Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширин Ибодӣ: "Ба ҷои бамб, болои тундравҳо китоб бояд андохт"


Ширин Ибодӣ, фаъоли ҳуқуқи башар ва барандаи Ҷоизаи Нобел гуфтааст, гурӯҳҳои тундравро наметавон бо нерӯи низомӣ аз байн бурд.

Барандаи Ҷоизаи Нобел Ширин Ибодӣ-- фаъоли ҳуқуқи башар гуфтааст, истифода аз нерӯи низомӣ роҳи ҳалли аз байн бурдани гурӯҳҳои ифротӣ нест. Ширин Ибодӣ нахустин бонуи судя дар Эрон буд ва пас аз Инқилоби соли 1979 барканор шуд. Ӯ дар соли 2003 барандаи Ҷоизаи Нобел шуд.

Ӯ бовар дорад, ки ифротият ва бунёдгароиро наметавон бо нерӯи низомӣ аз байн бурд, балки баръакс истифода аз силоҳ, бунёдгароиро густурдатар ва нерӯмандтар месозад. Хонум Ибодӣ дар охирин мусоҳибаи худ бо хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибае, ки аз мубориза бо Толибон дар Афғонистон ба даст омадааст, бамбборони нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия фоидае надорад.

Ибодии 67-сола ин суолро матраҳ мекунад, ки бо харҷи ин ҳама пул ва вақт дар мубориза бо Толибон, "оё тавонистаем ин гурӯҳро аз байн бибарем? Посухи ин суолро ҳам худаш мегӯяд: "Мутаассифона, на."

Ширин Ибодӣ ба Франс-пресс гуфтааст, "гурӯҳи Давлати исломӣ монанди шохае аз Толибон аст. Ин гурӯҳ танҳо як гурӯҳи тундрав нест, балки як мафкура ва идеология аст ва бояд бо решаҳои он мубориза кунем. Агар решаҳояшро аз байн бибарем, қудрати густаришро аз даст хоҳад дод."

Ин барандаи Ҷоизаи Нобел бесаводӣ ва ноадолатиҳои иҷтимоиро решаҳои аслии тундравӣ медонад. Вай мегӯяд, "ба ҷои бамб бояд болои тундравоҳо китоб андохта шавад. Агар барои онҳо мактабҳои бисёр сохта шавад, шумо хоҳед дид, ки тундравон аз байн хоҳанд рафт."

Ширин Ибодӣ бархӯрди табъизомез бо мусалмонон дар кишварҳои ғарбиро ҳам яке аз сабабҳои афзоиши ҷунбишҳои тундрав дар ҷаҳон донистааст. Ибодӣ гуфт, "мебинем, ки чи қадар аврупоиҳо ба гурӯҳи Давлати исломӣ мепайванданд. Сабаби он чист? Иллат он аст, ки мусалмонҳои насли дувум дар Аврупо озор ва азият мешаванд ва бо онҳо мавриди табъиз қарор мегиранд."

Дар моҳи ҷорӣ, ҳамин суханони Ширин Ибодиро Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ҳангоми сафари Поп Франсис--раҳбари католикҳои ҷаҳон ба Анқара, гуфта буд.

XS
SM
MD
LG