Пайвандҳои дастрасӣ

Навори "муллои ҷодугар" ба додгоҳ меравад


Телевизиони давлатии Тоҷикистон низ навори мазкурро намоиш додааст.

Телевизиони давлатии Тоҷикистон низ навори мазкурро намоиш додааст.

Ин навор ҳоло баҳси пуршӯреро дар шабакаҳои иҷтимоии узбакӣ ва қирғизӣ ба бор оварда ва аз телефон ба телефон мекӯчад.

Дар навор як зану як мард ҳузур доранд, ки яке табиб ва дигаре бемор аст. "Табиб" бо қироати сураҳо ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад.Мақомоти тоҷик ин наворроо маҳкум ва "муллои ҷодугар"-ро, ки Асадулло Иброҳимов ном дошта, гуфта мешавад аз фарзандони як руҳонии бонуфузи кишвар будааст, боздошт карданд.

Тафтиши парвандаи Асадулло Иброҳимов, ки аз ӯ акнун “муллои ҷодугар” ном мебаранд, рӯзҳои наздик анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол мешавад.Дар ин бора ба Радиои Озодӣ муфаттиши парванда Баҳриддин Эмомов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, алайҳи Асадулло Иброҳимов аз рӯи банди 139-уми Кондекси ҷиноии Тоҷикистон - “ҳаракатҳои зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ дошта” айб эълон шудааст. Агар гуноҳи муттаҳам дар додгоҳ собит шавад, ба ӯ аз панҷ то ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.


Муфаттиш бо ишора ба сирри тафтишот аз ибрози ҷузъиёти бештар худдорӣ кард ва аммо гуфт, “ҳарчанд ба ин парванда мӯҳри “махфӣ” зада нашудааст, бар пояи қонун, додгоҳ пушти дарҳои баста муҳокима мешавад, зеро ба ҳаёти ҷинсии шаҳрвандон рабт мегирад”.

Пахши навори шаҳвонӣ дар Youtube баҳсҳои доғеро дар шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои ҳамсоя ба бор овард. Баҳскунандаҳо аз он норозианд, ки ин мард бо суиистифода аз каломи муқаддас ба ҳадафҳои шаҳвониаш расидааст.

Торнамои вазорати умури дохилии Тоҷикистон менависад, ки “шаҳрванд Иброҳимов Асадулло Халилович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Лучоб, рӯзи 12-уми августи соли равон аз ҳолати оҷизонаи Р.З, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, истифода намуда, дар манзили истиқоматиаш бо ў ҳаракатҳои дорои хусусиятҳои шаҳвонӣ кардааст”. Сухангӯи вазорат шарҳ додааст, ки боздоштшуда ба баҳонаи аз тариқи дуохонӣ аз маризӣ раҳо кардани духтарон бо онҳо муносибати маҳрамона доштааст.

Маълум нест, ки ин наворро кӣ бардоштааст ва кӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст. Аммо аксари баҳскунандаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, дар ҳоле, ки мусалмонони тоҷик ба таҳдиди сӯзонидани Қуръон аз ҷониби як роҳиби насронӣ хашмгин мешаванд, вале ҳаракатҳои шаҳвонии як муллоро, ки каломи муқаддас дар забон домани зани бегонаро боло мекунад, нодида мегиранд.

Чанд моҳи пеш марди дигаре, ки гуфта мешуд руҳонӣ будааст, саҳнаи ҳамхобагии худро бо зане ба навор бардошт, вале тасодуфан телефонашро гум кард. Баъдан ин телефон ба дасти каси дигар афтод ва навор ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Аз шӯъбаи милисаи ноҳияи Синои пойтахт ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Асадулло Иброҳимовро кормандони ин шӯъба дастгир кардаанд. Нарзулло Нидоев, ки қаблан ба сифати нозири минтақаии ин ноҳия дар кӯчаи Лучоб фаъолият кардааст, мегӯяд, Асадулло Иброҳимов аз хонаводаи бонуфузи рӯҳонӣ ва бародараш Убайдулло пешнамози масҷиди ҷомеъ аст. Аммо ӯ дар мавриди таҳсили динӣ доштан ё надоштани Асадулло Иброҳимов изҳори бехабарӣ кард.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Асадулло Иброҳимов на мулло аст ва на имом-хатиб, балки як диндори оддист. Ӯ афзуд, ки ин гуна рафтор бояд муҷозот шавад, зеро “вақте кас сураҳои Қуръонро ба забон меовараду ҳамзамон даст ба ин амалҳо мезанад, қобили қабул нест ва ин кори фарди мусалмон ҳам нест”. Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, аз рӯи иттилои ӯ, Асадулло Иброҳимов ба ягон ҳизбу ҷунбиши исломӣ пайванд надорад.

Дар ҳамин ҳол Сайидумар Ҳусейнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, мумкин аст ин як фитна барои бадномсозии рӯҳониён бошад: “Мо шоҳиди он ҳастем, ки бисёре аз муллоҳоро худи ҳукумату худи кормандони амниятӣ зери назорат мегиранд ва бо нишондоди онҳо ин афрод масҷиду минбарҳоро соҳиб мешаванду на амри Худову паёмбар, балки амри ҳукуматдорону амниятиҳоро иҷро мекунанд”, мегӯяд сиёсатмадори тоҷик. Саодат Амиршоева, дигар вакили парлумони Тоҷикистон, низ мегӯяд, ки “мулло”-ҳое чун Асадулло Иброҳимов ҳам обрӯи дини мубини ислом ва ҳам обрӯи кишварро мерезонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG