Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки масъули ҳамлаи рузи шанбе ба идораи милисаи Хоруғ шумурда мешавад, 10 силоҳи калашниковро ихтиёран ба мақомот супурд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ин гурӯҳ боз тақрибан чил адад силоҳ дар даст дорад. Ин ҳама аслиҳа дар дасти ин гурӯҳ ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ монда будааст.

Дирӯз, 27 феврал дар шаҳри Хоруғ як ҳамоиши эътирозие бо даъвати хотима бахшидан ба худсарии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ баргузор шуд. Дар он ҳамоиш аксаран занҳо иштирок карданд ва хоҳони бесилоҳ гардонидани ин гуна гурӯҳҳо шуданд.

Ҳамоиш дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи Мамадбоқир Мамадбоқиров, собиқ фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳои марзбонӣ дар ноҳияи Мурғоб ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Хоруғ дар таърихи 23 феврал доир шуд.

Он ҳамла аз ҷониби мақомот ҳамчун амали авбошона талаққӣ шуд. Афроди мусаллаҳ бинои шуъбаи умури дохилаи Хоруғро тирборон карда ва ёвари навбатдори шуъбаро лату кӯб карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG