Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров медал намеорад


Имрӯз, 18 август, рӯзи 11-уми Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин мебошад.

То имрӯз 10 варзишгари тоҷик дар 7 навъи варзиш сабқатро ба анҷом расонидаанд. Гурзандоз Дилшод Назаров дар сабқати ниҳоӣ бо натиҷаи 76 метру 54 сантиметр байни 12 нафар мақоми 11–умро касб кард. Натиҷаи ӯ аз ғолиби сабқат панҷ метру 48 сантиметр кам аст. Барои ҷойгир шудан дар байни даҳ нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ба Дилшод Назаров чаҳор сантиметр нарасид.

Сабқати мардони гурзандоз бо пирӯзии Тримоз Козмус аз Словения бо натиҷаи 82 метру 02 сантиметр ба анҷом расид. Ҷойҳои дуввум ва саввумро гурзандлозон аз Булғористон гирифтанд.

Имрӯз, 18 август гурзандози 17-солаи Тоҷикистон Галина Митяева дар байни занон рақобат кард. Вай дар гурӯҳи «А» байни 24 нафар бо натиҷаи 51 метру 38 сантиметр мақоми охиринро ишғол кард. Фарқи байни натиҷаи ӯ ва натиҷаи ҷойи аввал дар сабқати интихобии гурӯҳӣ 24 метру 54 сантиметрро ташкил медиҳад. Бад ин тартиб, Галина Митяева аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум шуд.

Боз чаҳор варзишгари Тоҷикистон дар Олимпиада муборизаро идома медиҳанд. Рӯзи 19 август муштзан Ҷаҳон Қурбонов дар сабқати чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 81 кило бо рақибаш аз Қазоқистон Еркебулан Шиналиев қувва меозмояд. Инчунин, 19 август Виталий Карякин дар гуштии озод дар вазни то 60 кило ба рақобатҳо шурӯъ хоҳад кард.

Рӯзи 20 август Анвар Юнусов дар сабқати бокс дар рақобатҳои чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 51 кило бо ҳарифи таиландии худ Сомҷит Ҷонгҷоҳор мубориза мебарад. Бояд тазаккур дод, Анвар Юнусов дар ду рақобати пешин дар даври аввали Бозиҳои осиёии Қатар ва финали Ҷоми раиси АИБА (Созмони байнулмилалии бокс) аз ин рақиби худ мағлуб гаштааст. Зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ, Нарзуллоҳи Латиф, ки феълан, бо ҳайъати варзишгарони Тоҷикистон дар шаҳри Пекин қарор дорад, гуфт, ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар сабқати саввуми худ бар Сомҷит пирӯз шавад. Дар сурати пирӯзӣ дар сабқати чаҳорякниҳоӣ муштзанҳои Тоҷикистон метавонанд ҳадди ақал бо медали биринҷӣ сарфароз шаванд.

Рузи 21 август Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило ба рақобатҳо шурӯъ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG