Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суханони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки фаъолияти ҳукумати худ дар 15 соли охирро танқид кард, вокунишқои гуногун ба миён овард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле ба ин натиҷа мерасад, ки зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат сари ҳар даврае тули ин ҳама сол маъмулан мақомоти расмӣ ва ҳамчунин раисҷумҳур аз фаъолияти ҳукумат танҳо изҳори қаноъатмандӣ кардаанд. Маҳофили сиёсӣ ва коршиносон аз як ҷониб чунин иқдоми раисҷумҳурро истиқбол кардаанд, ки чунин муҳимеро, ба гуфтаи онҳо, эътироф кардааст.

Аммо аз сӯи дигар, мегуянд ин ашхос, дар чунин сурат раисҷумҳур бояд сиёсати кадрии радикалитареро пеш мегирифт ва ё ҳайати ҳукуматро комилан ба истеъфо мефиристод. Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раиси ҳизби мухолифи Сотсиал-демократии Тоҷикистон, мегуяд, баъди чунин суханоне раисҷумҳур бар тибқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ мебоист ҳамчунон истеъфои ҳайати ҳукуматро эълон медошт.

Аммо Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократии аз сӯи вазорати адлия эътирофшудаи Тоҷикистон, низ мегуяд, ҳадди аққал мебоист баъди чунин баёния ва эътирофи камбудиҳо раисҷумҳур ҳайати ҳукуматро бо ин баҳона ба истеъфо мефиристод ва кобинаи наверо аз ҷумлаи кадрҳои тозанафас таъсис мекард. Он гоҳ ҳайати нав метавонист бо эҳсоси масъулияти бештаре машғули кор шавад, то сарнавишти ин ҳукумат домангирӣ он низ нашавад. Аммо, мегуяд оғои Собиров, бо ин тағйироти андак ва ҷойивазкунии кадрҳо наметавон ислоҳоти ҷиддӣ ва пешрафти қобили мулоҳизаеро интизор шуд.

Аммо Мусо Асозода, раиси бахши ҲХД дар шаҳри Душанбе, мегӯяд ҳукумати кишвар дар зарфи ин 15 сол корҳои зиёдеро ба анҷом расонида ва ноқаноъатманд хондани фаъолияти бархе аз сохторҳо наметавонад кори умумии ҳайати ҳукумати зери суол қарор диҳад.

Дар ҳар сурат зимни ислоҳоти кадрии ахир ба ҳайати ҳукумат чеҳраҳои нав ва тозанафасе ворид нашуданд ва ба истилоҳи коршиносон бо чунин ҷойивазкунии кадрҳо ба мушкил метавон ҷорӣ шудани ваъдаҳои супурдаи навбатӣ ва натиҷа додани барномаи ислоҳоти иқтисодиро бовар кард.

XS
SM
MD
LG