Пайвандҳои дастрасӣ

Як шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон рӯзи 15 декабр дар шӯъбаи ҳафтуми пулиси шаҳри Воронежи Русия даргузаштааст.

Сухангӯи пулиси шаҳри Воронеж рӯзи 16 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, дар қиболи марги шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаи пулис тафтиши хидматӣ шурӯъ шудааст. Вале Людмила Жданова ба Озодӣ гуфт, хулосаи ниҳоиро танҳо баъди анҷоми ин тафтиш хоҳанд гуфт, вале ҳанӯз далоиле дар даст нест, ки аз вуҷуди кадом аломати шиканҷа дар ин қазия дарак диҳад.

Пулиси Воронеж мегӯяд, ин муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия боздошт шуда буд, вале ҳангоми тартиб додани протоколи маъмурӣ ногаҳон аз ҳуш рафт. Бино бар ин манбаъ, маъмурони пулис ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонда, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро низ даъват кардаанд. Вале табибон замоне расидаанд, ки ин шаҳрванди тоҷик алакай ҷон додааст. Людмила Жданова мегӯяд, иллати марги ин боздоштшударо ташхис ё экспертизаи тиббиву додгоҳӣ муайян хоҳад кард.
Ин дувумин мавриди марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар шӯъбаҳои пулиси Русия дар ду ду рӯзи охир аст.

Рӯзи 14 декабр як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси шаҳри Домодедовои вилояти Маскав даргузашт. Мақомоти пулис гуфтаанд, ки ин мард дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли маводи мухаддир қарор доштааст. Ӯро соати 16-20 ба бемористони шаҳри Домодедово овардаанд, вале ӯ аз табобат даст кашидааст. Пулис мегӯяд, ин шаҳрванди тоҷикро барои таҳқиқи бештар ба шӯъбаи пулис оварданд, вале соати 23-10 ӯ баногоҳ даргузашт. Пулис мегӯяд, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кард, вале ӯ ҳанӯз то расидани табибон ҷон додааст.

Мақомоти пулис мегӯянд, дар бадани шаҳрванди тоҷики фавтида ягон аломати шиканҷа дида намешуд, вале Кумитаи тафтишоти Русия дар сомонааш хабар додааст, ки дар қиболи марги шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси Домодедово таҳқиқи пешакӣ шурӯъ шудааст ва бар асоси хулосаҳои ин тафтиш ва маълум шудани иллати марги ин шаҳрванд қарор хоҳанд кард, ки тафтишро идома диҳанд ё на.

Шумори шаҳрвандони тоҷике, ки ҳар сол барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба Русия мераванд, аз 1 то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад. Бино ба ҳисобҳо, муҳоҷирони тоҷик дар 10 соли охир ба ватан 19 миллиард доллар пул фиристодаанд. Ин маълағҳо як омили асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ эътироф шудааст.
ин қазия низ тафтиши хидматӣ оғоз кардаанд.

Аммо ҳар сол танҳо аз Русия ҷанозаи то 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар тобут ба ватан бармегардад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар бар асари ҳамлаҳои қавмгароён, фалокатҳои фаннӣ бахусус дар сохтмонҳо, садамаҳои нақлиётӣ, ҷамъе ба иллатҳои табиӣ, мисли бемориҳо, даргузашта ва ҷамъе ҳам аз дасти ҳамватанони худ кушта мешаванд. Аммо ин барои бори аввал аст, ки дар зарфи ду рӯз ду шаҳрванди тоҷик дар Русия дар боздошт ҷон медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG