Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду раҳбари собиқи Ожонси зиддифасод боздошт шудаанд


Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи ду раҳбари собиқи ин идора дар иртикоби қазияи маъруф ба “парвандаи исфарагиҳо” парвандаи ҷиноӣ боз ва ҳардуро боздошт кардааст.

Ожонси зиддифасод дар хабари расмие, ки рӯзи 14 май нашр кард, мегӯяд, “дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ директори ҶСШК «Заводи кимиёвии шаҳри Исфара» Ҷўраев Низомхон Ҳайдарович 13 майи соли 2013 аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Ғоибов Эмом Назарович бо моддаҳои 319 қисми 4 бандҳои «г», «в» (гирифтани пора ба миқдори махсусан калон) ва 345 қисми 3 КҶ ҶТ (монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ ва тафтишоти пешакӣ) ва собиқ сардори шўъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Очилов Одилҷон Иномҷонович бо моддаи 247 қисми 3 (қаллобӣ) ва 319 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарии гурўҳи фаврӣ-тафтишотиро ба ўҳда доштанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.”

Бино бар ин хабар, Эмом Ғоибов ва Одилҷон Очилов “бо назардошти вазнин будани ҷиноятҳои содирнамуда” дастгир шуда, дар боздоштгоҳи Ожонси зиддифасод нигоҳ дошта мешаванд.

Қазияи Низомхон Ҷӯраев, ки баъди чандин соли фирор моҳи апрели соли 2012 ба таври мармуз ба Душанбе баргашт, аз пурсарусадотарин парвандаҳоест, ки инак, сари чандин мақоми баландпояи ниҳодҳои тафтишотии Тоҷикистонро “мехӯрад.” Дар иртикоби “парвандаи исфарагиҳо” дар маҷмӯъ 33 нафар ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифта буданд, вале ҳоло бовар меравад, ки ҷараёни таҳқиқи парвандаҳои онҳо ба як манбаъи ришвахории мақомоти мухталифи тафтишотӣ табдил ёфтааст. Эмом Ғоибов низ замони таҳқиқи "парвандаи исфарагиҳо" додситони шаҳри Исфара буд.

Рӯзи 15 апрели соли равон Додгоҳи олии Тоҷикистон Нур Нуров ва Рустам Олимов, додрас ва додситони собиқи парвандаи маъруф ба «исфарагиҳо»-ро мутаносибан ба 8 ва 10,5 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ҳамчунин Нур Нуровро барои пардохти 30 ҳазор доллар ва Рустам Олимовро ба пардохти 80 ҳазор доллар муваззаф кард. Додгоҳ Нур Нуровро дар қаллобӣ ва Рустам Олимов, корманди пешини ин додситонӣ ва айбдоркунандаи давлатӣ дар "парвандаи исфарагиҳо"-ро ба иловаи қаллобӣ, ба гирифтан ва додани пора бо ҳаҷми махсусан калон муҷрим шинохт.

Аммо Бахтиёр Насруллоев, ки дар гузашта вакили дифоъи «парвандаи исфарагиҳо» будааст, дар пайи судури ҳукми Нуров ва Олимов гуфт: «Аслан инҳо ҳамааш иҷрокунанда буданд. Супориш аз тарафи дигарон буд. Барои ҳамин ман ин ҳукмро ғайриқонунӣ ва яктарафа ҳисоб мекунам. Бори дигар мегӯям, ки Нур Нуров танҳо иҷрокунанда буд, ки аз боло супориш мешуд.»

Баррасии дубораи парвандаи маъруф ба «исфарагиҳо» баъд аз бозгашти мармузи Низомхон Ҷураев, собиқ раиси корхонаи кимёвии Исфара ва вакили маҷлиси вилояти Суғд дар апрели соли 2012 оғоз шуд. Ба дунболи баррасии дубораи ин парванда дар моҳи июли соли 2012 Нур Нуров аз вазифаи додраси Додгоҳи Олии кишвар бозхонда шуд. Баъдан Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон эълом кард, ки Нур Нуров тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноӣ ба "қаллобӣ дар ҳаҷми калон" муттаҳам мешавад.

Додгоҳи олӣ маҳз таҳти раёсати Нур Нуров аз моҳи июли соли 2008 то июни соли 2009 33 сокини Исфараро дар иртикоби парвандаи Низомхон Ҷӯраев аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон карда буд. Аммо чеҳраи калидӣ дар ин парванда - Низомхон Ҷӯраев – дар хориҷ дар ҳоли фирор қарор дошт. Ӯ як сол пеш ба як гунаи то ҳол мармуз ба Душанбе баргашт ва ба гуфтаи манобеъ, дар як ҳолати нимаозоду нимабоздошт ба сар мебарад. Шикори ба истилоҳ «наҳангҳо»-и калони дахил дар «парвандаи исфарагиҳо» маҳз баъди ин бозгашти Ҷӯраев оғоз ёфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG