Сиёсат

Талаби коҳиши ваколатҳои раисҷумҳур

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

10.03.2008

Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон хостори баргузории раъйпурсӣ ба манзури коҳиши ихтиёроти раиси ҷумҳур ва афзудан ба салоҳиятҳои порлумон шудаанд.

Ин аҳзоб, ки иборат аз ҲДТ ҷиноҳи М. Искандаров, ҲСДТ ва ҲСТ ҷиноҳи М. Назриев мебошанд, дар як баёнияи муштарак таъкид кардаанд, ки буҳрони пешомада натиҷаи номутаносибии салоҳиятҳои раёсати ҷумҳурӣ, маҷлис ва ҳукумати иҷроия аст. Ба назари аҳзоби сиёсӣ, додани ихтиёри бештар ба Маҷлис ба манзури назорати фаъолияти ҳукумати иҷроия метавонад кори мақомотро муассиртар кунад.

Ин се ҳизби сиёсии Тоҷикистон зимни баёнияи худ ҳамчунин тақозо карданд, масъулине, ки бо гуноҳи онҳо буҳрони энержӣ сар задааст, ошкор ва муҷозот шаванд. Ва давлат дар мавриди ироаи кумакҳои башардустонаи хориҷӣ гузориши шафоф ироа кунад ва ҳамчунин дар таъини кадрҳо аз усули садоқатсолорӣ ва маҳалгароӣ кор гирифта нашавад. Масъулини ин се ҳизби сиёсӣ гуфтанд, нусхаи ин баёния барои имзо ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ пешниҳод шуда буд, вале танҳо се ҳизб барои нашри он мувофиқа кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар мавриди иллати худдорӣ аз имзои ин баёния гуфт, ҲНИТ дар омода кардани ин санад ширкат накардааст ва ба ин далел аз имзои он худдорӣ намудааст. Вай афзуд, тарҳи ҳар муроҷиъате ва баёнияе бояд бо ширкати ҳамаи аҳзоб таҳия шавад.                                                    

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилагарон, ҳамраъйӣ нишон надодани аҳзоби дигари мухолиф сиёсӣ ба чунин баёния аз эътибори он то ҷое хоҳад кост. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегуяд, баъид аст, ки мақомот вокунише ба чунин баёния нишон диҳанд. Ӯ мегуяд, ин ҳол баёнгари он аст, ки аҳзоби мухолиф дар масоили усулӣ ваҳдати назар надоранд.                                                   

Гуфтанист, ки ҷиноҳҳое аз ҲДТ ва ҲСТ, ки баёнияи мазкурро имзо карданд, дар дохили худ дучори дудастагӣ мебошанд. Ва ҳардуи ин ҷиноҳҳо аз сӯи вазорати адлия ба расмият шинохта нашудаанд. Аммо мақомоти ҳукумат ба ин баёния вокунише нишон надода ва аз ҳар гуна шарҳи он низ ба баҳонаи он ки то кунун онро дастрас накардаанд, худдорӣ кардаанд.

 

 

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 17)
Ном: Ozodi аз: Kulob
12.03.2008 16:58

хизби нахзати ислом ва Кабири ватан ва миллаташонро барвакт фурухтаанд.


Ном: Фарход аз: аз Душанбе
12.03.2008 16:37

Асалому алайкум хамватанони азиз имруз дар Точикистони мо факат пайравони Рахмонов кудрат дораду бас чаро хизбхои дигар ки ба мисли ХНИ дар дохили хукумат намояндагонаш кам хаст шояд Рахмонов аз шарикони ин хизб метарсад ё ки мехохад факат ХХД бардуруги худро хукмфармо намояд Худо кунад ки дар Точикистони мо хакикат галаба кунад то ки дигар хизбхо хукук пйдо кунад ки дар дохили хукумат намояндаги кунанд Чаро ки ХНИ ки 99% ахоли Точик4истони мо мусалмон хастанд дар ин чо нест агар мешуд бениход хуб мешуд


Ном: SUHROB аз: DUSHANBE
12.03.2008 12:22

Як илтимос доштам, ки мавзуи матрах шуда аз номи хизбхо аст, на аз номи мардуми Точик. Барои хамин мардуми Точикро набояд то индарача паст шумурд ё ин ки афъолу кирдори ношоистаро дар мардуми Точик нисбат дихем.


Ном: Исфандиёр аз: Шахринав
12.03.2008 09:02

Хайр, камунистхо маълум: онхо сад фоиз хукуматианд. Лекин ба исломихо чи бало задааст, ки аслан дар фикри мардумнестанд?!! Хизби Нахзати Исломй бори дигар нишон дод, ки хизби мардумй нест. Мардумро аз "хоби гарон" "хез"орониданду худашон ба ХОБИ ГАРОН рафтанд! Дар ин хобашон онхо чиро мебинанд????????


Ном: ahror аз: tjk
12.03.2008 02:02

Bo salom,manam tarafdori in chunin bayoniyaho hastam,ammo muttasifona tavjehi raisi HN-ISLOMI muvajjah nest../...Вай (kabiri) афзуд, тарҳи ҳар муроҷиъате ва баёнияе бояд бо ширкати ҳамаи аҳзоб таҳия шавад.... /Magar ,gayr az in ast ,ki yake az on ahzobi mavridi nazari M,Kabiri hizbi nahzat ast ???


Ном: Mavlud аз: Dangara
11.03.2008 19:36

Asalomu alekum Mardumi mehnatkashi TOJIKISTON:<br />Bisyor nagz meshudi ki agar hamin suxanoni hamin hizbho durust mebudan afsuf afsuf , in ham korhoyi Presidentamon meboshad in yag bozi meboshad dar nazdi Tojikon xudawro nagz kardan bined shumo ki holo yag chand kasro az Vazifa megirda EMOMALI xudro xub mekunad in hamaw bozi hast Politichoyi tojik hamaw odamoyi xudaw chizi shavad nashavad hamaw mekunam holo bined Ubaydulloev ,Salexov ,yag chand kasi digaro az vazifa ozod mekunad xudro dar nazdi Xalk xub mekunad xalki Tojik bisyor be savod ki hast dar har gap dagalaham bovar mekunand,TO aroba kashohi bozor hamash odamoyi XUDASH meboshad


Ном: Manuchehr
11.03.2008 18:55

salomu alaikum Tojikistonioni aziz.. Man azin habar helo hursad shudam .... Man zid nestam , ammo yak chiz ro namefahmam ki charo dar in jo HNI nest ... Rohbaroni mo faromushkardand, takriban 97% izi Tojikiston Musalmon hastand az hudi onho sar karda..


Ном: Kaktus аз: Paris
11.03.2008 17:06

Хубаст. Хамин гуна изхорот пахш кардан гиранд, як руз не, як руз мардум бедор мешавад. Хело мехостам вокуниши Хукуматро шунавам. Хамин хабарро дар АзиаПлюс дидам. Ё онхо зери найи Рахмон мераксанд, ё Радиои Озоди ин хабарро "рангубортар" пахш мекунад. Хар чи ки набошад, дар расонахои хабарии ЧТ ин хабар якинан инъикос намешавад. Ана матбуоти озод!!!


Ном: Булбулбой аз: Хоруг
11.03.2008 17:04

Ман низ ин баёнияро тарафдори мекунам. Бигзор ба ин изхорот хукумат ягон вокуниш нишон надихад, вале хукуматдорон худ аллакай метарсанд, ки дар Точикистон боз озодандеши ба вучуд омадааст. Ин баёнияро чомеаи байналмилали мехонад ва худ хулоса мебарорад, ки имруз дар Точикистон чи гуна режим хукмфармост. Дар Точикистон як режиме хукмрон аст, ки касе намедонем он ба кучо меравад. Режими хукумати кишвар бештар ба як хаос табдил ёфтааст.


Ном: Sarbaroh
11.03.2008 16:27

Salom dystoni aziz,
Man az nabydani hizbi nahzati islomi xelo ham noumedshydam az in hizb. in hizbo boyad pesh az in hizbhoi digar in bayoniyaro medod va digar hizbhoro dar girdi xyd jam megakard baroi in kor. Neki afsys ki Hizbi nazati Islomi 1 bozichai dasti davlat shydast ki davlat bo xydro dar dynyo hamchyn kishvari demokrati nishon medihad. Hizbi nahzat hich haibat va nyfyze nadorad baini mardym, kame davlat boloi in hizb fishor biyora hamai azohoish ki hastand hozir az hizb mebaroyandy dast mekashand.Boyad In hiz bo digar hizbho 1jo shyda bad byaonia medodan baiyonia boz fishorash beshtar meshyd boloi davlat.

Ba harhol, inkor be tasir nest dar boloi davlat va fishor boloi davlat ziyod meshava.
Xydo holi milati moro xyb kynad.

Xydp Hofizaton

Шарҳҳо 1-10 (of 17)