Пайвандҳои дастрасӣ

Хашми аҳзоби мухолифин аз наҳви баргузории интихобот дар ҳавзаҳои шаҳри Душанбе


Чаҳор ҳизби сиёсии расмии Тоҷикистон - Наҳзати Ислом, Коммунист, Сотсиал - Демократ ва Демократ бо пахши як баёния изҳор доштанд, ки натоиҷи интихоботи Маҷлиси Намояндагон дар пойтахти кишварро намепазиранд. Онҳо ҷараёни интихобот дар ҳавзаҳои шаҳри Душанберо пур аз тақаллуб ва ғайримунсифона хонда, аз Кумиссиюни Марказии Интихобот талаб намуданд, ки дар ҳавзаҳои пойтахти Тоҷикистон интихоботи такрорӣ баргузор кунад. Дар ин баёния имзои намояндагони ин ҳизбҳо гузошта шудааст.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ҳамроҳи намояндагони аҳзоби дигар дар нишасти матбуотие, ки аз тарафи Кумиссиюни Марказии Интихобот баргузор шуд, дар ҷамъи хабарнигорон ва масъулини интихобот ин баёнияро ироа кард. Оқои Шабдолов аз ҷумла гуфт: "Мо на овоздиҳии такрорӣ, балки интихоботи такрориро талаб мекунем. Дар хусуси ҷараёни интихобот дар шаҳру навоҳии кишвар пас аз ҷамъоварии иттилооти комил изҳороти алоҳида интишор медиҳем. Ҳамчунин талаб мекунем, ашхоси масъуле, ки ба тахаллуф роҳ додаанд, ба масъулият кашида шаванд. Дар сурати ба эътибор нагирифтани ин изҳорот мо маҷбур мешавем, ки аз ҳайъати Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ шавем ва намояндагони худро аз Маҷлиси Намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ бозхонда, натиҷаи интихоботро беэътибор шуморем.»

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Кумиссиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон дар посух ба талаби намояндагони ин чаҳор ҳизби сиёсӣ гуфт, дар ҷараёни интихоботтахаллуф ва тақаллуб рӯй додаст, албатта, аммо ин ба маъние нест, ки тамоми интихобот ғайриқоунунӣ ҳисобида шавад. Мизроб Кабиров афзуд: "Албатта, камбудиҳо ҷой доштанд, вале ин ба сурате нест, ки интихоботро ғайриқунунӣ ҳисобем. Ба унвони намояндаи Кумиссиюни Марказии Интихобот гуфтанӣ ҳастам, ки шояд ин иддаоҳо то ҳадде сиҳҳат дошта бошанд, аммо дар маҷмӯъ барои бепоя хондани интихобот дар шаҳри Душанбе асос буда наметавонад."

Тавре ба назар мерасид, посухи оқои Кабиров, муовини раиси Кумиссиюни Марказии Интихобот намояндагони аҳзоби сиёсиро қонеъ накард ва онҳо гуфтанд, ки ба ҳеҷ вачҳ мавқеъи худро тағйир намедиҳанд ва мунтазири иқдоми Кумиссиюни Марказии Интихобот хоҳанд монд.

Ёдовар мешавем, дар ҳамаи чаҳор ҳавзаи шаҳри Душанбе танҳо номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократӣ, ки аз президент Эмомалӣ Раҳмонов ҳимоят мекунад, ғалаб намуданд. Намояндагони ин чаҳор ҳизби сиёсии норозӣ гуфтанд, дар сурати маълум шудани чанду чунӣ дар ҳавзаҳои навоҳӣ ва вилоятҳо боз мавқеъи худро роҷеъ ба натоиҷи интихобот дар сартосари кишвар баён хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG