Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Н.Абдуллоев: "Парванди Нуров дар доираи қонун баррасӣ мешавад"


Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар робита ба қазияи додрас Нур Нуров изҳори назар кард.

Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки Оҷонсии зидди фасод алайҳи додрас Нур Нуров парвандаи ҷиноӣ боз намуда, фаъолияти ӯро баррасӣ менамояд.

Нусратулло Абдуллоев, ки рӯзи ҷумъа дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, гуфт, баррасии парванда нисбати Нур Нуров дар доираи қонун сурат мегирад. Вай гуфт, ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки амали ҷиноии ӯ ба парвандаи "исфарагиҳо" ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев рабт дорад ё на.

Раиси Додгоҳи олӣ аз ҷумла гуфт: «Ваколатҳои додрас Нуров то кунун маҳдуд нашудааст, танҳо иҷозат додаанд, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардад ва ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Дар ин самт якон амалӣ бадро намебинам».

Оқои Абдуллоев афзуд: «Фикр мекунам, ки ин ҳама нишони давлати демократӣ будан ҳаст. Ҳар касе, ки гунаҳкор аст ва гуноҳи ӯ тасдиқ шудааст, бояд дар назди қонун ва мардум ҷавоб диҳад».

Маҷлиси миллии Тоҷикистон моҳи гузашта барои ба ҷавобгарии додгоҳӣ кашидани
Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев

Нур Нуров, додраси Додгоҳи олӣ ризоият дода буд. Ин дархост аз сӯи Шерхон Салимзода, додситонии кулли Тоҷикистон ба Маҷлиси Миллӣ ворид шуд ва бо иттифоқи орои аъзои маҷлис қарор қабул шуд, ки иҷозаи ба ҷавобгарӣ кашидани Нур Нуров дода шавад.

Нур Нуров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, собиқаи наздики 30-солаи корӣ дорад. Номи ӯ пас аз он расонаӣ шуд, ки аз моҳи июли соли 2008-ум то моҳи июни соли 2009-ум муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 сокини Исфараро анҷом дод ва бо ҳукми ӯ ин афрод аз 10 то 25 сол равонаи зиндон шуданд.

Бори дуввум номи ин додрас дар аввали соли 2010-ум дар робита ба қазияи додгоҳии се нашрияи мустақил - "Азия-Плюс", "Фараж" ва "Озодагон" расонаӣ шуд. Ҷаноби Нуров ҳамроҳ бо ду ҳампешаи худ ин нашрияҳоро ба тӯҳмат ва паст задани шаъну шараф муттаҳам намуда, 1260000 доллар товон хост ва гуфт, ин маблағро ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона хоҳанд кард. Дигарбора исми Нур Нуров ба саҳифаҳои матбуот бо бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев, раҳбари пешини Корхонаи кимиёи Исфара ва вакили собиқи маҷлиси вилоятии Суғд ба Тоҷикистон роҳ ёфт. Гуфта мешавад, ки тафтиши парвандаи ӯ ба қазияи атрофи Ҷӯраев марбут аст.

Бино ба гуфтаи манобеи наздик ба ҳукумат, ҳангоми тафтиши парвандаи Ҷӯраев ва гурӯҳи "исфарагиҳо" аз сӯи Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод
Фаттоҳ Саидов

Фаттоҳ Саидов

гумонҳое дар робита бо фаъолиятҳои додрас Нуров ҳам эҷод шудааст.

Вале то ҳол ин оҷонс аз шарҳи қазияи Нуров худдорӣ мекунад. Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон як рӯз қабл аз тасмими Маҷлиси Миллӣ гуфта буд, ки то фароҳам омадани мавриди муносиб дар бораи иттиҳомот алайҳи Нур Нуров расонаӣ намешаванд: "Ӯ ҳамчун додрас иммунитет - дахлнопазирии қонунӣ дорад. Имкони ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ фароҳам мешавад, вақте Маҷлиси Миллӣ ризоияти худро дод. Пас қазияи ӯро ҷиддитар мегирем ва таҳқиқ мекунем."

Ҳарчанд ҳанӯз натиҷаи таҳқиқоти парвандаи Нуров мушаххас нест, вале дар гузашта ишораҳое ба нақши ӯ дар "парвандаи исфарагиҳо" дар расонаҳо ошкор шуда буд. Собиқ додситони кул Бобоҷон Бобохонов 7-уми июли соли 2009-ум изҳор дошта буд, ки ҳукми сокинони Исфара як навъи "говсуд" аст ва ӯ алайҳи додраси парванда Нур Нуров парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад кард. Аммо парвандаи ҷиноӣ он замон боз нашуд ва худи додситони кул аз сари кор рафт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG