Пайвандҳои дастрасӣ

Модари Далер Иргашев, ҷавони сокини Истаравшан, ки ба иттиҳоми узвият дар созмони "Ансоруллоҳ" зиндонӣ шудааст, аз президент ва Додгоҳи олӣ илтиҷо дорад, ки писарашро афв намоянд.

Модаре аз Истаравшан, ки писараш бо гуноҳи фаъолият дар созмони “Ансоруллоҳ” 9 сол ҳабс шудааст, аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Додгоҳи Олӣ хоҳиш дорад фарзандашро ба “афви тилоӣ” ҳамроҳ кунанд ва ниҳоли умри ӯро аз шикастан ҳифз намоянд. Ба гуфтаи вай, писари ҷавонаш аслан бо ин созмони тундгаро иртиботе надошт ва аз “нодонӣ ва гумроҳӣ” ба роҳи хато рафтааст.

Мавҷуда Иргашева, модари Далер Иргашеви 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан аст, ки моҳи январи соли равон додгоҳи Хуҷанд ӯро дар як гурӯҳи 7 нафарӣ бо иртибот ба созмони “Ансоруллоҳ” барои 9 сол ба зиндон фиристода буд. Хонум Иргашева фарзанди худро “хатокор” меномад ва мегӯяд: “Писарам Далер ҳозир дар маҳбас, бисёр азоб кашида истодааст. Инҳо бачаҳои “гумроҳшуда”, “фиребхӯрда”, мумкин ин бачаҳакоро “аз оилаҳои камбағал” гуфта, касе фиреб дода, ба роҳи хато бурда бошад. Аммо инҳо ягон ҷинояти вазнин содир накардаанд. Барои ҳамин аз президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Додгоҳи Олӣ илтимосу илтиҷо менамоям, ки саҳву хатои бачаҳои моро бахшида, афв кунанд, дарахти умрашон дар ҳабсхона нашиканад.”

Мавҷуда Иргашева ва шавҳараш муаллиманд ва 3 фарзанд, ду писару як духтар доранд. Вай мегӯяд, онҳо манзил надоранд ва 5 сол инҷониб дар ба дар, дар хонаҳои иҷора, бо машаққату сахтӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Ба гуфтаи хонум Иргашева, писари маҳбусаш Далер моҳи апрели соли гузаштаи 2013 аз хидмати ҳарбӣ баргашта, бо тавсияи модараш дар дӯкони як соҳибкори маҳаллӣ ба ҳайси фурӯшанда ба кор даромада буд. Модараш Далерро ҷавони “намозхон” ва “қобил” ном мебарад ва мегӯяд:

“Далер касби кашергарӣ дошт. Аммо вай, ки харобу лоғар буд, дилам нашуд, ба ин кори вазнин машғул бошад. Ба як дӯкон, ба кори фурӯшандагӣ дароварда мондам. Ҳамон ҷо ягон 6 моҳ кор кард. Баъд моҳи январ буд, ки чанд шаб ба хона наомад ва мо сахт хавотир будем. Баъд шаби 4-уми январ ҳамроҳи кормандони шуъбаи 6-ум даромада омаданд. Ҳама ҷои хонаи моро кофтуков карданд. Либоси ҳарбияшро, ки овезон буд, “Қуръон” –ҳое, ки дар дӯконаш мефурӯхт, кофта диданд. Диданд, ки ҳамааш тоза, ҳеҷ чиз наёфтанд. Ман гиря карда пурсидам, гуфтанд, ки писари шумо ба як гурӯҳе, ки “Ансоруллоҳ” мегуфтаанд, шомил будааст, барои ҳамин боздошт кардем. Мо номи ин гурӯҳро то он вақт намедонистем ва писарам ҳам дар додгоҳ гуфт, ки ин гурӯҳро намедонад.”

Гурӯҳи 7 нафарии ҷавонони ҳабсшуда, ки дар байни онҳо писари хонум Иргашева низ буд, дар бозори Истаравшан ба кору тиҷорат машғул будаанд. Яке аз онҳо соли 2013 гӯё ба нияти иштирок дар ҷанги Сурия ба сафар баромадааст ва тоТуркия рафта, ба Тоҷикистон баргаштааст. Пеш аз сафар, вай ба рафиқонаш гуфтааст, ки барои таҳсил ба хориҷа меравад ва онҳо ҳар кадом 500 сомонӣ ҷамъ карда, ба вай ёрӣ додаанд. Додгоҳ онҳоро тибқи 5 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла “таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ”, “даъвати оммавӣ барои барҳам задани сохтори қонунии Тоҷикистон”, айбдор донист.

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои ду нафар аз афроди ин гурӯҳ мегӯяд, дар 5 соли охир ҳудуди 70 сокини ноҳияи Истаравшан бо гуноҳи фаъолият дар ҳизбу ҳаракатҳои тундрав зиндонӣ шудаанд, вале бархе аз онҳо, мисли Далер Иргашев аз “ноогоҳиву нодонӣ” ба ин гурӯҳҳо пайваста, паси панҷараи маҳбас фиристода шудаанд: “Аз он ки мардуми мо бештар фаҳмиш ва психологияи динӣ доранд, нерӯҳои тундгаро онҳоро “тӯъмаи осон”-и худ мегардонанд. Барои ин давлат ба тарбияи ҷавонон, таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ, ҷалб кардан ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ, роҳандозии барномаҳои фароғативу фарҳангиву илмӣ бештар машғул бошад, ки ҷавонони нодору бекор танҳову дар ҳошия намонанд. Ба мушоҳидаи ман, барои пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову роҳ сӯи Сурия пеш гирифтани онҳо, кору чораҳои амалие тақрибан ба назар намерасад.”

Сокинони оддӣ ва рӯҳониёни Истаравшан як сабаби аслии ба созмонҳои тундгаро ҳамроҳ шудани бархе ҷавонони маҳаллӣ ва дар сар “қасди ҷиҳод дар Сурия парвардани онҳоро ба “маълумот ва ақидаи саҳеҳи исломӣ” надоштани онҳо рабт медиҳанд. Зокирхон Насруллоев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи Истаравшан мегӯяд, “душманони хориҷӣ” ҷавонони нодори маҳаллиро, ки ақидаи саҳеҳи исломиву шароити иқтисодии хуб надоранд, дар муҳоҷирати кории Русия бо ваъдаи додани маблағ аз раҳ мезананд ва ба сафари Сурияву иштирок дар ҷанг ҷалб мекунанд. Ба гуфтаи вай, бархе аз ин гуна афроди “гумроҳгашта” фаъолияти худро дар ватан низ идома медиҳанд ва аз ҷониби мақомот дастгир мешаванд.

Вале Мавҷуда Иргашева, мусоҳиби авваламон, модари Далер мегӯяд, боздошти фарзандашу 6 рафиқаш барои ӯву модарони ҷавонони дигар ғайримунтазира буд. Вай афзуд, модарони ин ҷавонон хабари боздошту ҳабси фарзандони худро бо дарди амиқ қабул кардаанд, яке аз онҳо ба бемории рӯҳӣ печида, дигарӣ дар ҳолати беҳушӣ (кома) афтодааст.

Ҳоло охирин умеди онҳо аз раисҷумҳур ва Додгоҳи олии кишвар аст, ки бино ба “нодониву ноогоҳӣ” ба роҳи хато рафтан тибқи Қонуни афв аз гуноҳи фарзандони онҳо даргузаранд. Ва барои аз сар гирифтани зиндагии шикаставу ислоҳи “хатоҳо” - и худ ба онҳо шанс бидиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG