Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби коҳиши ваколатҳои раисҷумҳур


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон хостори баргузории раъйпурсӣ ба манзури коҳиши ихтиёроти раиси ҷумҳур ва афзудан ба салоҳиятҳои порлумон шудаанд.

Ин аҳзоб, ки иборат аз ҲДТ ҷиноҳи М. Искандаров, ҲСДТ ва ҲСТ ҷиноҳи М. Назриев мебошанд, дар як баёнияи муштарак таъкид кардаанд, ки буҳрони пешомада натиҷаи номутаносибии салоҳиятҳои раёсати ҷумҳурӣ, маҷлис ва ҳукумати иҷроия аст. Ба назари аҳзоби сиёсӣ, додани ихтиёри бештар ба Маҷлис ба манзури назорати фаъолияти ҳукумати иҷроия метавонад кори мақомотро муассиртар кунад.

Ин се ҳизби сиёсии Тоҷикистон зимни баёнияи худ ҳамчунин тақозо карданд, масъулине, ки бо гуноҳи онҳо буҳрони энержӣ сар задааст, ошкор ва муҷозот шаванд. Ва давлат дар мавриди ироаи кумакҳои башардустонаи хориҷӣ гузориши шафоф ироа кунад ва ҳамчунин дар таъини кадрҳо аз усули садоқатсолорӣ ва маҳалгароӣ кор гирифта нашавад. Масъулини ин се ҳизби сиёсӣ гуфтанд, нусхаи ин баёния барои имзо ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ пешниҳод шуда буд, вале танҳо се ҳизб барои нашри он мувофиқа кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар мавриди иллати худдорӣ аз имзои ин баёния гуфт, ҲНИТ дар омода кардани ин санад ширкат накардааст ва ба ин далел аз имзои он худдорӣ намудааст. Вай афзуд, тарҳи ҳар муроҷиъате ва баёнияе бояд бо ширкати ҳамаи аҳзоб таҳия шавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилагарон, ҳамраъйӣ нишон надодани аҳзоби дигари мухолиф сиёсӣ ба чунин баёния аз эътибори он то ҷое хоҳад кост. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегуяд, баъид аст, ки мақомот вокунише ба чунин баёния нишон диҳанд. Ӯ мегуяд, ин ҳол баёнгари он аст, ки аҳзоби мухолиф дар масоили усулӣ ваҳдати назар надоранд.

Гуфтанист, ки ҷиноҳҳое аз ҲДТ ва ҲСТ, ки баёнияи мазкурро имзо карданд, дар дохили худ дучори дудастагӣ мебошанд. Ва ҳардуи ин ҷиноҳҳо аз сӯи вазорати адлия ба расмият шинохта нашудаанд. Аммо мақомоти ҳукумат ба ин баёния вокунише нишон надода ва аз ҳар гуна шарҳи он низ ба баҳонаи он ки то кунун онро дастрас накардаанд, худдорӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG