Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарое, ки бо марги як муҳоҷир анҷомид


Пули Литейнии Санкт-Петурбург
Пули Литейнии Санкт-Петурбург

Дар шаҳри Санкт-Петербург дар паи занозании миёни тоҷикҳову озариҳо як марди тоҷик ба ҳалокат расид.

Шаби гузашта барои муҳоҷирони кории муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия шаби сангину тӯлоние буд - кормандони полис ва Хадамоти муҳоҷирати ин шаҳр дар як амалиёти вижа 103 муҳоҷири ғайриқонуниро ошкор ва боздошт карданд.

Амалиёт ба думболи занозании миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Озарбойҷон дар хиёбони Обуховская оборона сурат гирифт. Дар ин бархӯрди қавмӣ, ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, аз ҳар ду ҷониб тақрибан 20 нафарӣ ширкат доштанд. Бар иттилои бархе манбаъҳо, дар ин ҳодиса ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, шаш нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.


Аммо Аҳтамбек Маҳмудов, масъули ҷамъияти тоҷикон “Сомониён” хабари ҳалокати фақат як шаҳрванди Тоҷикистонро ба Радиои Озодӣ тайид кард ва гуфт, ки марди ҷонбохта Дилшод ном дорад ва зодаи ноҳияи Ваҳдат буд. Аҳтамбек афзуд, ки дар робита ба ин низоъи қавмӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам боздошт шудаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Аммо ин ҳодиса чӣ гуна рӯх дод? Расонаҳои Русия менависанд, ки баъд аз бозии футбол тоҷикҳову озариҳои муқими шаҳр вориди таниши лафзӣ шуданд, ки баъдан ба занозанӣ печид. Ба иттилои онҳо, кормандони полис ва ҳатто мошинҳои сухторнишонӣ то вуқуи занозанӣ ба ҷойи ҳодиса омаданд, вале бо чӣ далеле полис аз сар задани он ҷилавгирӣ накард. Аммо Ватаншоҳ, як шоҳиди ин ҳодиса, ба мо гуфт, ҳодиса аз он шурӯъ шуд, ки озариҳо ба моҷарои як зану шавҳари тоҷик мудохила карданд. Тоҷикҳо, дар навбати худ, аз онҳо хостанд, ки кордор нашаванд, мавзӯъро худи тоҷикҳо ҳал мекунанд.

“Вақте ман ба он ҷо расидам, бачаҳои моро зада буданд... Мо ҳамагӣ ҳашт нафар он ҷо рафтем, фикр кардем, ки шояд ягон мурда шудааст. Вале он ҷо тақрибан сад озарӣ буданд, ки дар даст корду калтак доштанд ва ба мо ҳамла карданд”, мегӯяд Ватаншоҳ.

Аҳтамбек Маҳмудов ба мо гуфт, ки ин нахустин чунин занозании миёни тоҷикҳову озариҳо дар Санкт-Петербург дар чанд соли ахир аст. Ӯ афзуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи хушунат ва бархӯрдҳои нав бо раҳбарони ҷамоаи озариҳо дар шаҳр гуфтугӯ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG