Минтақаҳо

Дархости тазоҳурот дар Хоруғ рад шуд

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ

24.03.2008

Бо як номаи расмӣ мақомоти шаҳри Хоруғи Бадахшон тақозои бахши вилоятии ҲСДТ-ро барои баргузории тазоҳурот дар ин шаҳр рад карданд.

Ҳукумати шаҳри Хоруғ ба тақозои бахши вилоятии Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон дар Бадахшон ҷиҳати баргузории гирдиҳамоӣ дар майдони марказии ин шаҳр дар авоили моҳи апрели соли равон ҷавоби рад додааст.

Дар номаи ҷавобии раиси шаҳри Хоруғ, Муборакбегим Назаршоева  ба унвони раҳбари сотсиал-демократҳои ин остон Раҳим Шерзамонов  аз ҷумла зикр шудааст, ки масъалаи ҳамроҳ кардани панҷ деҳаи ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон  ба ноҳияи Тавилдара  ва додани наздик ба 1 000 километри мураббаъ қаламрави  Тоҷикистон  ба давлати Чин  дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб  аз салоҳияти шаҳрдорӣ берун аст ва аз ин рӯ  иҷрои тақозои аъзи ҳизб ғайриимкон мебошад.

Аммо раиси Бахши вилоятии Ҳизби Сотсиал- Демократи Тоҷикистон Ҳалим Шерзамонов гуфт, ки масъулони ҳукумати шаҳр матлаби огоҳномаи ҳизбро дарк накардаанд. Вай гуфт, ки нияти онҳо ба баҳси марзию ҳудудӣ кашидани шаҳрдорӣ нест, балки ҳадаф аз баргузории ин гирдиҳамоӣ боло бурдани ваколату салоҳияти ҳукумати маҳаллию намояндагони мардумӣ ва дар маҷмӯъ ширкати кулли шаҳрвандони кишвар дар идоракунии давлат мебошад.  Ҷаноби Шерзамонов афзуд, бо як номаи дигар ба мақомоти расмӣ муроҷиат кардааст ва ин бор ба раиси вилоят, то ҳадафи худро ба ҳукуматдорон рӯшан кунад.

Вай изофа кард, ки аъзои ҲСДТ бо вуҷуди ҳама монеъаҳо мехоҳанд, гирдиҳамоии худро баргузор кунанд.

Тафсилоти садоии ин гузориш дар кунҷи болоии рости сомона қобили дарёфт аст.

Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 10)
Ном: Зиндаги аз: Хоруг
09.04.2008 15:31

Ба худо ,ки хама хак хастед, вале худ чи хизмате барои халкатон кардаед? Ва чаро факат силохбадастонро тарафдори мекунед. Чаро ба конуншикани хама вакт аз паси панча нигох мекунем. Вакти он расидааст, ки хамаи конуншиканонро ба чавобгари бикашем. лекин дар доираи конун. Агар онхо конун вайрон куннад, ва шумо хам вайрон кунед, пас фарк бйни шумо чист?

Ном: Помирзод аз: москва
26.03.2008 15:31

сиесати зидди мардуми помир идома дорад ба шакли нав.мардумро ба забони модариашон гап задан намемонанд замини вилоятро мефурушанд такдим мекунанд агар хомуш истем фардо ба аз ин бештар даст мезананд

Ном: davron az аз: xoruq
26.03.2008 12:58

ijoza dodani girdihamoi xatare ast baroi hukumatdoron ki dar oyanda ha haminxel mardum odat karda va az haqqi xud difo, mekunand va hukumat inro hijvaqt namexohad mo mardum boyad hushyor boshem.

Ном: amr аз: dushanbe
25.03.2008 18:48

qonun furukhtani zamini kishvarro man mekunad baroi hamai tabaqahoi hukumatdoron, hatto raisi kishvar haqi furukhtani zamini kihsvarro nadorad.

Ном: Мунир аз: Хоруг
25.03.2008 15:50

иктисодии чомеъаи Точикистон ва чахонро ба худ чалб карданд. Ва чанд руз боз сари ин мавзуъ дар васоити ахбор бахс идома дорад ва акидахову андешахо оиди сабабхои рух додани ин ходисахо баён мешаванд. Аммо ба андешаи ман омили асосии ба вукуъ омадани чунин ходисахо аз як тараф агар сатхи баланди бекори дар байни чавонон бошад, аз тарафи дигар мардум имруз намедонад додашро ба ки гуяд?

• паси панчараи оханин карор доштани Хукумати вилоят ва фарсаххо дур будани намояндагони он аз мардум ;
• конуншиканихои пайваста аз тарафи макомоти кудратии вилоят, бахусус прокуратураи ВМКБ, суиистифода аз мансаб, кафолати нокифояи ичмоии кормандони ин ниход, бахусус намояндагони аз дигар манотики чумхури ротатсияшударо мачбур сохтааст, ки конунро ба як воситаи «худтаъминкуни» табдил диханд;
• бетарафии органхои интихобии хокимияти махалии вилоят, шахр ва нохияхо дар вазъиятхои фавкуллодаи сиёси, иктисоди ва ичтимоии минтака;
• пуркунии накшаи даъват ба сафхои артиши милли бо хар рохе ки набошад, бе баназаргирии вазъи саломатии даъватшавандагон ва таъминоти бади ин артиш ба он овардааст, ки бештари чавобшудагон бо касалихи асаби, сил, дистрофия баргашта, боиси таъсири чуброннашавандаи он ба генофонди миллат гардидааст;
• андозбандии ноодилона, бочситонии гумрукии ноокилона, хар гуна намудхои литсензияхо, нарххои гарони кирояи чой дар бозор, тафтишхои бехудаю бахуда аз тарафи хар гунна органхои салохияташон шубханок, беэътиноии Хукуматхои махали нисбати проблемахои намояндагони савдои хурд ва миёна, ки барои аз гушнаги рахо ёфтан ба он даст задаанд;
• сиёсати пулситони ва нархгузории ширкати барки «Помирэнержи» ва кудрати пардохти ин маблагхоро надоштани аксарияти кулли муштариёни он ба сабаби аз музди мехнати ахоли 5-6 маротиба баланд будани ин маблагхо;
• фасоди густарда дар тамоми сохторхои давлати ва сирояти он хатто ба созмонхои гайридавлатию байналхалки;
мардумро мачбур сохтааст, ки додашонро ба дигар куввахо, ки то хадде кодиранд ба доди мардум бирасанд, бигуянд.
Хамаи ин дар нихояти кор ба вокуниши ахири сарханг Мамадбокиров М. нисбати чунин беадолатихо ва бархурди савдогарони нохияи Рошткалъа бо кормандони прокуратура оварда расонид.
Саволе ба миён меояд оё ин сиёсати даркшудаи макомоти баландпояи кишвар аст ё дасисабозихои сатххои пасти сиёсатмадорони кутохандеш.
Хамаи проблемахои номбаршуда хоси як минтака ва яквакта набуда проблемахои харрузаи тамоми шахрвандони Точикистон мебошанд ва агар дар мухлатхои кутохтарин халли худро наёбанд, метавонанд ба як зидияти васеътаре дар чомеъа оварда расонанд.

Имомназар Имомназаров собик кумандони ИНОТ дар Бадахшон

Ном: Давлат
25.03.2008 13:21

Мувофики конуни ЧТ хамаи шарвандон баробар хукуканд ва дар назди Конун хам баробаранд ва ягон чиз хукуки оноро поимол намекунадва наметавонад.
Хамин ходисахои атрофи додани замин ба Хитой ва манъ намудани гирдихамои аз он дарак медиханд, ки конунхо пеш аз хама аз тарафи худи хукуматдорон вайрон карда мешаванд. Савияи пасти интизоми конунриоякуни ба ояндаи Точикистон хатари чидди дорад.

Ном: Divka
25.03.2008 13:11

Малсади ХСДТ дар чист

Ном: Davlat аз: Dushanbe
25.03.2008 13:08

NAVRUZ - MUBORAK

Ном: Шобарот аз: Душанбе
25.03.2008 10:06

Конунхои кабулшударо риоя намудан лозим аст: хам аз тарафи шахрвандон, хам аз тарафи Президент, хам аз тарафи коргарони хукумати. Хамин ходисахои атрофи додани замин ба Хитой ва манъ намудани гирдихамои аз он дарак медиханд, ки конунхо пеш аз хама аз тарафи худи хукуматдорон вайрон карда мешаванд. Савияи пасти интизоми конунриоякуни ба ояндаи Точикистон хатари чидди дорад.

Ном: Sarbaroh
25.03.2008 08:52

Salom ba HSDT,
Agar milion borham darxos kyned darxostton rad meshavad. Shymo kyshish kyned ki majbyran ba in kor dast zaned va ijozati shardoriro nigoh nakyned. Inho hargiz ba shymo ijozat nemedihat chyn ki agar ijozat dodan digar dari baroi tazhohyrot kyni boz meshava baroi hama.

Шарҳҳо 1-10 (of 10)
Ҳаҷми матн
Multimedia
Дархости тазоҳурот дар Хоруғ рад шуд
Бишнaвед
Берунории садо