Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси 45 гурӯҳи таблиғотӣ дар Душанбе


Шаҳрдории Душанбе ба манзури ҷилавгирӣ аз амалҳои ифротгароёна ва мубориза бо фарҳанги бегона 45 гурӯҳи таблиғотӣ таъсис додааст. Шавкат Саидов, ёвари шаҳрдори Душанбе, рӯзи 25 август бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “тасмим барои таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ ба манзури корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар гиромидошт ва волоияти қонун, густариши эҳсоси ватандӯстӣ, пешгирии амалҳои ифротгароӣ ва экстремизми динӣ ва эмин нигоҳ доштани зеҳну афкори ҷомеа аз андешаҳои носолиму иртиҷоӣ дар қаламрави пойтахт дар ҷаласаи рӯзи гузашта гирифта шуд”. Ба гуфтаи Саидов,ба хотири амалӣ кардани ин тасмим 45 гурӯҳи таблиғотӣ, мутаносибан дар ноҳияи Сино 15 ва дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ 10-адалӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияташон шомгоҳон соати 18, шурӯъ аз 27 августи соли 2015 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо оғоз мешавад.

XS
SM
MD
LG