Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Шералӣ Достиев дар даври аввал


Варзишгари тоҷик Шералӣ Достиев 13-уми август дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар Пекин дар сабқати бокс дар вазни то 48 кило дар даври аввал аз муштзани Куба Ямпиер Ҳернандез аз рӯи холҳо бо ҳисоби 1: 12 мағлуб гардид.

Инчунин паҳлавони тоҷик Неъматуллоҳ Асронқулов дар сабқати гуштии дзюдо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг дар даври аввал аз гуштигири Озарбойҷон Элхон Маммадов шикаст хӯрд. Паҳлавони озарӣ дар даври баъдӣ гуштигири Узбакистон Хуршед Набиевро мағлуб сохт. Вале ӯ дар севумин дидори худ аз варзишгари гурҷӣ Иракли Тсирекидзе – қаҳрамони Бозиҳо - ноком гашт. Паҳлавони гурҷӣ дар даври ниҳоӣ гуштигири Алҷазоир Умар Бенихлифро шикаст дод. Ҳишам Мисбоҳи мисрӣ ва Сергей Асчванден, аз Швейтсария, ҷойҳои севумро касб карданд.

Дар ҳамин ҳол дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби олимпии Чин бо касби 27 медал – 17 тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 29 медал – 10 тилло, 8 нуқра ва 11 биринҷӣ дар ҷои дувум мебошад. Дастаи Куриёи Ҷанубӣ бо касби 13 медал – 6 тилло, 6 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷои севум аст. Умуман дар айни ҳол варзишгарони 50 кишвари ҷаҳон соҳиби медалҳои олимпӣ гардидаанд.

Аз байни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама бештар Русия - 12 медал – 2 тилло, 7 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст овардааст. Гурҷистон 2 медали тилло ва 1 биринҷӣ, Озарбойҷон 1 медали тилло ва 2 нуқра гирифтаанд. Қазоқистон ва Қирғизистон ҳар кадом 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ доранд. Укроин 4 медали биринҷӣ, Арманистон 3 медали биринҷӣ ва Беларус ду медали биринҷӣ гирифтаанд. Тоҷикистон ва Узбакистон яктоӣ медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

14-уми август Алишер Чингизов дар сабқати шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр ширкат мекунад. 15-уми август дар ин навъи рақобатҳо байни занон Тоҷикистонро Катерина Измайлова намояндагӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG