Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иҷрокунандаҳо ҳукм гирифтанд, фармоишгарон дар паси парда монданд?


Додгоҳи олии Тоҷикистон Нур Нуров ва Рустам Олимов, додрас ва додситони собиқи парвандаи маъруф ба «Исфарагиҳо»-ро мутаносибан ба 8 ва 10,5 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ ҳамчунин Нур Нуровро барои пардохти 30 ҳазор доллар ва Рустам Олимовро ба пардохти 80 ҳазор доллар муваззаф кард.

Манобеи додситонии кули Тоҷикистон рӯзи душанбеи 15 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ Нур Нуровро дар қаллобӣ ва Рустам Олимов, корманди пешини ин додситонӣ ва айбдоркунандаи давлатӣ дар "парвандаи исфарагиҳо"-ро ба иловаи қаллобӣ, ба гирифтан ва додани пора бо ҳаҷми махсусан калон муҷрим шинохт.

Ҷунайдулло Ниёзов - айдоркунандаи давлатӣ дар ин парванда гуфт, ки ҳукм нисбати мутаҳамон одилона сурат гирифтааст: «Доири ин масъала мо дар доираи чорчӯбаи қонун, чи хеле талабот буд, аз додгоҳ пурсидем. Албатта додгоҳ аз он пурсиши мо нисбатан кам карданд». Аммо ҷаноби Ниёзов афзуд, ки ба унвони айбдоркунандаи давлатӣ аз ин ҳукм розӣ аст.

Аммо Бахтиёр Насруллоев, ки дар гузашта вакили дифоъи «парвандаи исфарагиҳо» будааст, ҳукмро ғайриқонунӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки ҳукм нисбати Нур Нуров ва Рустам Олимов «яктарафа» содир шудааст: «Аслан ман гумон мекунам, ки инҳо ҳамааш иҷрокунанда буданд. Супориш аз тарафи дигарон буд. Барои ҳамин ман ин ҳукмро ғайриқонунӣ ва яктарафа ҳисоб мекунам. Бори дигар мегӯям, ки Нур Нуров танҳо иҷрокунанда буд, ки аз боло супориш мешуд.»



Бахтиёр Насруллоев, мегӯяд, бояд тафтишот инро ҳам дақиқ мекард, ки Нур Нуров супориши киҳоро иҷро кардааст.

Мурофиаи Нур Нуров ва Рустам Олимов, ҳудуди як моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пушти дарҳи баста сурат гирифт.
Баррасии дубораи парвандаи маъруф ба «исфарагиҳо» баъд аз бозгашти мармузи Низомхон Ҷураев собиқ раиси корхонаи кимёвии Исфара ва вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар аввоили соли 2012 ба Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба дунболи барраси дубораи ин парванда дар моҳи июли соли 2012 бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Нур Нуров аз вазифаи додраси Додгоҳи Олии кишвар бозхонда шуд. Баъдан Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон эълом кард, ки Нур Нуров тибқи банди чоруми моддаи 247 Кодекси ҷиноӣ, яъне "қаллобӣ дар ҳаҷми калон" муттаҳам мешавад.

Исми Нур Нуров, собиқ додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, пас аз он расонаӣ шуд, ки аз моҳи июли соли 2008-ум то моҳи июни соли 2009-ум муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 сокини Исфараро бар ӯҳда дошт ва бо ҳукми ӯ ин афрод аз 10 то 25 сол равонаи зиндон шуданд.

Аммо чеҳраи калидӣ дар ин парвандаи ҷиноӣ, Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёвии шаҳри Исфара ва вакили пешини маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дониста мешавад, ки соле пеш баъди чандин соли фирор ба таври мармуз ба Душанбе баргашт. Шикори ба истилоҳ «наҳангҳо»-и калони дахил дар «парвандаи исфарагиҳо» низ баъди бозгашти Ҷӯраев оғоз ёфт.

Бо ин ҳол, Нур Нуров рӯзи душанбе ба «Озодагон» гуфтааст, ки ӯ дар манзили худаш қарор дорад. Бино бар ин манбаъ, то замони ба иҷро даромадани ҳукми зиндони ин додраси собиқи Додгоҳи олӣ, ӯ бо ҳамон шарти берун нарафтан аз маҳалли зист, дар озодӣ хоҳад монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG