Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гароиши даҳҳо сокинони Суғд ба созмон ва ҳаракатҳои тундгаро ва иштироки ҳудуди 20 нафар нафар ҷавонони деҳаи дурдасти Чорқишлоқи Исфара дар ҷанги Сурия, соли равон ин минтақаро борҳо дар сархати расонаҳо қарор дод.

Дафтари матбуоти додситонии Суғд мегӯяд, аз охири моҳи сентябр то кунун ҳудуди 50 сокини минтақаи шимолии Тоҷикистонро, ки шомили ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ буда, қасди иштирок дар ҷанги Сурияро доштаанд, боздошт шудаанд. Додгоҳи Хуҷанд ахиран 11 нафар аз ин гурӯҳ, ба шумули раҳбаронаш Мансур Бобоёров -- сокини ҷамоати Саразми Панҷакент ва Элдар Ҳотамов, сокини шаҳраки Нови ноҳияи Спитаменро ба мӯҳлатҳои аз 9 то 19 сол ба зиндон фиристод.

Шӯҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи Хуҷанд, ки бозбинии парвандаи ин афродро бар дӯш доштааст, мегӯяд: “Аъзои ин гурӯҳ мақсад доштанд ба ҷанги Сурия раванд. Элдар Ҳотамов як сокини ин маҳал ва сокини шаҳри Хуҷанд, Умед Ҷӯраевро ба сафари Сурия ташвиқ мекунад. Вай мегӯяд, ки он ҷо шароити хуб ва хонаву дар барояшон фароҳам хоҳанд кард. Онҳо мунтазири расидани маблағ будаанд, ки роҳ сӯи Сурия пеш гиранд. ”

Вале ба гуфтаи додгоҳ, ин гурӯҳ ҳадаф дошт қабл аз сафари Сурия дар ватани худ низ ҳамлаҳои маргбореро озмоиш кунад: “Мансур Бобоёров дар ҷараёни мурофиа гуфт, ки онҳо қасди ҳамла ба маҳбаси шаҳри Панҷкент ба хотири озод кардани чанд маҳбуси ба қавли онҳо, бегуноҳро доштаанд. Онҳо ин мақсади худро тарҳрезӣ кардаанд. Онҳо аввал ба як қисми ҳарбӣ дар Панҷакент ҳамла карда, аслиҳа ба даст овардан мехостаанд. Баъд барои он, ки нерӯҳо аз марказ ба ёрӣ расида натавонанд, қасди тарконидани ағбаи Анзобро тарҳрезӣ кардаанд.”

Шариф Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд.

Шариф Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд.

Раёсати идораи корҳои дохилии Суғд ҳанӯз моҳи июли соли равон эълон дошта буд, ки 87 сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон, ба гумони мансубият ба гурӯҳҳои тундрави Ҳаркати исломии Узбакистон (ҲИУ), Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ ва ғайра мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи Шариф Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд, биноба маълумоти дар даст доштаи онҳо, 24 зани суғдӣ бо 34 кӯдаки худ ҳамроҳи шавҳарони худ, низ “дар урдугоҳҳои террористии кишварҳои хориҷӣ” қарор доранд.

Мушоҳидаҳо ҳокист, ки тақрибан дар 15 соли охир гароиши сокинони Суғд ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, шурӯъ аз ибтидои садаи 21 ва пайравони зиёд пайдо кардани созмони фаъолияташ мамнуи “Ҳизб-ут - таҳрир” умдатан дар дар Хуҷанду атрофи он, ба думбол густариши ҲИУ дар гӯшаву канорҳои Суғд ва инак, созмони “Ансоруллоҳ” назар ба манотиқи дигари Тоҷикистон бештар ба назар мерасад. Ва саволе ҳам матраҳ мешавад, ки сабаби ин дар чист?

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили амнияти минтақаӣ сабаби умдаи инро дар побарҷо будани ҷаҳонбинии динии сокинон мебинад. Вай меафзояд: “Дар вилояти Суғд демократияи исломӣ рушд дорад. Ва аз ин рӯ, ин ҷо баҳс ҳаст, мунозира ҳаст, имкони пайдоиши ҳар гуна ҷараёнҳо ва эҳтимоли зери таъсири онҳо мондани ҷавонҳо ҳам вуҷуд дорад.”

Ҷойгир будани вилояти Суғд дар минтақаи сераҳолии водии Фарғона, дар ҳамсоягии Узбакистон ва Қирғизистон, бекории фарогир ва муҳоҷирати кории густардаи сокинон, аз нигоҳи мусоҳибам, фазои холиеро барои гароиши қишри нодори аҳолӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои нави динӣ фароҳам кардааст.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои тоҷик дар ин робита мегӯяд, вилояти Суғд ҳанӯз аз охири солҳои 80-уми асри гузашта аз нигоҳи дастрасӣ ба таҳсилоти пинҳонии динӣ аз минтақаҳои Намангон ва Андиҷони Узбакистон ба таври чашмрас таъсирпазирӣ дошт: “Мардуми мо ба хотири таҳсили динӣ ба Намангону Андиҷон мерафтанд. Албатта, насли имрӯз ҳам, ки медонанд, ки падару бобоёни онҳо дар он минтақаҳо илми фиқҳ омӯхтаву таҳсил дидаанд, боз ҳам ба он минтақаҳо рӯ меоранд. Вале имрӯз ба ин роҳ ҷавонони моро дониш ва ақидаи мукаммали исломӣ надоштани онҳо мебарад. Онҳо аз ноогоҳӣ, кӯр - кӯрона ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ шомил шудани худро надониста мемонанд.”

Хонум Воҳидова афзуд, ақидаи созмони Ҳизб-ут-таҳрир ба вилояти Суғд аввалҳои асри 21 аз Узбакистон ворид шуда, байни аҳолии умдатан узбактабори маркази вилояти Суғд пайравони зиёде пайдо карда буд.

Ҳамчунин, бархе саромадони ҲИУ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон, аз ҷумла Расул Охунов, яке аз раҳбарони ин ҳаракат дар вилояти Суғд муддате зиставу ақидаи худро байни аҳолӣ тарғиб кардаанд. Расул Охунов бо 2 шарики худ -- яке Айюб Шаҳобидинов, сокини Исфара, ки гумонбари аслӣ дар куштори як рӯҳонии баптист дар маҳал номида мешуд, соли 2006 дар Ӯши Қирғизистон дар як амалиёти муштараки мақомоти қирғизу узбак кушта шуда буд. Вале таъқибу куштор ва ба ҳабс гирифтани даҳҳо фаъолони Ҳизб-ут-таҳрир ва ҲИУ ҷойи пои онҳоро барои фаъолият дар Тоҷикистон барои онҳо танг кард ва ҳоло онҳо дар Русия ба ҳам меоянд.

Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд созмонҳои нави “Ҷундуллоҳ” ва “Ансоруллоҳ”-ро, ки солҳои охир ба саҳнаи фаъолият дар Тоҷикистон ворид гаштаанд, шохаҳои ҳамон ҲИУ меномад, ки танҳо ном дигар кардаанд: “Ин ҳаракатҳо бо дастури раҳбарони Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ба майдон омадаанд." Ба гуфтаи вай, раҳбарони ҲИУ дар хориҷ аз Тоҷикистон амр додаанд, то пайравони ҲИУ дар ҳар кишвар бо номе дигар ва ҷудогона фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Аз нигоҳи таҳлилигарони маҳаллӣ, бекорӣ ва надоштани ақидаи дурусти исломӣ аз умдатарин сабабҳоест, ки роҳи сокинони вилояти Суғдро ба муҳоҷирати корӣ ба Русия ва дар рӯзҳои мо ба пайвастани онҳо ба созмон ва ҳаракатҳои динии тундрав боз гузоштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG