Пайвандҳои дастрасӣ

"Муҳокимаи халқӣ" барои иштироки фарзандон дар ҷангҳои Сурия


Ҷангиёни узбак дар Сурия

Ҷангиёни узбак дар Сурия

Телевизиони давлатии Узбакистон навореро намоиш дод, ки дар он раисону сокинони маҳаллаҳо падару модаронеро, ки фарзандонашон ба Сурия рафтаанд, зери бори танқиду таҳқир гирифтаанд.

Дар як навори телевизиони давлатии Узбакистон раисон ва сокинони маҳаллаҳо дар Бухорову Андиҷон ва Сурхондарё волидонеро, ки фарзандонашон ба ҷангҳои Ироқу Сурия рафтаанд, дар ҳузури худи онҳо мазаммату таҳқир карда, ҳатто зери зарбу лат гирифтанӣ мешаванд. Ин навор рӯзи 26 январ намоиш дода шудааст.

Мусоҳибони бахши узбакии Озодӣ мегӯянд, ки дар ин барнома таъкид шудааст: "Сарзамини муқаддаси мо асрҳои аср бо оилаҳои намунавӣ маъруф буд. Касеро, ки ғами ояндаи фарзандонашро намехӯрд, намебахшиданд. Боис ба таассуфи зиёд аст, ки ҳол бархе аз хонаводаҳо масъулияти падару модариро фаромӯш карда ва фарзандони худро ба сифати хоини ватан тарбия кардаанд".

Ба қавли манобеи Озодӣ, дар навор падару модароне ба чашм мехӯрданд, ки фарзандонашон ба Сурия рафта ва онҳо бо сари хам дар ҳамоиш ҳузур доштанд. Сокинони маҳаллӣ ба навбати худ ин афродро нафрину таҳқир кардаанд.

Абдураҳмон Ташанов, хабарнигор аз Тошканд, ки ин наворҳоро тамошо кардааст, гуфт, “чунин тасаввур меравад, ки дар таҳияи ин саҳна давлат даст надошта ва ин ҳама бо ибтикори маҳалла (ниҳоди ҷамъиятӣ) сурат гирифтааст. Аммо дар асл хадамоти амниятӣ издиҳомро идора мекунад. Раисони маҳалла валвала мекунанд. Бароям вазъи падару модарон аз Бухоро риққатовар буд. Раиси маҳалла бо садои баланди “Аз зиндагӣ бо чунин афрод ҳазар бояд кард” бархе аз онҳоро қасди задан кардааст.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ташанов, фарзандони ин афрод ҳанӯз дар додгоҳ муҳокима нашуда, барояшон айб низ эълон нагардидааст.

Сурат Икромов, раиси Гурӯҳи ташаббускори мудофеони ҳуқуқи башари мустақил дар Тошканд, мегӯяд, ки қаблан низ дар мубориза бо гурӯҳҳои “ваҳҳобӣ” ва “ҳизб-ут-таҳрир” аз чунин услуб истифода шуда, аммо фишорҳо болои хонаводаҳои ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Узбакистон собиқа надоштааст.

Ӯ гуфт, "тибқи қонун ин амал нодуруст аст. Падару модар чӣ гуноҳ дорад? Кадом падару модар мехоҳад, ки фарзандаш ба ҷанг раваду кушта шавад? Бештари онҳо бовар дошанд, ки фарзандонашон барои кор ба Русия рафтаанд. Агар ҷангии узбак дар Сурия ноболиғ мешуд, он вақт падару модар масъулият дорад. Аммо фарзанди ба балоғат расида мустақил аст. Падару модари таҳқиршуда ҳаққи ба додгоҳ кашидани масъулони барномаро доранд."

Очил Мирзоев, як фаъоли маҳалла дар вилояти Ҷиззах ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз тамошои ин баронмаи телевизиони давлатӣ дар маҳалла бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад. Ҳарчанд дар маҳаллаи онҳо касе ба Сурия нарафтааст, аммо бо хонаводаҳое, ки фарзандаонашон қасди таҳсил ё кор дар хориҷи кишварро доранд, чунин суҳбатҳо аноҷм мешавад.

Дар зимн, 14 январи соли ҷорӣ Радиои Озодӣ аз тақдири фоҷиабори Шаҳодат Баҳодурова, муаллимаи 53-солаи вилояти Қашқадарёи Узбакистон хабар дода буд, ки дар пайи боздошти писараш ба иттиҳоми таблиғи “Давлати исломӣ” мавриди таҳқиру озори масъулони маҳалла ва фишори кормандони Хадамоти амнияти миллӣ қарор гирифта ва худро ба дор кашид.

Тибқи иттилои манобеи ғайрирасмӣ, феълан аз 500 то 3 ҳазор тан аз шаҳрвандони Узбакистон ба саффи гурӯҳҳои мухталифи тундрав дар Сурия ва Ироқ шомил шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ба иттилои расмӣ ҳудуди 1000 тан аз шаҳрвандони кишвар кишвра ба ҷангҳои Ироқу Сурия рафта, то кунун хабари ҳалоқати тақрибан 200 нафари онҳо расидааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки агар шаҳрвнадони кишвар бо хоҳиши худ аз ҷангҳои Ироқу Сурия ба ватан баргашта, изҳори пушаймонӣ кунанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. Ба иттилои мақомот то кунун ҳудуди 60 ҷанги собиқ дар Ироқу Сурия мавриди афв қарор гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG