Варзиш

Нахустин нуқраи олимпии Тоҷикистон

Юсуф Абдусаломов

21.08.2008

Юсуф Абдусаломов, паҳлавони тоҷикистонӣ дар сабқати гуштии озод дар даври ниҳоӣ аз рақиби худ шикаст хӯрд.

Паҳлавони Тоҷикистон имрӯз, 21-уми август, дар рӯзи 14-уми бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин нахустин медали нуқраи Бозиҳои олимпиро барои Тоҷикистон овард. Вай дар даври ҳаштякниҳоӣ бар паҳлавони Австралия Сандит Кумар бо натиҷаи 8:0 дастболо шуд.  Дар қувваозмоии чаҳорякниҳоӣ бар Тарас Данко аз Укроин бо натиҷаи 7:0 ғолиб омад. Дар даври ниманиҳоӣ бар варзишгари Туркия Серҳат Балчиро бо натиҷаи 4:0 шикаст дод ва ба финал баромад.

 

Юсуф дар даври ниҳоӣ бо паҳлавони Гурҷистон Ревазӣ Миндорашвили рақобат кард ва бо ҳисоби 3 бар 9 шикаст хӯрд. Бояд тазаккур дод, паҳлавони гурҷӣ дар даври ниманиҳоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон Георгий Кетоевро аз Русия мағлуб карда буд.

 

Юсуф Абдусаломов охирин намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Пекин буд. Бад ин тартиб, Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи мустақили худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ соҳиби як медали нуқра ва як биринҷӣ гардид.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 28)
Ном: farahnoz аз: кургонтеппа
24.08.2008 14:42

ман хамчун як фарди точик ба шумо мувафакиятхои зиёд тамано мекунам.аз шумоборин чавонони болаёкат мо чавонон мефахрем.


Ном: Abdullo аз: Qum
24.08.2008 00:36

Ба номи Худои Мехрубон.
хама гапхоро табрикотро дар бораи ин ду Пахлавони Точик яне Расулчон ва Юсуфчон заданд .ин пирузии Тарихии Точиконро тар тули 16 соли бозихои арзишманди Олимпи ба хамаи хамватанон ва сарзамини Точикистон Табрик ва Муборакбод мегуэм факат мо мунтазири он хастем ки Чаноби оли Президен Рахмон ва Давлати Точикистон аз ин Пирузи чи гуна истикбол карда ва ба чи тухфахо ин Пахлавонони абаркудрати Халки Точикро сарафроз мегардонанд ! хамаи чашмхо ва дурбинхо ба тарафи Давлатдорон махсусан Емомали Рахмон .
Худо нигахдор
Абдулло аз Ерон (донишчуи шахри Кум Донишгохи байналмилалии Чомеатулмустафо (с).


Ном: Abdullo аз: Qum
24.08.2008 00:33

Ба номи Худои Мехрубон.
хама гапхоро табрикотро дар бораи ин ду Пахлавони Точик яне Расулчон ва Юсуфчон заданд .ин пирузии Тарихии Точиконро тар тули 16 соли бозихои арзишманди Олимпи ба хамаи хамватанон ва сарзамини Точикистон Табрик ва Муборакбод мегуэм факат мо мунтазири он хастем ки Чаноби оли Президен Рахмон ва Давлати Точикистон аз ин Пирузи чи гуна истикбол карда ва ба чи тухфахо ин Пахлавонони абаркудрати Халки Точикро сарафроз мегардонанд ! хамаи чашмхо ва дурбинхо ба тарафи Давлатдорон махсусан Емомали Рахмон .
Худо нигахдор
Абдулло аз Ерон (донишчуи шахри Кум Донишгохи байналмилалии Чомеатулмустафо (с).


Ном: sarina аз: olmon
23.08.2008 15:53

man in chabrro dar olmon shunidam chelo ham chursand shudam. kandata san jusufjoon.


Ном: poszabon
23.08.2008 03:53

QANTA BZA BARODAR..


Ном: siraj аз: badaxshon
22.08.2008 14:48

baroe har du hamvatanam besh az en muvafaqryatho mexohem.sarbalandu comyob boshed barodarone pahlavone millate Tojik.dar har joe boshed dar amone xudovand boshed va har gez mayus nashaved kushesh kuned dar oyanda joihoe avvalro az xud namoed.


Ном: Чаман аз: Душанбе
22.08.2008 10:19

Салом ба хамаи хамватанони азизтар аз чон!!!

Ман хам тасодуфан фахмидам, Юсуф барои медали тилло ракобат мекунад, аммо нукра хам хуб аст.

Умедворам давраи баъд Хам Юсуф ва Хам Расул ба медали тиллоро ба даст меоранд. Барои ин бояд сахт захмат кашанд, то ракибашонро шикаст диханд...
Бо сипос Чаман


Ном: Диловар аз: Кулоб
22.08.2008 08:53

Офарин ба Шумо Юсуфчон ....дар хакикат корнамои нишон додед АХСАН


Ном: bbc аз: tjk
22.08.2008 00:00

ман бенихоят шод шудам аз хунарнамоии юсуфчон ва расулчон ,ки байраки точикистонро дар осмони хитой бардоштанд! ин барои мо точикон хушбахти хаст! ман барои хамаи варзишгарони точик комёбихои беназиро орзумандам! точикистон ba pesh rav allohu akbar


Ном: dilovar
21.08.2008 21:10

jazakallohu xairan

Шарҳҳо 1-10 (of 28)
Ҳаҷми матн