Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама барои нахустин бор дар симати раисиҷумҳури Амрико ба масҷид меравад. Ба иттилои Кохи Сафед, ин гом бо ҳимоят аз озодиҳои мазҳабӣ ва дар ҳоле бардошта мешавад, ки дар Иёлоти Муттаҳида сатҳи исломситезӣ хело боло рафтааст.

Қарор аст, ки Барак Обама рӯзи 3 феврал аз масҷиди шаҳри Балтимор дидан ва дар ҳузури раҳбарони ҷомеъаи мусалмонҳо суханронӣ кунад.

Кохи Сафед рӯзи 31 январ изҳор намуд, ки Обама ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми мусалмонҳои амрикоӣ дар рушди кишвар ва муҳим будани озодиҳои мазҳабӣ барои тарзи зиндагии амрикоӣ ба масҷиди Балтимор меравад.

Аз ин пеш Барак Обама аз амрикоиҳо даъват намуд, ки аз баёнияву шиорҳои зиддимусалмонӣ даст бардоранд. Ин даъват қабл аз ҳама ба довталаби мақоми номзад ба раисиҷумҳури Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дахл дорад. Трамп баъд аз тирандозӣ дар шаҳри Сан-Бернардинои аёлати Калифорния даъват карда буд, ки вуруди мусалмонҳо ба Амрико манъ карда шавад. Ҳамла ба маркази кӯмаки иҷтимоӣ дар шаҳри Сан-Бернардино рӯзи 2 декабри соли гузашта сурат гирифт ва дар он 14 нафар кушта ва беш аз 20 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Омилони ҳамла - Ташфин Малик ва шавҳараш Сайёд Форуқ рӯзи 3 декабр дар тирандозӣ бо пулис кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

Изҳороти Трамп боиси вокуниши шадиди мусалмонҳои Амрико ва ҷаҳон шуда буд.

XS
SM
MD
LG