Пайвандҳои дастрасӣ

Пайвандони Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик иддао доранд, ки ӯ аз сӯи ҳамхизматонаш латукӯб шудааст. Аммо масъулони қисми низомӣ мегӯянд, ки ӯ ба бемории "сурхакон" гирифтор шуда ва рӯҳан ба табобат ниёз дорад.

Пайвандони Меҳровар Мақсудов, сарбози қисми низомии 02011-и вазорати дифоъ мегӯянд, писарашон мавриди латукӯб қарор гирифта ва ҳамакнун дар Бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шудааст. Аммо масъулони қисми низомӣ иддао доранд, ки дар бадани Меҳровар “гул” баромада ва ба бемории “сурхакон” гирифтор шуда ва аз худ бехуд гашта ва рӯҳан ба табобат ниёз дорад.

Мунира Асоева, сокини маҳалаи Гулистони ноҳияи Рудакӣ, модари Меҳровар Мақсудов, рӯзи панҷшанбеи 24 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз воқиф шудан аз ҳодисаи латту кӯби фарзандаш дар қисми ҳарбии 08010 худаш бо мошини мусофирбар ӯро аз шӯъбаи табобатии қисми ҳарбӣ ба Госпитал ё Бемористони низомӣ, воқеъ дар маҳалаи 46-и шаҳри Душанбе бурдааст. Аммо ин модар мегӯяд, фарзандашро рӯзи 22 март аз Госпитали низомӣ дар шаҳри Душанбе ба Беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рудакӣ интиқол додаанд

Ба нақли Мунира Асоева, писараш Меҳровар Мақсудовдар курси дуюми Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе таҳсил мекард ва ҷисман обу тоб ёфта буд, дар даъвати тирамоҳии хизмат ба артиш, довталабона ба хизмат рафт. Меҳровар хизматро дар қисми ҳарбии 02011 Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оғоз намуда ва 24 декабр савганд низ ёд кард. Аммо дар аввали соли ҷорӣ ба хотири сипарӣ кардани давраи таълимӣ, аз Рашт ба қисми низомии 08010 интиқол ёфт.

Ба гуфтаи Мунира Асоева, 15 рӯзи пеш писараш Меҳровар дар ҳамин қисми низомӣ аз сӯи ҳамхизматонаш лату кӯб шудааст. Сабаби лату кӯби Меҳровар, он будааст, ки вай тарафи яке аз ҳамхизматонашро гирифтааст. Худи Меҳровар Мақсудов низ аз Беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ, ки хеле беҳол буд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт “дар хобгоҳи қисми ҳарбӣ вақте, ки як ҳамхизматамонро чанд нафари дигар таҳқир мекард, ман ӯро ҳимоя карда гуфтам, ки бас кунанд, лекин онҳо 6 нафар ҳамхизматҳо ба ман дарафтоданд ва дар сарам зарбаи сахт заданд, дигар намедонистам чӣ шуд ва баъдан ба ҳуш омадам”.

Меҳровар Мақсудов

Меҳровар Мақсудов

Аммо барои чӣ ӯро барои табобат ба беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ оварданд, пайвандонаш дар тааҷҷуб ҳастанд. Зеро масъулони қисми низомӣ иддао доранд, ки вай ба бемории “сурхакон” гирифтор шудааст.

Аммо яке аз фармондеҳони қисми ҳарбии “08010”-и вазорати дифоъ, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи латукӯб шудани Меҳровар изҳори назар накард, аммо гуфт, ки “ҳоло дақиқ намедонем, ки ба Меҳровар чӣ шудааст. Дар баданаш “гул” баромада буд ва касали сурхакон шуд ва ду ҳафта буд, худашро хеле бад ҳис мекард. Барои ҳамин пас аз пурра табобат бо Меҳровар сӯҳбат хоҳем кард ва дар бораи асли масъала чораҷӯӣ хоҳем намуд.”

Ин фармондеҳ дар посух ба ин суол, ки чаро Меҳровар на дар Госпитали низомӣ табобат гирифта, балки ба беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ интиқол дода шудааст? гуфт, “сарбоз бояд ҳаматарафа мавриди табобат қарор гирад. Зеро мумкин аст, бемории сурхакон ба мағзи вай асар карда ва ба ҷиҳати равониаш таъсир карда бошад.”

Ҷамшед Мақсудов, корманди дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон ҳам дар робита ба ин қазия гуфт, ки Меҳровар латукӯб нашуда ва дар бадани ӯ “шукуфа” ва ё “сурхакон” пайдо шудааст ва бинобар ҳамин ӯро барои табобат ба беморхонаи ҳарбӣ интиқол доданд. Аммо тавре Ҷамшед Мақсудов мегӯяд, дар беморхонаи ҳарбӣ дар рафтори Меҳровар ҳаракатҳои ғайримаъмулиро мушоҳида карданд ва бинобар ҳамин ӯро ба Беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, интиқол доданд. Ба гуфтаи ин масъули вазорати дифоъ, Меҳровар Мақсудов баъди ташхис аз Бемористони рӯҳӣ ба госпитали вазорати дифоъ оварда мешавад.

Аммо Мунира Асоева, модари Меҳровар мегӯяд, ки фармондеҳони қисми низомӣ бо хобондани вай дар Беорхонаи касалиҳои рӯҳӣ, мехоҳанд то, ҷиноятеро, ки дар нисбати писараш аз ҷониби ҳамхизматаонаш шудааст, ба ин восита пӯшонанд. Ба ин далел, пайвандони Меҳровар Мақсудов, нисбат ба латту кӯби вай дар қисми низомӣ, ба Додгоҳи низомии Тоҷикистон шикоят бурдаанд ва хостори таҳқиқи мунсифонаи ин ҳодиса шудаанд. Дар акси ҳол онҳо мегӯянд, ба ниҳодҳои салоҳиятдор, аз ҷумла додгоҳ шикоят мебаранд.

Зеро ба иддаои на танҳо Мунира Асоева, модари ин сарбоз, ҳатто ҳамсояҳои ин хонадон, Меҳровар то даъват ба хизмати сарбозӣ ва ҳодисаи ахир, ҷавони бардаму ҷисман сиҳат будааст.

Меҳровар Мақсудов соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст ва баъди хатми мактаби миёна ба Коллеҷи тарбияи ҷисмонии пойтахт шомил шуда ва моҳи октябри соли гузашта дар соли дуввуми таҳсил довталабона ба хизмати ҳарбӣ рафтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG