Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости тазоҳурот дар Хоруғ рад шуд


Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ

Бо як номаи расмӣ мақомоти шаҳри Хоруғи Бадахшон тақозои бахши вилоятии ҲСДТ-ро барои баргузории тазоҳурот дар ин шаҳр рад карданд.

Ҳукумати шаҳри Хоруғ ба тақозои бахши вилоятии Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон дар Бадахшон ҷиҳати баргузории гирдиҳамоӣ дар майдони марказии ин шаҳр дар авоили моҳи апрели соли равон ҷавоби рад додааст.

Дар номаи ҷавобии раиси шаҳри Хоруғ, Муборакбегим Назаршоева ба унвони раҳбари сотсиал-демократҳои ин остон Раҳим Шерзамонов аз ҷумла зикр шудааст, ки масъалаи ҳамроҳ кардани панҷ деҳаи ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон ба ноҳияи Тавилдара ва додани наздик ба 1 000 километри мураббаъ қаламрави Тоҷикистон ба давлати Чин дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб аз салоҳияти шаҳрдорӣ берун аст ва аз ин рӯ иҷрои тақозои аъзи ҳизб ғайриимкон мебошад.

Аммо раиси Бахши вилоятии Ҳизби Сотсиал- Демократи Тоҷикистон Ҳалим Шерзамонов гуфт, ки масъулони ҳукумати шаҳр матлаби огоҳномаи ҳизбро дарк накардаанд. Вай гуфт, ки нияти онҳо ба баҳси марзию ҳудудӣ кашидани шаҳрдорӣ нест, балки ҳадаф аз баргузории ин гирдиҳамоӣ боло бурдани ваколату салоҳияти ҳукумати маҳаллию намояндагони мардумӣ ва дар маҷмӯъ ширкати кулли шаҳрвандони кишвар дар идоракунии давлат мебошад. Ҷаноби Шерзамонов афзуд, бо як номаи дигар ба мақомоти расмӣ муроҷиат кардааст ва ин бор ба раиси вилоят, то ҳадафи худро ба ҳукуматдорон рӯшан кунад.

Вай изофа кард, ки аъзои ҲСДТ бо вуҷуди ҳама монеъаҳо мехоҳанд, гирдиҳамоии худро баргузор кунанд.

Тафсилоти садоии ин гузориш дар кунҷи болоии рости сомона қобили дарёфт аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG