Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Муллои ҷодугар" гуноҳашро қисман ба гардан гирифтааст


Лаҳзаи ба додгоҳ овардани Асадулло Иброҳимов

Лаҳзаи ба додгоҳ овардани Асадулло Иброҳимов

Асадулло Иброҳимов, маъруф ба "муллои ҷодугар" дар ҷараёни мурофиа гуфтааст, ки дар ҷинояте, ки муттаҳҳам мешавад, қисман худро гунаҳкор медонад.

Исмоил Давлатов, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Сино ва қозии ин парванда пурсарусадо рӯзи 21 октябр дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки "Асадулло Иброҳимов тибқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаи 139, қисми 2, банди "а", яъне "ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта" ва моддаи 247, қисми 2, банди "а", яъне қаллобӣ, мутаҳҳам дониста мешавад."

Ин муҳокима аз рӯзи 18 октябр идома дорад ва ибтидо қарор буд, ки қозӣ алакай рӯзи 21 октябр ҳукмашро эълон кунад.

Ба Исмоил Давлатов, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Сино ва қозии ин парванда.

Исмоил Давлатов, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Сино ва қозии ин парванда.

гуфтаи ҷаноби Давлатов, имрӯз худи мутаҳҳам Асадулло Иброҳимов пурсида шуд ва ӯ худро дар ин ҷиноят қисман гунаҳкор донистааст. Асадулло Иброҳимов дар ҷараёни мурофиа дар мавриди навори видеоии нашршуда гуфтааст, ки гӯё он зан ӯро ба ин кор водор карда бошад. Исмоил Давлатов аз ироаи ҷузъиёти дигари ин парванда худдорӣ кард.



Интизор меравад, ки ҳукми Асадулло Иброҳимов, маъруф ба "муллои ҷодугар" оати 14.00, рӯзи чоршанбеи 23 октябр эълон шавад. Қаблан интизор мерафт, ки додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 21 октябр ҳукми Асадулло Иброҳимовро эълон кунад.

Саҳнаи ба додгоҳ ворид шудани гумонбар


Муҳокимаи парвандаи Асадулло Иброҳимов бо иттиҳоми “ҳаракатҳои зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ дошта” дар додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 18 октябр шурӯъ шуд. Қозии парванда Исмоил Давлатов қабл аз шурӯъи муҳокима гуфт, ҳарчанд парванда мӯҳри "махфӣ" надорад, вале муҳокимааш бо хоҳиши ҷониби ҷабрдида пушти дарҳои баста сурат мегирад.




Аммо наздикони Асадулло Иброҳимов, ки рӯзи ҷумъа дар беруни дари додгоҳ ҳамроҳи хабарнигорон мунтазири анҷоми мурофиа буданд, гуноҳро бар сари зани ҷабрдида бор мекарданд. Яке аз онҳо бидуни бурдани ном гуфт: «Айб аз худи ҳамон зан аст. Шумо надидед, ки дар навор ҳам ҳамон зан худашро дар гардани мулло овезон мекунад?».

Наздикони Асадулло Иброҳимов пас аз анҷоми мурофиа ва ҳангоми ба мошини «конвой» савор шудани ӯ давраш ба гунае ҳалқа заданд, то монеъи аксбардории хабарнигорон шаванд. Зани Асадулло Иброҳимов, ки пас аз пахши видеои моҷароомез бо лақаби «Муллои ҷодугар» машҳур шуд, ба хабарнигорон чизе гуфтан мехост, аммо яке аз пайвандони Иброҳимов даҳонашро дошта, ӯро гирифта бурд ва нагузошт ҳарф занад. Ҳамаи шоҳидони даъватшуда низ аз додани шарҳ худдорӣ карданд.

Танҳо вакили мудофеъи «муллои ҷодугар», ки он ҳам аз гуфтани ному насабаш худдорӣ кард, афзуд, ки «Рӯзи душанбе соати 10:00 ҳукмро мехонанд. Ҳамон вақт ҳамаашро мегӯем. Дар ҳоли ҳозир, мо чизе гуфта наметавонем, зеро ин фишор болои додгоҳ мешавад.»

Навори видеои «муллои ҷодугар», ки ду моҳ пеш пайдо шуд, дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет баҳси пуршӯреро ба бор овардаст.

Дар навор як зану як мард дида мешаванд ва гӯё мард бо қироати сураҳои Қуръон занро мебояд муолиҷа кунад. Аммо вай ҳангоми қироат ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад. Зан ба ин ҳаракатҳо зоҳиран мухолифате намекунад. Мақомоти тоҷик ин "муллои ҷодугар"-ро, ки сокини Лучоб Асадулло Иброҳимов ва аз фарзандони як рӯҳонии бонуфузи кишвар будааст, ҳанӯз дар поёни моҳи август боздошт карданд.

Нашри навори ин "мулло" дар Интернет ҳангомаи зиёде ба по карда буд:


Тафтиши парвандаи Асадулло Иброҳимов тавассути додситонии ноҳияи Сино дар аввалҳои моҳи ҷорӣ анҷом ёфта ба додгоҳ фиристода шуд. Тафтиши парвандаро Баҳриддин Эмомов, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино бар дӯш дошт ва ба гуфтаи вай, алайҳи Асадулло Иброҳимов аз рӯи банди 139-уми Кондекси ҷиноии Тоҷикистон - “ҳаракатҳои зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ дошта” иттиҳом эълон шудааст. Дар сурати собит шудани гуноҳи Асадулло Иброҳимов, ба ӯ аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳудуди ду моҳи пеш наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид, ки баҳси пуршӯреро ба бор овард. Дар навор як зану як мард ҳузур доранд, ки яке зоҳиран "табиб" ва дигаре бемор аст. "Табиб" бо қироати сураҳо ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад. Ин навори видеоӣ маҳкумияти зиёди тамошобинонро ба бор овард. Мақомоти тоҷик низ ин наворро маҳкум ва дар пай "муллои ҷодугар"-ро, ки Асадулло Иброҳимов ном дошта, гуфта мешавад аз фарзандони як руҳонии бонуфузи кишвар будааст, боздошт карданд.

Пахши навори шаҳвонӣ дар Youtube баҳсҳои доғеро дар шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои ҳамсоя низ ба бор овард. Баҳскунандаҳо аз он норозианд, ки ин мард бо суиистифода аз каломи муқаддас ба ҳадафҳои шаҳвониаш расидааст.

Аммо хабари боздошти "муллои ҷодугар" - ро вазорати корҳои дохилӣ тариқи торнамои худ чунин баён карда буд: “Шаҳрванд Иброҳимов Асадулло Халилович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Лучоб, рӯзи 12-уми августи соли равон аз ҳолати оҷизонаи Р.З, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакиро истифода намуда, дар манзили истиқоматиаш бо ў ҳаракатҳои дорои хусусиятҳои шаҳвонӣ кардааст.” Сухангӯи вазорат шарҳ додааст, ки боздоштшуда ба баҳонаи аз тариқи дуохонӣ аз маризӣ раҳо кардани духтарон бо онҳо муносибати маҳрамона доштааст.

Аз шӯъбаи милисаи ноҳияи Синои пойтахт ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд, ки Асадулло Иброҳимовро кормандони ин шӯъба дастгир кардаанд. Нарзулло Нидоев, ки қаблан ба сифати нозири минтақаии ин ноҳия дар кӯчаи Лучоб фаъолият кардааст, мегӯяд, Асадулло Иброҳимов аз хонаводаи бонуфузи рӯҳонӣ ва бародараш Убайдулло пешнамози масҷиди ҷомеъ аст. Аммо ӯ дар мавриди таҳсили динӣ доштан ё надоштани Асадулло Иброҳимов изҳори бехабарӣ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG