Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай чӣ мехоҳад: Идомаи қудрати шахсӣ ё истиқлолият?


Ҳомид Карзай баъд аз вокунишҳои шадид ба изҳороти ахири зиддиамрикоияш ақибнишинӣ кард ва гуфт, ки ҳадафаш "ислоҳи робитаҳои Афғонистон ва ИМА аст".

Раисиҷумҳури Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар нишасте дар Қасри раёсатиҷумҳурӣ дар Кобул афзуд, ҳар ду кишвар дар марҳилаи муҳими робитаҳои дуҷониба қарор доранд, аз ин рӯ табиист, ки ҳар яке мехоҳанд то аз манофеи худ дифоъ намоянд. Ба гуфтаи Ҳомид Карзай, мушкилоти ахир дар робитаҳои миёни Кобулу Вошингтон аз масоиле чун қазияи зиндони Багром ва талафоти мардуми осоишта дар ҳамлаҳои нерӯҳои НАТО сарчашма мегирад. Ҳомид Карзай таъкид кард, ки «мо бо Амрико равобити нек мехоҳем, дӯстӣ мехоҳем, вале дӯстии миёни ду миллати мустақил».


Генерал Ҷезеф Данфорд

Генерал Ҷезеф Данфорд

Аз ин пеш Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон, ба зердастонаш ҳушдор дод, ки бо назардошти баёнияҳои баҳсбарангези зиддиамрикоии Ҳомиди Карзай шояд мавриди ҳамлаҳои бештар қарор бигиранд. Дар изҳороти ӯ омадааст, ки ҳоло муносибатҳои ду тараф “ноҳамвор” аст ва ҷангҷӯён шояд аз ин фурсат истифода кунанд.

Изҳороти генерали амрикоӣ ба думболи баёнияи Карзай дар чанд рӯзи қабл садо дод, ки гӯё дипломатҳои ИМА пушти сари Кобул ҳар рӯз бо “Толибон” дар Аврупо ва Қатар мулоқот мекунанд. Ҳомид Карзай рӯзи якшанбе, 10 март, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул изҳор намуд, ки толибон ҳамлаҳо ба Афғонистонро ба он хотир идома медиҳанд, ки ба ИМА соҳибқудрат будани худро намоиш диҳанд. Як рӯз аз ин пеш бар асари ҳамлаҳои маргталабона дар Хуст ва дар канори бинои вазорати дифои Афғонистон дар маркази шаҳри Кобул, дасти кам 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамлаҳо замони ташрифи вазири нави дифои Амрико Чак Ҳегел ба Афғонистон ба вуқӯъ пайвастанд. Аз нигоҳи Карзай, ин гуна ҳамлаҳои толибон бояд мардуми маҳаллиро мутмаин созанд, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 вазъи амниятӣ дар кишвар ба карат бадтар хоҳад шуд.

Сиёсатшиносон мегӯянд, танише, ки аз мушкили интиқоли маҳбаси пойгоҳи низомиии Багром ба ихтиёри нерӯҳои афғон шурӯъ шуд, моҳи гузашта баъд аз дастури Ҳомиди Карзай ба вазири дифои кишвар Бисмиллохон Муҳаммадӣ барои аз вилояти Вардак берун кардани нерӯҳои махсуси Амрико амиқтар шуд. Карзай амрикоиҳоро дар ҷабру ситам алайҳи мардуми маҳаллӣ айбдор кард ва нерӯҳои афғон хост, ки аз ин баъд ҳавопаймоҳои Амрикоро барои ҳамлаҳо даъват накунанд.

Ба гуфтаи сиёсатшиносон, Ҳомид Карзай моҳҳои ахир мехоҳад худро дар зеҳни мардуми афғон чун як чеҳраи миллӣ, ватандӯст, пуштибони афғонҳо ва мунаққиди нақши нерӯҳои хориҷӣ дар кишвар муаррифӣ кунад ва ба ин васила заминаро барои интихоб шудани номзади пешниҳодкардааш дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Афғонистон фароҳам созад.

Ба гуфтаи Малик Ситез, сиёсатшиноси афғони муқими Кобул, инро метавон чун як корзори сиёсӣ ва як бахши маъракаи бузурги сиёсии роҳандозикардаи Карзай арзёбӣ намуд. Ӯ вокунишҳои шадидуллаҳни Карзайро бо чанд омил рабт медиҳад. Омили аввал, ба гуфтаи Малик Ситез он аст, ки Карзай ва ҳукуматаш натавонистаанд ҳимояти мардумро ба даст оварад ва ин ношӣ аз заъфи қонун, фасоди густурдаи идорӣ ва афзоиши бекорӣ дар кишвар мебошад. Ӯ меафзояд, омили дуввум “заъф дар эҷод ва шаклгирии стратежии созанда дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва сиёсати равобити байнулмилалии оғои Карзай аст”. Малик Ситез омили сеюм – набудани сохторҳо ва механизмҳои миллиеро номид, ки тавонад стратежики байнулмилалӣ, аз ҷумла, Паймони ҳамкориҳои стратегӣ бо Амрикоро дар худ ҳазм намояд” Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба омилҳои боло Амрико болои Карзай фишор меоварад, ки сарвари Афғонистонро нороҳат ва барои пахши изҳороти шадидуллаҳн водор месозад.

Аз нигоҳи Малик Ситез, дар ин авохир бӯҳрони эътимод миёни Афғонистон ва кишварҳои ғарбӣ, ба вижа, Амрико густариш ёфтааст ва ин бӯҳрон аз он манша мегирад, ки ИМА дар ҷанг бо терроризм “ҷуғрофиёи муайянеро дар назар надорад, гоҳе ин ҷуғрофиё бо Афғонистон рабт мегирад, гоҳе бо Покистон. Карзай бошад мутмаин аст, ки манбаи асосии терроризм Покистон аст".

Ҳамчунин, ба гуфтаи сиёсатшинос, мақомоти Амрико ҳар қадами Карзайро назорат мекунанд, ки ин боиси асабонияти ӯ мегардад. Аз сӯи дигар, Карзай дар сиёсати хориҷии худ сиёсати фардгароӣ ва мутлақгароӣ эҷод кардааст, ки “даҳлези гуфтумони созанда миёни афғонҳо ва Ғарбро бастааст”.

Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, таҳлилгари афғон, мегӯяд, тайи ин ҳама солҳо Карзай зери ҳимояти Амрико буд ва аммо боре садо баланд накард, ки намехоҳад арӯсак ё дастнишондаи Вошингтон бошад. Ӯ меафзояд, Карзай тасаввур мекард, ки Амрико дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2014 аз номзади пешниҳодкардааш пуштибонӣ хоҳад кард, вале маълум шуд, ки ин тавр нест. Наҷиб Маҳмуд мегӯяд, “феълан раисиҷумҳур мушкилоти амниятӣ, мушкили фасод, мушкили фақр, мушкили бекорӣ, мушкили Покистону “Ал-Қоида”-ро як сӯ гузошта, ба таниш бо нерӯҳои амрикоӣ шурӯъ кардааст. Ӯ бо ин кораш ду ҳадафро таъқиб мекунад –ҳам сиёсатро барои “Толибон” мусоид мекунад ва ҳам мехоҳад аз амрикоиҳо ҳаққи сукут бигирад, ки хуб, шумо агар бо мо қарордод мекунед, пас аз соли 2014 касеро, ки ман барои раҳбарӣ интихоб мекунам, бояд бипазиред”.

Дар ҳамин ҳол дар маҳофили сиёсии Афғонистон ҳадс мезананд, ки Карзай мехоҳад бародараш Маҳмудро ҷойгузини худ дар мақоми сарвари Афғонистон бубинад. Маҳмуд Карзай аввалҳои ҳамин сол аз шаҳрвандии Амрико даст кашид ва эълом дошт, ки ба фаъолиятҳои сиёсӣ дар Афғонистон оғоз мекунад. Ӯ 57 сол дорад ва аз тоҷирони сарватманд маҳсуб мешавад. Маҳмуд Карзай солҳо дар ИМА ба тиҷорат дар бахшҳои бонкдориву маодан ва моликияти ғайриманқул машғул буд ва то ҳол соҳиби тарабхонаҳо дар шаҳрҳои Сан-Франсиско, Бостон ва Балтимор аст.
XS
SM
MD
LG