Пайвандҳои дастрасӣ

Асадулло Иброҳимов, ки барои лақаби "ҷодугар" аз матбуот домангир шудааст, мегӯяд, гуноҳ надорад ва ҳарчӣ дар ҳақи ӯ гуфтаанд, ҳамагӣ тӯҳмат будааст.

Рӯзи чаҳоршанбе Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ҳафт соли зиндон алайҳи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба «муллои ҷодугар»-ро бетағйир гузошт. Масъулони додгоҳи шаҳри Душанбе дар шарҳи ин қарор гуфтанд, ки ҷурми Иброҳимов бо факту далел исбот шудааст.

Фахриддин Дадаметов, раиси мурофиаи додгоҳӣ дар парвандаи Асадулло Иброҳимов, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар ҳаракатҳои ҷаноби Иброҳимов аъмоли ҷиноят дида мешуд, додгоҳи шаҳри Душанбе низ ҳукми додгоҳи зинаи поёниро бетағйир гузошт.

Аммо худи Асадулло Иброҳимов дар ҷараёни мурофиа бори дигар ба бегуноҳии худ ишора кард ва аз додгоҳи таҷдиди назар хост, ки ӯро бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ ва падари 8 фарзанди ноболиғ буданаш, бо пардохти ҷарима аз зиндон озод кунад.

Асадулло Иброҳимов ҳамроҳи ҳамсараш дар толори додгоҳ.

Асадулло Иброҳимов ҳамроҳи ҳамсараш дар толори додгоҳ.

Иброҳимов гуфт, ки дар СИЗО ё боздоштгоҳ хотирааш заъиф шудааст ва аз дарди ҷигар азият мекашад. «Дар рӯзномаву воситаҳои ахбори ома зиёд менависанд, ки «муллои ҷодугар». Ин ҳамааш дар ҳақи ман тӯҳмат аст. Агар ман ҷоду карда метавонистам, аз маҳбас барвақт баромада мерафтам», - гуфт Иброҳимов.

Пайвандони Асадулло Иброҳимов, ҳукми додгоҳи шаҳри Душанберо ноодилона хонданд ва гуфтанд, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон ғайримунсифона сурат мегиранд.

Пайвандони Иброҳимов умед доштанд, ки додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои пойтахтро бекор ва ё ҷазоро дар нисбати вай сабуктар мекунад.

Ин аст, ки Асадулло Ғоибов, яке аз пайвандони «муллои ҷодугар» дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, дигар ба додгоҳҳои Тоҷикистон эътимод надорад ва ҳоҷати дигарбора шикоят бурданро намебинад:


«Дигар шикоят ҳам ҳеҷ фоидае надорад. Куҷо равем шикояткунӣ. Суди олӣ? Мо фикр доштем ҳамин суди шаҳрияш воқеиятро дида мебарояд. Инаш ҳам нашуд. Дигар чӣ гап занем? Фикр мекунам Суди олӣ ҳам ҳамин хел шуда мегузарад.»

Мавлудхон Салиҳов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов.

Мавлудхон Салиҳов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов.

Дар ҳамин ҳол, бо он ки Мавлудхон Салиҳов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов умед ба раҳоии зерҳимояаш дошт, ҳамакнун мегӯяд, ки ҳатман ба додгоҳи марҳалаи болоӣ шикоят хоҳад бурд. Чун, ба гуфтаи вай, ҳимоят далелҳои кофӣ дар даст дорад, ки зерҳимояаш мавриди фиребу найранги фарди ҷабрдида қарор гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 24-уми октябр Асадулло Иброҳимовро бо ҷурми қаллобӣ ва ҳаракатҳои зӯроварие, ки хусусияти шаҳвонӣ доранд, ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда буд.


Додгоҳи ноҳияи Сино 24-уми октябр «муллои ҷодугар»-ро мутобиқ ба моддаҳои 139, қисми 2, банди "а" ва моддаи 247, қисми 2, банди "а" ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуда дар ҳаҷми 365 нишондод, ки баробар ба 14 600 сомонӣ аст, ҷарима кард. Бар асоси ин ҳукми додгоҳ, Асадулло Иброҳимов баъди адои ҳукм боз барои 5 соли дигар аз ҳақи фаъолият ҳамчун мулло маҳрум карда шуд.

Навори видеои «муллои ҷодугар» дар моҳи август дар телефонҳои ҳамроҳ ва шабакаи Интернет пайдо шуда, баҳси пуршӯреро, бахусус дар сӯҳбатҳои мардум ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет ба бор овардаст.

Дар ин навор як зану як мард дида мешаванд ва гӯё мард бо қироати сураҳои Қуръон занро гӯё муолиҷа мекунад. Аммо вай ҳангоми қироат ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад. Зан ба ин ҳаракатҳо зоҳиран мухолифате намекунад. Мақомоти тоҷик ин "муллои ҷодугар"-ро, ки сокини Лучоб Асадулло Иброҳимов ва аз фарзандони як рӯҳонии бонуфузи кишвар будааст, поёни моҳи август боздошт карданд.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG