миён гузоранд.

XS
SM
MD
LG